ҚОНУНИ ТАНЗИМ ЭЪТИМОД БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Фарҳанги таҳаммулпа¬зирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа» дар рӯзҳое доир мегардад, ки мардуми шарафманди ҷумҳурии азизамон корҳои созандагию ободони¬ро бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаю бунёдко¬ро¬наи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома дода истодаанд.
Масъалаҳое, ки дар конференсияи имрӯза мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, хеле муҳим мебошанд, зеро сулҳу субот, таҳаммулпази¬рӣ, оромиву ваҳдату ягонагӣ омили асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Боиси тазаккур аст, ки дар марҳилаи навини даврони соҳибистиқлолии кишвар қарору қонунҳо ва санаду ҳуҷҷатҳое, ки бо  ташаббуси Пешвои муаззами миллат таҳия ва ба тасвиб расидаанд, ҳама ба манфиати мардум равона гардида, пояҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳамзамон эътимод ба зиндагии шоистаро устувор менамоянд. Ҳамагон бояд донанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" барҳақ ҳуҷҷати тақдирсозе мебошад, ки хароҷоти зиёдатиро дар баргузории тӯю маросим танзим намуда, файзу баракати дастархони ҳар кадом хонадони тоҷикистониро пурнозу неъмат гардонид.
Соли равон аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ёздаҳ сол сипарӣ гардид. Месазад бигӯем, ки қонуни мазкур дар ин марҳилаи таърихӣ дар пешрафти зиндагии мардум тағйироти маърифатии амиқеро ба вуҷуд овард. Яъне, ба таври дигар гӯем ба зиндагии арзандаи имрӯзу ояндаи кулли сокинони кишвар эътимоди қавӣ бахшид.
Ҳар лаҳзае, ки мо аз солгарди қабули Қонун диди назар кунем ҳамон қадар аҳамият ва қадри баланди он боз ҳам возеҳтару волотар пеши назар меояд. Ин Қонун дар таърихи сарфаю сариштакорӣ ба рӯйдоде мансуб аст, ки вазъи моддии пешрафти кулли аъзои ҷомеаро муайян менамоянд. Дар таҷрибаи 11 соли амали Қонуни мазкур маълум ва равшан гардид, ки он барои ба низом даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои миллию динӣ, ҳамзамон дигар суннатҳои мардумӣ нақши барҷаста гузошт. Қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоию зоҳирпарастӣ ва исрофкорию зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои миллию мардумӣ роҳ кушод.
Қобили зикр аст, ки яке аз дастоварди муҳимтарини аҳли ҷомеа дар ҷараёни амалишавии қонуни миллӣ аз он иборат аст, ки ҷои тӯю маъракаҳои дар гузашта ҳафтаҳо давом мекардаро чорабиноҳои хурди оилавӣ гирифтанд ва маросими дафну азодории серхароҷот қатъиян аз байн рафтанд.
Ба шарофати татбиқи Қонуни танзим хароҷоти баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ кам гардиданд. Маъракаи хатнасур танҳо дар доираи оила бе иштироки санъаткорон доир мегардад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бархе аз шаҳрвандон дидаву дониста худ барои хароҷотҳои баризофаи таассубовар маблағи зиёдро, алалхусус дар баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ масраф менамоянд. Вале ин омил нақш ва мақоми Қонуни танзимро дар ҳаёти имрӯзаи мо коҳиш дода наметавонад, зеро ба ин қонуни миллӣ, ҳама одат карданд ва онро гиромию арзишманд мепиндоранд. 
Далелҳои зиёдеро аз корҳои ба анҷомрасида ва амали қонун зикр намудан мумкин аст, вале ба маврид аст, зикр намоем, ки дар поён рафтани сатҳи камбизоатӣ дар кишварамон хизмати ҳамин санади миллӣ назаррас мебошад. Ва аз ҳама муҳим имрӯзҳо барои пешрафти маънавӣ, таваҷҷӯҳ ба аҳли хонадон ва тарбияи фарзандон шароити мусоид фароҳам омадааст.
Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷумлаи қонунҳое мебошад, ки дар таҷрибаи қонунгузории дигар ягон давлати дунё ба назар намерасад. Яъне он ба маънои томаш қонуни сирф миллӣ ба шумор меравад. 
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус ҳангоми мулоқоташон бо аҳли намояндагони ҷомеаи кишвар (12 майи соли 2018) баён намудаанд, ки «риояи муқаррароти қонуни мазкур танҳо ба манфиати ҳар як оила, зиндагии боз ҳам осудаи ҳар хонавода, яъне беҳбуди сатҳу сифати зиндагӣ ва шароити беҳтар барои таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Ҳадафи қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни зикршуда низ, ки қариб як сол пеш сурат гирифт, маҳз аз ҳамин иборат мебошад». Қабули Қонун ва бо назардошти ба инобатгирии таклифу пешниҳодоти аҳолӣ солҳои 2008, 2010 ва 2017 ворид намудани тайғирот ба моддаҳои он маҳз ба хотири таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон равона гардидааст.
Ин маънои онро дорад, ки сиёсати давлату ҳукумат мунтазам ба ислоҳоти расму оини зиндагии мардум равона гардида, вақтҳои охир дар заминаи зуҳуроти манманӣ, тақлидкорӣ ва худситоӣ бори вазнини хароҷоту исрофкориро ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо ва маросимҳои дафну азодорӣ бар дӯши мардум бор карда буд, аз байн куллан бурд. 
Дар кори назорат ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" фақат дар вилояти мо масъулини як шӯъба, 18 бахшҳои шаҳрию ноҳиявӣ, 134 комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сармутахассисони ҷамоатҳо,  1699 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо саҳмгузор мебошанд. 
Пӯшида нест, ки дар бобати пурра амалишавии қонун баъзе монеаҳо то ҳол ҷой доранд. Зеро аксари комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим на фақат вазифаи худро оид ба пешгирии қонунвайронкунӣ иҷро намекунанд, балки нисбат ба қонунши¬ка¬ни¬ҳо мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд. Чунин суханонро нисбат ба аъзои комиссияҳои доимӣ низ баён намудан мумкин аст. Ё худ дар байни ҷомеа бархе аз афроде ҳастанд, ки бо худнамоишдиҳӣ машғул буда, ба татбиқи қонун монеа эҷод менамоянд. Алҳол масъулон нисбат ба қонуншиканиҳо мавқеи оштиннопазирро ишғол намудаанд ва нисбат ба рафтори ашхоси саҳлангор нисбат ба қонун мубориза мебаранд.
Аз ҳама муҳимтар он аст, ки муносибати беҷуръатонаи бархе аз сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот нисбат ба ошкор намудани қонуншиканиҳо ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо хотима ёфта истодааст. Ҳамкории онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ташкили рейду санҷишҳои муштарак самаранок ба роҳ монда мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят забҳи чорвои хурд нисбат ба ҳамин давраи соли 2017  кам шудааст. Ҳангоми гузаронидани 2916 рейди муштараки аъзои комиссия, масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 136 ҳолати риоя накардани талаботи қонуни миллӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар вилоят сол аз сол корҳои ободонию созандагӣ ривоҷу равнақ меёбанд ва дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо чандин иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ, маишӣ, варзишию фарҳангӣ бунёд мегарданд. Қисми зиёди ин объектҳо корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони алоҳида сохта мешаванд. Алҳол низ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани 600 иншооти хурду калон ба нақша гирифта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар бобати бунёди бисёр корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, рӯёнидани ҳосили фаровони меваю сабзавот, дигар зироатҳо нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бағоят калон аст. Зеро дар натиҷаи ба танзим даромадани баргузории тӯю маърака ва маросим мардум аз ҳисоби пасандозҳои сарфакардаашон объектҳои истеҳсолӣ, сехҳо сохта истодаанд, дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии нав гирифтаашон биноҳои хуштарҳи замонавӣ месозанд. 
Дар як давраи на чандон тӯлонӣ худи ҳаёт собит намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳимоятгари манфиатҳои мардум мебошад. Пас биёед, якҷоя шароити мусоид фароҳам орем, роҳбарӣ ва назорат кунем, то соҳибони маъракаҳо тӯю маросими худро мувофиқи талаботи Қонуни танзим доир намоянд. 
Гузориши худро бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни хотима бахшиданиям, ки ба маврид чунин таъкид намудаанд: “Ба халқи шарифи худ, хусусан ба падару модарон муроҷиат менамоям, ки маблағи ёфтаи худро ба ҷои ба маросимҳои беҳудаву нодаркор ва серхароҷот барбод додан ба ғизои дурусти оилаи худ, беҳбуди шароити зист ва таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ сарф намоянд”.
 
Сӯҳроб РУСТАМЗОДА, 
                                     мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва                                    ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Суғд
Яндекс.Метрика