Қиссаи марди коргар ва доруфурӯш

Коргаре ба дорухона ворид шуд ва аз
доруфурӯш хоҳиш намуд:
- Оё Шумо равған (маз) барои обилаи даст ва харошаҳои даст, ки ҳангоми бо семент ва қум ки пайдо мешавад доред?
Доруфурӯш ғазабомез ба ӯ хандид ва гуфт:
- Ҳа, мо равған барои санг ва оҳан ҳам дорем.
Марди коргар, ки содда буд ба кинояи
доруфурӯш сарфаҳм нарафт гуфт:
- Оё Шумо метавонед ба ман сифати аълои мазро диҳед?
Доруфуруш гуфт:
- Ба мо фақат сифатҳои аъло ворид мешаванд.
- доруфурӯш дар идома бо саросемагӣ ҷавоб дод - Ин қимат аст, ман пешакӣ мегӯям (зери лаб табассум намуд).
Коргар дастони худро дар назди доруфуруш бардошт ва ба вай гуфт:
- Ман дар сохтмон бо семент кор мекунам. Дар дасти ман харошаҳои семент ва қум аст, ман наметавонам бо ин дастон ба рӯйи духтари хурдиам даст занам, чун ӯро нороҳат мекунам.
Агар сифати аълои доруро, Шумо ба ман диҳед ва он харошаҳои сементро тоза намояд, ман онгоҳ метавонам ҳар бегоҳ фарзандонамро бо ин дастон дӯстдори бикунам зеро ман ба онҳо ва онҳо ба ман зарурат доранд.
Хандаҳои доруфуруш дар охир лабҳояшро ба ларза овард ва худро ҳоло чигунае ки нафратангез дид, пештар ҳеҷ гоҳ надида буд.
Ӯ фарзандони худро дар муддати тулонӣ боре дӯстдорӣ накарда буд.
Ба худ гуфт доруфуруш: "Бале, меҳр дар камбизоатону қашшоқон аст, на дар дороён".

Яндекс.Метрика