ҚАДРИ ВАҚТ

Агар шумо қадри умрро донистан хоҳед - аз шоҳпаракҳо пурсед.

Қадри 10 солро донистан хоҳед – аз марди 30 сола пурсед, ки дар синни 20-солагӣ маъюб шуд.

Қадри 1 солро донистан хоҳед – аз донишҷӯе пурсед, ки аз имтиҳон нагузашт.

Қадри як моҳро донистан хоҳед – аз модаре пурсед, ки кӯдакаш дар 8 моҳагӣ таваллуд шуд.

Қадри як рӯзро донистан хоҳед – аз деҳқоне пурсед, ки ҳосилаш дар зери борони тирамоҳ монд.

Қадри як соатро донистан хоҳед - аз фарзанди ботарбияе, ки дер ба хона омадааст, пурсед.

Қадри панҷ дақиқаро донистан хоҳед – аз мусофире пурсед, ки аз қатор дер мондааст.

Қадри як дақиқаро донистан хоҳед – аз танҳое, ки интизори меҳмон аст, пурсед.

Агар қадри аз даҳ як миқдори як дақиқаро донистан хоҳед – аз ронандае пурсед, ки беморро ба беморхона мебарад.

Яндекс.Метрика