Қиссаи Анӯшервони Одил ва пирамарде, ки дарахти чормағ мешинонд

Анӯшервони Одил ба роҳе мегузашт. Пире дид,ки чормағз мешинонд. Истод ва гуфт:
- Эй пир! Магар туро аз деҳқонӣ хабаре нест? Нашнидаӣ, ки дарахти чормағз баъд аз сӣ сол бор меоварад?
Пир гуфт:
- Шоҳо! Дигарон коштанду мо хӯрдем,мо бикорем то дигарон хӯранд...
Ин ҷавоби пир Анӯшервонро хуш омад ва гуфт: - Зеҳ !!! (аҳсан)
Ҳар гоҳ Анӯшервон бо «зеҳ»-и таҳсин ба касе офарин мегуфт, хазинадор ба вай ҳазор ашрафӣ медод. Чун пир пулро гирифт ва ханда карду гуфт:
- Шоҳо ! Шумо гуфтед, ки ин дарахт баъд аз сӣ сол бор медиҳад... Ҳол он ки бо шарофати адли Шумо ҳамин соат бор дод)
Анӯшервон гуфт: - Зеҳ!
Хазинадор ба ӯ ҳазор ашрафии дигар дод.
Пир боз гуфт:
- Ҳар дарахте, дар як сол як маротиба бор медиҳад. Ин дарахти ман дар як замон ду маротиба бор дод.
Анӯшервон хандон шуд ва боз ҳам гуфт: - Зеҳ!
Хазинадор боз ба ӯ ҳазор ашрафии дигар дод ва гуфт:
- Биронед, ки ин пиракӣ хазинаи моро холӣ хоҳад сохт...

Бадоеъ-ул-вақоеъ

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика