ҚОНУНИ ТАНЗИМ - ИҚДОМИ НАҶИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Фарҳангу тамаддуни ҳар миллат ва халқият дар раванди таърихии ташаккул ва такомули худ хоҳу нохоҳ бо фарҳанги дигар халқу миллатҳо дар ҳолати “додугирифт” ва ё “мубодила” қарор дошта, бо онҳо омезиш меёбад. Омезиши фарҳангҳо бошад, хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана ва маросимҳои мардумӣ инъикоси худро меёбанд. Чунин раванд то солҳои наздик аниқтараш то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дошт ва яке аз паёмадҳои номатлуби ин раванд баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхарҷ ба шумор мерафт [1]. 

Агар ба умқи масъала назар кунем, оғоз ва ё давраи бо шиддат инкишоф ёфтани исрофкорию хурофотпарастӣ ҳанўз аз замони Шӯравӣ оғоз шуда буд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки мардум маъракаҳои худро бодабдаба ҷашн мегирифтанд. Кор ба дараҷае расида буд, ки дар тӯйи арӯсию домоди қариб ду чорвои калон ва се чорвои хурд забҳ мекарданд. Қанди сафед бо халта, қандҳои гуногунтамға ва шириниҳои дар қутти ҷой дошта ба дастурхонҳо мерехтанд. Ҳатто нону кулчаҳои зиёдро дар охури гов мепартофтаанд. 

Дар маросимҳои азодорӣ баъди фавти майит зиёдаравӣ аз хароҷоти хонадоршавӣ зиёдтар шуда буд, қариб 60 маъракаи хурду бузург бо исрофкориҳои зиёд ташкил мегардид. Пас аз анҷом расидани маърака соҳиби маърака ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида, бо дигар мушкилиҳои рӯзгор соҳибхона даст ба гиребон мегардид. Натиҷаи бо дабдаба ва исрофкориҳои зиёд қайд намудани анъанаву маросими мардумӣ боиси ба меъёр ва арзиши иҷтимоӣ мубаддал гардидани анъанаҳои хурофофтӣ шуда, ҳатто нафароне, ки ин “меъёр”-ро ба амал намеоварданд зери тамасхури дигар аъзоёни ҷомеа қарор мегирифтанд. 

Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бесарусомониҳои гуногун сар зад, боиси паст шудани сатҳи зиндагии мардум гардид, мардум дар ҳолати фақр умр ба сар мебурданд ва ба бӯҳрони моллию пулӣ дучор шуданд. Дар ин давра, анъанаву маросимҳои диниву миллӣ зиёд буданд. Ҳатто бархе аз мардум дар ҷашнҳои хонадоршавӣ барои бархе аз мардуми доро ба маъракаҳои худнамоӣ табдил ёфта буданд, ки истифодаи зиёди мошинҳо, бо маблағи зиёд даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди хӯрокаву нушокиҳо, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада буданд, ки ин ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкориҳои бемаънӣ моҳияти дигаре надоштанд. Бо вуҷуди ин, мардум кӯшиш менамуданд, ки анъанаву маросими мардумиро бо шукуҳу дабдаба ҷашн гиранд, зеро дар замони Шӯравӣ, чуноне ки дар боло зикр намудем ба арзиш ва меъёри иҷтимоӣ мубаддал гардида буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ инчунин барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ як қатор қонунҳоро қабул намояд, ки то ба ҳадафҳои стратегии худ бо муваффақият ноил гардад. Яке аз чунин қонунҳое, ки дар замони истиқлолият қабул гардид, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки ҳадафи асосии он чунин аст: “Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад”. 

Аввалин бор ҷиҳати ба танзим даровардани ҳамагуна ҷашну маросим ва эҳёи фарҳанги миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум аҳамияти махсус дода, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ намуданд. Соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии исрофкорӣ ва ба низоми муайян даровардани расму оинҳо “Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳо вазорату идораҳо комиссияи ҷамъиятӣ барои дуруст роҳандозӣ гардидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таъсис ёфта буд. Дар доираи фаъолияти ин комиссияҳо як қатор чорабиниҳо анҷом пазируфтанд, вале дар рафти баргузории ҷашну маросимҳо тағйироти ҷиддӣ ба амал наомад ва эҳсос мешуд, ки ҷомеа ба андешидани тадбирҳои иловагӣ ниёз дорад.

Барои таҳия ва пешниҳоди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни аҳолӣ назарсанҷиҳо гузаронида шуд, фикру мулоҳизаҳои онҳо дар бораи чи гуна гузаронидани ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ матраҳ карда шуд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор нафар таклифу пешниҳодҳои муфид ирсол карданд ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзиму анъанаҳои миллиро ҷонибдорӣ намуданд. 24-уми майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ оиди танзими анъана ва ҷашну маросим сухан ронда, гуфтанд: “Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад” [2]. 

Қабули қонуни мазкур дар асоси пешниҳоди мардум таҳия ва баррасӣ шуда, барои ба танзим даровардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Ниҳоят 8-уми июни соли 2007 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. 

Солҳои 2008 ва 2010 дар асоси пешниҳоди дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо вобаста ба шаклу муҳтавои барпо намудани тӯйҳои арӯсию домодӣ маросимҳои азодорӣ ва вақти баргузории онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки аксари мушкилиҳои байни шаҳрвандонро ҷиҳати беҳтар гузаронидани маъракаҳо бартараф намуд. Воқеан пешгирӣ намудани хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва гирифторҳои зиёди иқтисодӣ ва молиявӣ ҳамин қонуни миллӣ нақши муҳимро дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум анҷом дода тавонист. 

Соли 2017 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иброз доштанд, ки “Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳимми аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо дар расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард” [3]. 

Қонуни зикршуда ҷанбаи инсондӯстона ва хайрхоҳона низ касб карда, баъди қабули он дар кишвар эҳсонкорӣ ва баргузории маъракаҳои хайриявӣ ба ҳукми анъана даромад. 

Инак, чандин сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти назорати риояи қонуни мазкурро ба уҳда дорад.  

Аз замони қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 15-сол сипарӣ шуд. Дар зарфи якуним даҳсола ҷомеаи муосири тоҷик тавонист урфу одатҳо ва анъаноти миллию динии худро дар чаҳорчўбаи муайян дарорад ва ба бе низомиҳою бегонапарстиҳо хотима бахшад.

Ҳамзамон қабули қонуни танзим ба оилаҳои камбизоат имконият фароҳам сохт то ҷашну маросими худро бе сарфи маблағи зиёдатӣ таҷлил намоянд. Яъне, ҳамаи ҷавонписарон ва ҷавондухтарон барои бунёди оилаи солим имконият пайдо намуданд. 

Ба шаҳрвандон имконият фароҳам омад, ки аз ҳисоби камхарҷ кардани маросимҳояшон сехҳои хурди дӯзандагӣ, бофандагӣ бунёд намуда, ҳунарҳои қадимии худро, ба монанди қолинбофӣ, сӯзандӯзӣ, заргарӣ ва ғайра аз даромади хуб низ эҳё намуда, аз ҳисоби маблағҳои пасандозҳои худ фарзандони худро соҳиби маълумоти олӣ гардонанд ва дар баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонони тоҷик саҳм гузоранд. 

Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки қонуни мазкур як қатор ҷашни анъанаву маросими бегонаи динниву миллиро аз байн бурд ва фарҳанги софу миллиро дар худ нигоҳ дошт. Инчунин қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои вазифаи асосии худ, яъне барои баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардум нақши асосӣ ва ҳалкунанда бозид.

 

Рӯйхати Адабиёт:

1.Баротзада Ф. Анъанаву маросимҳо ва вижагиҳои танзими онҳо: http: //islamnews.tj. 

2.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи умуми ҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву  маросимҳои динӣ 24.05.2007 www. president.tj. 

 

3.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10 солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Рӯзномаи “Ҷумҳурият” 12.07.2017.

 

Садуллоев Аҳмадҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

      

 

     

        

Яндекс.Метрика