Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,
Ба ҷуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,
Тамоми ҳастииям пайваста бо ту эй Ватан — ҷонам.
Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ бо талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дигаргуниҳои азим ба вуҷуд омаданд.Барои ҳамагон маълум аст, ки дар ин давраи нобаробарӣ, носозгории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар бунёди ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, Артиши миллии мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳифзи марзу бум ва амнияти кишвар зуҳур кард.Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар дили кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳифзу ҳимояи ватан дар дини Ислом низ ҷойгоҳи хосе дорад. Офаридгор мусалмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Аз ин хотир бароямон ҳам фарзу ҳам қарз аст, ки баҳри нигаҳбонии ватани худ ва барои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ҳамеша дар ғафлат намонда, ҳушёри ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро дар ояти охирони сураи “Оли Имрон” Парвардигор мефармояд:
«Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!».
Муфассирон мегӯянд, ибораи “ва робиту”-омода бошед, дар, ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омада бошед. Дар ибтидо “работ” хоначаеро мегуфтнд, ки дар он марзбонон иқомат мекарданд ва баҳри ҳимояи ватан шабурӯз машаққат мекашиданд. Баъдтар калимаи “работ” ба худ маъноҳои дигарро низ касб кард. Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ҳар кас вазифадор аст, ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа.
Бояд қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ замоне таъсис ёфт, ки дар Ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Иштироки фаъолонаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат, дар натиҷаи руҳияи баланди ватанпарварӣ, малакаи баланди ҷангӣ, садоқат ба принсипҳои соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона ба мардум имконпазир гашт.
Аз соли 1997 сар карда, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми муносиби худро гузоштааст.
Артиши миллӣ зодаи даврони истиқлолият буда, ҳамасола оиди рушди ин соҳаи муҳим, ки такягоҳи боэътимоди сулҳу субот, ҳимоятгари марзу буми кишвар мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбӣ се марҳаларо паси сар намудааст. Марҳалаи аввал, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар идораву муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, бо муваффақият пушти сар шуд. Давраи дуюм, марҳалаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идоракунӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳанӯз идома дорад. Марҳалаи сеюм, яъне асоси ин бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвияти иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад.
Аз ин хотир қайд кардан ба маврид, аст, ки яке аз роҳҳои асосии ҳифзи амну субот ин итоат ва фармонбардории роҳбарон аст. Ба итоату фармонбардорӣ ҳаёти инсон дар ҷамъият аз ҳама ҷиҳат амну ором мегузарад. Воқеан, он салоҳият ва ободие, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамватанон оварда истодаанд, чунон зиёд аст, ки танҳо шахси муғриз, кӯрнамак ва ношукр онҳоро дида наметавонад.
Дар китоби «Ҷомеу-л-улум» омадааст, ки : «Ба роҳбарон гӯш кардан ва аз эшон итоат кардан, дар ин саодатмандии дунёст. Зеро ба туфайли онҳо масолеҳи бандагон дар зиндагиашон муназзам мешавад ва ба туфайли онҳо дин ва тоати Парвардигорашонро изҳор мекунанд».
Худованд дар ин маврид фармудааст:
«Эй мӯъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоён (ҳокимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!» (Сураи «Нисо», ояти 59).
Вазифаи аввалини ҳар яки мо ҳимояи Ватан аз тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидан аз макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватандўстӣ аст. Ҳифзи амонии Ватан корест, ки ба ҳар фарди мусулмон ва сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем. Танҳо ваҳдат, иттиҳод ва якдилӣ метавонад ватани моро аз бадии ҳар гуна равия, мазҳаб ва ҳизбу ҳаракатҳои ботил нигоҳ дорад.
Айни замон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои се навъи қушун мебошад: қушунҳои Хушкигард, қушунҳои Зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддӣ-ҳавоӣ.
Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя менамоянд. Мо ба далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорем ва дар симои онҳо ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро эҳсос менамоем.
Бо қаноатмандӣ ва сарбаландӣ метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишвар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як тану як ҷон баҳри оромиву осӯдагӣ камари ҳиммат баста адои хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд.
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, 31 -умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоли хешро дар фазои сулҳу субот ва руҳияи баланди ватандӯстӣ, омодабошии баланди ҷангӣ таҷлил менамоянд. Сулҳу салоҳ, амну субот барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо тариқи саодатмандӣ ва самарабахш наметавон гузаронид. Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст. Зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он беҳтар аст. Барқарории амну субот аз заруриётест, ки тамоми аҳли башар бар он иттифоқ доранд, зеро ҳифзи хун, мол, номус, ақл ва дин ба туфайли амну субот амалӣ хоҳад шуд.
31 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!
АЛО, ЭЙ ҲАМВАТАН!
Ало, эй ҳамватан шукри замину ин замон фарз аст!
Ки ҷон додан барои марзу буми ин макон фарз аст!
Ватан яктост, модар ҳамрадифи ӯ агар донӣ?!
Ба Яздон саҷда кардан, дар Ватан ҳам бегумон фарз аст!
Дар оғӯши пуранвораш ҳамеша дилҷавон монем,
Ватанро дӯст доштан ҳам ба пиру ҳам ҷавон фарз аст!
Ватан аз баҳри мо ганҷинаи мероси аҷдод аст,
Варо чун гавҳари чашм ҳифз кардан ҳар замон фарз аст!
Чу Рустам чун Сиёвуш беҳтарин гурди Ватан бошем,
Ба душман ҳамла овардан ба тиру бо камон фарз аст!
Ватандорӣ далели будани имону виҷдон аст,
Садоқат дар Ватан, дар асли худ то ҷовидон фарз аст!
Биё, эй ҳамватан таъмири ӯ бо хишти ҷон созем!
Барояш ошиқона ҷон супурдан як ҷаҳон фарз аст!!!
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.