ҒОЯҲОИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И А. ФИРДАВСӢ

ҒОЯҲОИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И А. ФИРДАВСӢ

 

«Шоҳнома» бузургтарин асари бадеӣ аст, ки саршор аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯсти, мебошад. Он зери нуфузи ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳӣ, истиқлолҷӯӣ, фарҳанги бузурги Эрони бостон навишта шудааст ва ифтихори миллии эрониён (тоҷикон)-ро бо эҳсоси ватандӯсти, озодихоҳии мардуми эронитабор пайваст сохта аст. Ватан ва васфи он шарифтарин ғоя барои мардуми бузурги фарҳангу адаби тоҷикон аст. Аз «Шоҳнома» дида балантар баёни эҳсосоти ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар адабиёти тоҷик вуҷуд надорад:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш, 

Аз зану кӯдаки худу пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки гетӣ ба душман диҳем.

Фирдавсӣ на фақат ватанро васф мекунад, бо алфози дилкашу баланпоя, бо эҳсоси ниҳоят дилчаспи ватанхоҳӣ, балки появу симои устувору гаронмояи ин Ватани азизу худро, ки фарҳанги бемислу фарзандони шуҷоъу далер ва бузурманиш дорад, дар кохи бузурги назми худ «Шоҳнома» тасвир намудааст. Ватане, ки биҳиштосо, ободу зебо, миҳани қаҳрамонон ва бузургон будааст, вале бо омадани сели бадавиён ва бефарҳангиён, коҳиши бузурги фарҳангӣ пайдо кардаасту шикасти бемисл дидааст ва шоир метарсад, ки он ба харобазору бешаи палангон табдил меёбад.

 

Дареғо, ки Эрон вайрон шавад,

Куноми палангону шерон шавад.

Ҳама ҷойи ҷанги саворон будӣ,

Нишастагаҳи шаҳриёрон будӣ.

 

Харобиҳои ба Эрон ворид шударо ба ҳуҷуми араб алоқаманд сохтааст, вале асли манзури «Шоҳнома» ҳамаи истилогарон аст, ки аз ибтидои ислом шурӯъ шуда то ба ҳол, яъне замони Фирдавсӣ идома доштааст, истилои турку ғайри арабҳо низ ба ободии Эрон, давлатдории он шикаст ворид сохтаанд. Ҳарчанд ҳуҷуми онҳо натиҷаҳои нанговар дошта бошад ҳам, аммо он харобихоеро, ки арабҳо оварданд, фарҳанги бузурги  Эронро маҳдуд сохта, ғояи бузургманишии эрониён шикастанд, аз ҳар ҳамлаи дигар азимтар будааст ва маҳз дар муқобили миллатгароёии араб бузургии Эрону эрониёнро шоир хостааст  васф кунад ва ба дидори шуми истилогарон нафрат хонад. 

 

Надорам тарсе зи тозиён,

Ки дида зи дидашон дорад зиён.

 

Фирдавсӣ дар замоне зиндагӣ кардааст, ки арабгароӣ то ба ҳол кам нашуда буд. Аввалан, қудрати ҳилофат пой бар чой буда, имкони рушди мустақалияти давлатҳои миллиро маҳдуд месохт. Ҳар давлати миллӣ барои расмӣ шуданаш розигии халифаро бояд дар даст медошт, дигар, аз ҳама муҳим он буд, ки барои оммаи васеи меҳнаткашон араб будан муҳим ва боиси ифтихор буд, на эронӣ будан, алалхусус дар равияҳои ғоявӣ ва сиёсӣ. Ҳар кас барои эътибори динӣ ва сиёсӣ пайдо кардан талош мекард, ки дар шакле нисбати худро ба аъроб нишон диҳад ва ин ба ҳисси миллатдӯстии Фирдавсӣ таъсири сахти манфӣ мерасонд, шаъни миллии мардуми эронинажодро паст мезад. Ба қавли муҳақиқи шинохтаи эронӣ, ки «Шоҳнома»-ро таҳлили ҷиддии илмӣ кардааст ва аз осори Фирдавсӣ огаҳии комил дорад, М. Риёҳӣ, эрониён аз қудрати дуршуда ба шикаст дучор шуда буданд ва мехостанд ба воситаи илми замони хилофат ва нуфузи ислом ва истифодаи пайванди арабӣ доштан шаъну эътибори миллии худро барқарор созанд [2, с.323]. Зидди чунин андеша, ки ба ҳиссиёти миллии намояндагони бошарафи миллат иснод меовард, Фирдавсӣ бефарҳангӣ, бадавӣ, барбарияти арабҳоро нишон додааст:

 

На тахту на дийҳим бинӣ на шаҳр,

Зи ахтар ҳама тозиёнрост баҳр.

Бипӯшанд эшон гурӯҳе сиёҳ,

Зи дебон ниҳанд аз бари сар кулоҳ.

 

Фирдавсӣ на фақат ботини тозиёнро холӣ аз фарҳангу илму дониш, ғановати маънавӣ мебинад, балки зоҳири онҳоро ҳам дар шакли кареҳ ва зишт тасвир кардааст. Илова бар ин Фирдавсӣ истифодаи либосро нишонаи фарҳанг дониста, ранги либосро ба дараҷаи инкишофи тамаддуни он халқ нисбат медиҳад. Дигар ин ки ҳар навъу ранги либос оҳанги идеологӣ қариб дар ҳама асру замонҳо доштааст. Либоси сиёҳ ба тиълимоти динҳои сомӣ хос буд. Дини ислом ҳам аз ин ранг истифода карда, ба он ҳамоҳангии миллӣ ва ҳам идеологӣ додааст. Дар натиҷа дар муқобили ин ранг мухолифонаш аз рангҳои дигар истифода кардаанд, масалан сарбадорон ранги сафед, яъне «сафедҷомагон», ҷунбиши хурамдинон чомаи сурх ва ғайраро мепӯшиданд. Ҳамчунин либоси занҳои араби саҳронишин ҳиҷоб, ки тамоми узвҳои онҳоро аз сӯзиши нури офтоб пинҳон медошт ва он хам бо ранги сиёҳ либоси ин қавм будааст. Сатр дар ислом вуҷуд дорад, тарзи ҳаёт ва либоси занонро таъкид мекунад ва таълимоти ислом талош кардааст бо одати аъроб ихтилофи ҷиддӣ надошта бошад. Имрӯз вақте занҳо ҳиҷоби сиёҳ мепӯшанд, тақлиди дониста ва ё надониста аз ин одат мекунанд. Сатри исломӣ гарчи воҷиб аст, аммо иҷрои он ба воситаи ҳиҷоби сиёҳ шарт нест. Имрӯз вақте эътирозҳо зидди ин либос мешаванд, ҳечгоҳ набояд гумон бар он бошад, ки он бар зидди ихтиёрдории занҳо ба кадом либос пӯшидан ва ё озодии онҳоро маҳдуд кардан ё манъи сатр аст, балки зидди он аст, ки баъзе занҳо бо ин либос афзалияти диндории худашонро бар дигарон намоиш доданӣ шуда дигаронро, ки чунин либос надоранд, аз ислом хориҷ ва ё эътиқодманди камтари ислом медонанд ва зиддияту ихтилофҳоро эҷод мекунанд. Қонуни ҷумҳурӣ зидди чунин ҷудоиандозиҳо ва ангехтани ихтилофҳо мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба ҳамин хотир, барои иҷрои талаботҳои қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин самти фаъолият дорад, на ба хотири муборизаи зидди дин. Дар ҷумҳурӣ бар зидди дин хеч гуна мубориза бурда намешавад, на дар доираи қонун ва на дар амал.

Миллатдӯстии Фирдавсӣ ба эҳё ва зинда кардани ҳисси ифтихори миллӣ нигаронида шудааст ва бо васфи арзишҳои сиёсию фарҳангии эрониён эҳсоси ифтихорро барояшон мехоҳад эҳё намояд ва мехоҳад таъкид созад, ки бо чунин фарҳанги пурғановат, табъи баланду шаҳомат набояд худро хору залил ва нотавон сохт, яьне мақсади Фирдавсӣ таҳқири миллате, аз ҷумла араб нест, балки чун дар давраи Фирдавсӣ эрониён аз ҷониби арабҳо таҳқир мешуданд, бинобар ин танқиди сифатҳои зишти онҳоро дар асараш дода, даъват ба миён овардааст, ки ба онхо напайванданд, балки шаҳомату бузургии худро нигоҳ доранд, ба ҳамин хотир ҳам ба танқиди сахти одатҳои арабҳо дар назмаш роҳ додааст:

 

Аз ин морхор аҳриманзодагон,

Зи доноию шарм бебаҳрагон.

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

 

Муҳаққиқи барҷастаи «Шоҳнома» М. Риёҳӣ бисёр хуб баён кардааст, ки он чӣ дар «Шоҳнома» баён шудааст, барои ҳамбастагию якпорчагии миллӣ ва васфи ормони миллӣ даъват мекунад на бар зидди миллате, аз чумла араб. Дигар мазмуни муҳими ифтихори миллии Фирдавсӣ робитаи ногусастанӣ доштани ифтихори миллӣ бо ватандӯстӣ аст. Е.Э. Бертелс муҳаққиқи барҷастаи осори ниёгони эрониён (тоҷикон) чунин менависад, ки Фирдавсӣ тамоми ишқи сӯзони қалби поки худро ба ватани хеш вақф карда буд ва «Шоҳнома»-ро бо хуни дил навишт ва ба ин қиммат харидори муҳаббату эҳтироми миллат нисбат ба худ гашт [1, с.127]. М. Риёҳӣ ба “Шоҳнома” мафтун шуда, назми Фирдавсиро ба ғиреву ғурриши амвоҷи уқёнуси бекарон монанд карда, хизмати Фирдавсиро ба ватанаш аз ҳар бузурги адабиёти оламшумули точику форс арзишмандтар донистааст [2, с.374]. 

Сатрҳои «Шоҳнома» бо хуни дили пурҳарорати шоири ватанпараст, миллатдӯст навишта шудааст. Ба посбонони кишвар чун Рустами Достон нидо додааст:

    Зи шири шутур хӯрдану сусмор,

    Арабро ба ҷое расидааст кор,

    Ки тахти каёнро кунанд орзу,

    Тфу барин чархи гардун, тфу.

 

Масъалаи муҳиме, ки аз ин гуфтаҳо бармеояд он аст, ки Фирдавсӣ арабу исломро як намедонад. Эътирози ӯ зидди арабҳои истилогар ва миллатчиёни араб аст на зидди ислом. Ислому арабро комилан ҷудо мекунад. Ҳарчанд ки дини гузаштагони худро васфу ситоиш карда бошад ҳам, исломро мавриди таҳқир ё танқид қарор надодааст. Ӯ худ ҳакимест мусулмон ва пойбанди мазҳаби шофеӣ. Ба худ ҳеҷ дини дигарро ба ҷуз ислом раво намедидааст. Аммо онҳоеро, ки дар муқобили шуубия, яъне мардуми ғайри араб худро боло дониста, аз мансубияти худ ба ислом ифтихор карда, дигаронро паст зада, ба таллаю тороҷ машғул буданд, сарзаниш кардааст, ки ин аз имондории поки ин бузургвор шаҳодат медиҳад.

Васфи подшоҳону қаҳрамонони Эронзамин барои муқобил гузоштани он давра ба ислом нест, балки ободию фарҳанги он давраро бо харобиҳои давраи истилои арабу турк муқобил гузоштааст. Ин кор дар адабиёти тоҷик фақат хоси Фирдавсӣ набуд, балки ҳамаи мутафаккирони пешқадами тоҷику форс чунин андешаро дар асарҳояшон баён доштаанд.

Фирдавсӣ ба бадавияти аъроб ғояи эроншаҳриро, ки асли ҳаракати шуубия ва таълимоти онҳоро ташкил мекард, мухолиф мегузорад. Зиндагии муқимиро ба бадавият муқобил мегузорад. Дар баробари Фирдавсӣ дигарон низ пояи устувори фарҳанг ва тамаддунро зиндагии муқимӣ медонанд. Ба гуфти муҳаққиқони таърих фарҳанг аз кӯлбаи барзгар огоз меёбад. Ибни Халдун, ки аз шинохтатарин муҳаққиқони фарҳанг ва таърих дар асрҳои миёна аст, чунин мешуморад, ки эрониён бунёдгузорони гавҳораи тамаддуни Шарқи наздик ва Миёна ҳастанд. Чун дар хилофати исломӣ эрониён пешсаф буданд, тамаддуни хилофат бо химмату талоши эрониён ба вучуд омад. Ба кавли Эрнест Ренан агар донишмандони эронӣ ва осори бақияи эшон набуд, тамадуни исломӣ ба сурате, ки акнун дорад, намебуд ва бадин сабаб тозиён ва мусулмонон кӯшишҳои эрониёнро дар боби таквини тамаддуни худ тақдир кунанд ва арҷ ниҳанд [4, с.94-100]. Ин воқеияте буд, ки дар хилофат дар асри VIII ва минбаъд дар асри IX ва Х сурат гирифт. Аммо милатчиёни араб ва ҳокимони хилофат онро дуруст қабул надоштанд, ки аз ҷониби озодихоҳони  миллатдӯст ба ин падидаи номатлуб муқовимат карда шудааст. 

Ҳамчунон ки  таърих гувоҳ аст, талошҳои миллатдӯстона ва васфи ҳувияти миллии эрониён на танҳо садои дили шоири бузург буд, балки садои дили мардуми оддӣ низ буд, ки бо садои дили шоир ҳамсадо гаштааст. Ҳамчунон ки «Таърихи Бухоро» шоҳидӣ медиҳад, мардуми Бухоро маросимҳое доштанд, ки бузургони миллати худ, санаҳои муҳимми таърихи миллати худро пост медоштанд. Масалан, расму оинҳои қадима чун пештара ҷашн гирифта мешуданд, хотираи қаҳрамонони худро бо иҷрои маросимҳои гуногун зинда нигоҳ медоштанд,сулолаҳои шоҳони худро қадр мекарданд. Аз чумла, мардуми Бухоро дар куштани Сиёвуш навҳаҳо доштанд, ки онҳоро месуруданд, шоҳномахонӣ мекарданд, наврӯзу дигар ҷашнҳои миллиро ботантана ҷашн мегирифтанд. Фирдавсӣ донишу илмро хоси миллати худ дониста дар «Шоҳнома» онро бо бедонишӣ ва ҷаҳолати истилогарон муқобил мегузорад. Воқеан, илму дониш хоссаи эрониёни тоисломӣ будааст. Ба қавли муҳақиқон эрониёни тоисломӣ дорои дониши баланду маъруф дар илмҳои дақиқ ва фалсафа будаанд. Аз ҷумла, мутафакирони маъруфи тоисломӣ Бузургмеҳр, Павели форс ва дигарон шӯҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Бузургмеҳр қариб дар ҳамаи соҳаҳои илм дастовардҳое доштааст ва дар фалсафа ва ахлоқ тадқиқотҳои муҳиме анҷом додааст. Дар ин давра омӯзиши илмҳои дақиқ, мантиқ ва фалсафа хеле тавсиа пайдо карда буд. Аз ҷумла мантиқро воситаи муҳим ва абзори донистани ҳақиқат медонистаанд ва аз ин сабаб ба рушди он аҳамияти хосса дода мешуд. Бузургтарин бозёфти эрониён, ки дар динашон ҳам зуҳур кардааст ахлоқ мебошад. Зиндагии эрониён ҳамеша бо бори ҳисси баланди ахлоқӣ зиннат дода шуда буд. Бинобар ин «Шоҳнома» хусусияти ахлоқии эрониёнро зикр карда хушахлоқии эрониёнро дар ҳама ҳолатҳо чи дар зиндагии муқарарӣ, чи дар баҳсу набард васф кардааст. «Шоҳнома» харобиҳоеро, ки ба кишвари эрониён истилогарон оварда буданд, бо афсусхӯриҳои шоирона зикр карда, ваҳшонияти арабҳоро таъкид намудааст. Ба қавли қариб ҳамаи муҳақиқон истилои араб харобиҳои шадиде ба миллати Эрон овардааст, ки барқарор кардани онҳо қисман агар дар тӯли се аср муяссар шуда бошад, қисми дигари дастовардҳои худро эрониён аз даст додаанд. Китобхонаҳо, ёдгориҳои қадима пурра нобуд карда шудаанд. Хадафи арабҳои истилогар пурра нобуд қардани фарҳанги тоисломии мардумони эронинажод буд ва дар ин кор ҳеҷ кутоҳие намекардаанд. Хамаи ин хислатҳо баёни худро дар «Шоҳнома» пайдо кардааст, то эрониён аз ин зарарҳои расида ба хуби огаҳ бошанд, баҳри эҳёи миллату фарҳанги худ талош кунанд. Ва ин воқеаи ҳам дар замони ҳукмронии аъроб ба эрониён то ҳадде муяссар шудааст. Эрониён на танҳо ба илми ворида, яъне илми аз дигарҳо ба хилофат ворид шуда, қабл аз ҳама Юнон, балки дар улуми исломӣ ҳам аз саромадани он шуданд. Намунаи онро мо метавонем дар сӯҳбати Аъто бо халифа мушоҳида намоем: “Эй Абуато! Роҷеъ ба илмҳои сарзаминҳои исломӣ маълумот дорӣ? Гуфтам: Бале, эё амирулмӯъминин. Гуфт: фақеҳи Макка кист? Гуфтам: Ато ибни Абирибоҳ. Гуфт: арабӣ аст ё аҷамӣ. Гуфтам: аҷамӣ аст. Гуфт: Пас, фақеҳи мардуми Яман кист? Гуфтам: Товус Ибни Кайсон . Гуфт: арабӣ аст ё аҷамӣ. Гуфтам: аҷамӣ аст. Гуфт: фақеҳи мардуми Ямома кадом касе аст? Гуфтам: Яҳё Ибни Касир. Гуфт: арабӣ аст ё аҷамӣ? Гуфтам: аҷамӣ аст. Гуфт: пас фақеҳи мардуми Шом кадом касе аст? Гуфтам: Масҳул. Гуфт: арабӣ аст ё аҷамӣ? Гуфтам: аҷамӣ аст. Гуфт: фақеҳи мардуми Алҷазира кист? Гуфтам: Маймун Ибни Илҳом.гуфт: арабӣ аст ё аҷамӣ? Гуфтам аз Аҷам. Гуфт: фақеҳи Хуросон кист? Гуфтам: Захҳок ибни Муҳоҷим. Гуфт: араб аст ё аз Аҷам? Гуфтам: аҷамӣ аст. Гуфт: пас фақеҳи мардуми Басра кист? Гуфтам: Ҳасан ва ибни Сирин. Гуфт: арабианд ё аҷамӣ? Гуфтам: аҷамӣ. Гуфт: фақеҳи мардуми Куфа кист? Гуфтам: Иброҳим Нахай. Гуфт: араб аст ё аҷамӣ? Гуфтам: араб аст. Гуфт: агар аз яктои арабӣ ном намебурдӣ, наздик буд бимирам [3, с.6]. 

На фақат дар фиқҳ, балки дар улуми дигар ҳам дар асри IX-X олимони эронӣ хеле бештар ва шӯҳратмандтар аз араб буданд, мисли Ҷобир ибни Ҳаён (дар шимӣ), Абубакри Розӣ, Берунӣ, Муҳамадюсуфи Хоразми, Ибни Ҳайсам дар ҳайат ва риёзиёт, Форобӣ, Ибни Сино, Аҳмад Сарахсӣ дар аксари илмҳои замони худ аз бузургони Аҷам буданд .

Исломе, ки дар нимаи асри VIII шакл гирифт, дар бархӯрд ба тамадуни эронӣ инкишоф ёфт, такмилёфтаи ақвоми эрониён (тоҷикон) буд, ки шеваи соддаю саҳроии исломро тағйир дода, онро дар партави тамаддуни эрониён ва дигар тамаддунҳои хилофат парвариш доданд. Намунаи он фиқҳи Абуҳанифаи тоҷик аст, ки раъй мустақил ва истидлолро барои исботи меъёрҳои фиқҳӣ яке аз воситаҳои асосӣ қарор дод. 

Фирдавсӣ тамаддуни эрониёнро на аз нигоҳи фиқҳӣ, балки чун хислати шоистаи эрониёни тоисломӣ ба қалам додаст. Ӯ, ҳатто, дини қадими эрониёнро ҳам азизу муътабар медонад:

 

Моро аз дини куҳан нанг нест

Ба гетӣ беҳ аз дини Ҳушанг нест 

 

Дигар ҷиҳати ифтихори миллии Фирдавсӣ дар он зоҳир мешавад, ки ӯ забони тоҷикӣ-форсиро такмил дода, онро ба сатҳи баланд бардошта, бою ғанӣ намуда, хислати миллати мутамаддин сохтааст. Дар ин роҳ, албатта, Фирдавсӣ ягона набуд, адибону олимони машҳури тоҷик ба ин кор талош кардаанд, вале хизмати Фирдавсӣ дар онаст, ки ӯ ба ҷои вожаҳои арабиасл вожаҳои тоҷикиро истифода карда, то тавонистааст, забонро аз олудагӣ бо забони арабӣ покиза нигоҳ дорад. Дар исм тифодаи забон ҳам Фирдавсӣ ба миллатдӯстии худ боқӣ мондааст, забони ноби тоҷикиро чунон зиннат бахшидааст,ки намунаашро дар осори дигар бузургони илму адаб қариб мушоҳида намекунем. Бо вуҷуди ифтихороти баланди миллӣ, милатдӯстии бемисли худ ӯ ҳеҷ гоҳ миллатеро паст назадааст ба ҷуз истилогарони арабу турк. Ҳатто умед дорад, ки аз омезиши эронию турку араб шояд гурӯҳе ба вуҷуд биёяд, ки парчамбардори мардуми ин минтақа гарданд.

Таҳлили мухтасари масъалаҳое, ки чун ғояҳои ифтихороти миллӣ дар «Шоҳнома» дарҷ ёфтаанд, воқеан сабаби ифтихори ҳар миллат метавонанд бошанд. Инҳо иборатанд аз рӯҳияи озодхоҳии миллат, ки дар ин ҳамосаи миллӣ дар образи шоҳону қаҳрамонон, муборизаи онҳо барои озодӣ тасвир шудааст. Муборизаи озодихоҳона бар зидди истилогарон тасвири ҳамаҷонибаи худро пайдо кардааст ва ин муборизаро Фирдавсӣ барои нигоҳ доштани шаъну эътибори миллат зарур медонад ва дар асоси нишон додани симои манфури истилогарон ин муборизаро барҳақ шуморидааст. Дигар эътибору бузургии миллати худро дар фарҳанг, забон, расму одатҳо, давлатдорӣ, ҳусну одоби миллат, ҳатто дини он тасвир кардааст ва дар ҳама масъалаҳои зикршуда афзалияти эрониён (тоҷикон)-ро нишон додааст. Он масъалаҳоеро зикр кардааст, ки боиси ифтихори ҳар миллат аст.

Имрӯз ба «Шоҳнома» муроҷиат карда, аз он панд гирифта, мо бояд ифтихори миллии худ, ватандӯстӣ, азиз доштани забону арзишҳои миллии худро мисли ин нобиғаи адаби форсӣ, мисли ин ҷонсупори миллати худ чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва ба ин арзишҳо бо ғайрату талоши дучанд арзишҳои тозаи муосирро зам намоем ва кишварро аз ҳар гуна таҳдидҳо, ба хусус таҳдидҳои ифротгароёни исломӣ ҳифз намоем ва мардумамонро на фақат аз арзишҳои миллии худ, балки аз арзишҳои волои умумибашарӣ бархурдор созем. 

 

АДАБИЁТ:

1. Бертельс Е.Э. История персидской литературы. М., 1996. 

2. М.Риёҳӣ. Фирдавсӣ. Душанбе, 2014. 

3. Маноқиби Маккаӣ. 

4. Ҳонна ал- Фохурӣ ва Халил Ҷар. Таьрихи фалсафаи исломӣ. Теҳрон, 1382. 

 

С. Аҳмадов - мутахассиси пешбари Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика