Қиссаи аспи Абуалӣ Сино...

Нақл аст, ки шайх Абуалӣ Сино вақте аз сафараш ба ҷое расид, аспашро ба дарахте баст ва коҳ пеши ӯ рехт ва суфрае пеши худ боз кард то чизе бихурад. Рустоии харсавор онҷо расид. Аз хараш фуруд омад ва хари худро дар паҳлуи аспи Абуалӣ Сино баст то дар хурдани коҳ шарики ӯ шавад ва худ рӯй бар шайх ниҳод то бар сари суфраи ӯ нишинад.
Шайх гуфт: -Харатро дар паҳлуи апси ман набанд, ки ҳамин дам лагад бизанад ва пояш бишканад.
Рустоӣ он суханро нашунид ва бо шайх ба нон хурдан шуруъ кард.
Ногаҳон асп лагаде зад.
Рустоӣ гуфт: Аспи ту хари маро ланг кард.
Шайх сокит шуд ва худро лол (гунг) вонамуд кард.
Рустоӣ ӯро кашон - кашон назди қозӣ бурд.
Қозӣ аз ҳоли ӯ савол кард. Шайх ҳамчунон хомуш буд.
Қозӣ аз марди рустоӣ пурсид:
-Ин мард лол аст?
Рустои гуфт:
-Ин лол нест, балки худро чуние вонамуд мекунад то тавони хари манро напардозад, пеш аз ин бо ман сухан гуфта буд.
Қозӣ пурсид:
-Бо ту сухан гуфт, чи сухане?
Марди рустои ҷавоб дод:
-Ӯ гуфт, ки харатро канори аспи ман мабанд, ки лагад бизанад ва пояш бишканад.
Қозӣ хандид ва бар дониши шайх офарин гуфт...
Шайх посухе гуфт, ки аз он лаҳза баъд дар забони порсӣ чун зарбулмасал паҳн гашт. Яъне "ҷавоби аҳмақон сукут".

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика