Қуввати Афранг аз илму фан аст

Шарқро аз худ барад тақлиди Ғарб,
Бояд ин ақвомро танқиди Ғарб
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларўст,
Не зи урёнсоқу не аз қатъи муст.
Маҳкамӣ ўро на аз лодинӣ аст,
Не фурўғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати Афранг аз илму фан аст,
Аэ ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеъи илму ҳунар аммома нест.
Илму фанро, эй ҷавони шўхшанг,
Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.
Андар ин раҳ ҷуз нигаҳ матлуб нест,
Ин кулаҳ ё он кулаҳ матлуб нест.
Фикри чолоке агар дорӣ, бас аст,
Табъи дарроке агар дорӣ, бас аст!
✍️М. Лоҳурӣ

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика