Қурбонӣ ва аҳмияти он дар ислом

Дар дини мубини ислом қурбонӣ – ин пайравӣ намудани суннати забҳи маъруфу машҳури ҳазрати Иброҳим (а) буда , холис барои ризои илоҳӣ ва бо номи Худованди бузург анҷом дода мешавад. Худованди карим , вақте ки ба Паёмбари худ ҳазрати Муҳамад(с) неъмати бузург, яъне «Ҳавзи кавсар»-ро ато кард, ба тарафи иду некӣ ҳидоят дод , ки яке намоз ва дигарӣ қурбонӣ аст.
Чунончи мефармояд:
إنا اعطيناك الكوثر1 فصل لربك وانحر2 إن شانك هو الأبتر3
“ Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ў шутурро қурбонӣ кун”. Сураи “кавсар” ояти 2.
Дар ҳадис омадааст:
عن زيد بن أرقم قال أصحاب رسول ا لله  (ص) يا رسول لله  ما هذه الأضاحي؟ : قال( سنة أبكم إبرهيم) قال فما لنا فيها؟ يا رسول الاه:  قال( بكل شعرة حسنة) قالوا فالصوف؟ يا رسول لله : قال ( بكل شعرة من الصوف حسنة) (رواه إبن ماجة)
Ҳазрати Зайд ибни Арқам (р) аз Паёмбар (с) мепурсад: “Ай расули Худо, ин қурбониҳое, ки мебинам,чист?” Паёмбар(с) гуфт: “ Ин суннати падаратон Иброҳим (а) аст”. Пас саҳобаҳо гуфтанд: “ Чӣ фоида (фазилат) доранд?” Паёмбар(с) гуфт: Ба ивази ҳар як мўи чаҳорпо як некӣ ба қурбоникунанда мерасад”. Донишмандон дар шарҳи ҳадис мегўянд: “Зинда гардонидани суннати Иброҳим(а) ба мо аз ин хотир лозим буд, ки Худованд моро  ба пайравии амали ў амр кардааст”.
Ҳамчуноне, ки мефармояд
ثم أوحينا إليك  أن اتبع ملة إبراهيم حنيفا و ما كان من المشركين.
“Боз амр кардем ба ту (Муҳаммад) (с), ки пайравӣ кунӣ дини Иброҳим (а)-ро, зеро ў аз динҳои ботил безор буд ва аз ҷумлаи мушрикон набуд” Сураи “наҳл”, ояти 123.
Воқеан қурбонии ҳазрати Иброҳим (а) ба ҳама маълум аст. Чун ҳудо хост ўро  имтиҳон кунад, дар хобаш ба ў фармон дод, ки фарзанди азизаш Исмоилро қурбонӣ намояд. Вақте ки падару фарзанд ба иҷрои ҳукми Худо розӣ шудаанд, Худованд аз ҷаннатяк чаҳорпое ба воситаи ҳазрати Ҷибраил (а) фиристод ва ба куштани  ҳамон  ҷонвар амр кард. Ҳамчуноне,ки Худованд мефармояд فلمظ
فلما أسلما و تله للجبين 103   و نادينناه  أن يا إبرهيم  104   قد  صدقت  الرؤيا    إنا  كذلك  نجذي المحسنين105    إن هذا لهو  البلاء المبين106
) و فديناه بذبحن عظيم107 سورة الصافات
“Пас вақте  тайёр шуданд, то ки ҳукми Худоро ба ҷо оранд ва писари худро ба замин ба ҷониби  пешонӣ хобонид, пас садо кардем ўро: Эй Иброҳим! Ту хоби худро рост кардӣ, албатта , некўкоронро чунин савоб медиҳем, чун ин як озмоиши  зоҳир аст ва бар ивази писар фидя додем ба ў як гусфанди бузургҷуссаро барои  забҳ кардан” Сураи “ Соффот”, ояти 103-107.
Ин буд маънои сухани Паёмбар (с) “Суннати падаратон Иброҳим”. Бояд донист, ки қурбонӣ аз ҷумлаи ибодатҳои молӣ буда, дар Ислом аҳамияти калон дорад. Онро аз ин хотир шиорри Ислом мегўянд, ки ҷонварро мутобиқи суннати  Иброҳим (а), холис ба номи Худо ва ризои  Ў забҳ мекунанд, бар хилофи дигар динҳои ботил. Дар Ислом на танҳо қурбонӣ, балки тамоми ибодатҳои мо бояд барои ризои Илоҳӣ бошад, зеро Худованд мефармояд:
قل إن صلاتى و نسكي و محياي وممتي لله رب العالمين       162  لا شرك له وبذلك أمرت وأنا أول  المسلمين    . 163 
(سورة اللأنعام)        
“ Бигў, ай Муҳаммад (с) , ки яқинан намози ман ва ҳамаи ибодати ман ва зиндагиям  ва маргам ҳамааш барои Худо аст, ки Парвардигори тамоми оламиён аст!” Сураи “Анъом”, ояти 162
Аз суханҳои зикршуда ба мо аҳамияти ин ибодат маълум мешавад.
Ҳазрати Абуҳурайра(р) мегўяд:Паёмбари Худо (с фармудаанд:)
 عن أبي هريرة أن رسول لله صلى لله عليه و سلم :قال من كان له سعة  و لم يضع فلا يقربن مصلانا (رواه بن ماجة)
“ Шахсе, ки тавонгар бошаду боз ҳам қурбонӣ накунад, ба намозгоҳи (идгоҳи)  мо қариб нашавад”. 
Яъне ҳар шахсе ки бо вуҷуди ба қурбонӣ қудрат доштанаш ҳукми шариатро ба ҷо наовараду қурбонӣ  накунад, хондани намози ид ба ў фоидае надорад. “Ибни Моҷа” .саҳ 178
Ҳукми қурбонӣ
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар(р) мефармояд:    
"اقام النبي صلى لله  عليه و سلم بالمدينة عشر سنين يضحي" (رواه ترمذي )
“Паёмбари Ислом (с) баъд аз ҳиҷрати худ аз Маккаи Мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи Мунаввара зиндагӣ ба сар  бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд. Донишмандони Ислом мегўянд, ки ин мудовамати Паёмбар (с) далели равшани воҷиб будани қурбонӣ бар ҳар соҳибқудрат дар кадом шаҳре ки бошад, ҳаст. “Тирмизӣ”, Китобу-л-азоҳи ҳадиси 1507. 
Қурбонӣ бар кӣ воҷиб мешавад?
1.Қурбонӣ бар ҳар шахси мусалмони оқил, болиғ, муқим воҷиб мешавад. Ҳар вақт он қадар сарват дошта бошад, ки закот бар ў воҷиб шавад, фарқе надорад, ки он сарват пули нақд бошад, ё зару зевар, ё моли тиҷорат, ё макони зиёдатӣ , ки дар он зиндагӣ намекунад. “Радду-л-ммухтор”ҷ 6,саҳ. 312; “Фатвои ҳиндия” ҷ.5, саҳ. 292:
2.Он моле, ки қурбонӣ бар он воҷиб мешавад,шарт нест, ки дар он мол сол гузарад, ё нумўъ кунад, ҳамчуноне , ки дар моли закот шарт аст.
Рўзҳои қурбонӣ
1.Қурбонӣ аз ҷумлаи  он ибодатҳоест, ки дар рўзҳои муайян адо карда мешавад.Яъне 10,11,12-уми моҳи Зулҳиҷҷа,ба ғайр аз ин рўзҳо ин ибодати бузург адо намешавад. (“Радду-л-ммухтор”ҷ 6,саҳ. 320; “Бадоеъ-ус-саноеъ”, ҷ.5, саҳ. 68:)
2.Албатта, дар рузҳои муайяншуда  дар кадом рўзе, ки қурбонӣ кард, адо меёбад, дар рўзҳои10-11- ум рўзҳо бо сабабе ҷонварро рўзона забҳ карда натавонист, онро шабона  забҳ какрдан ҷоиз аст. Агарчӣ беҳтар аст забҳи мол рўзона адо карда шавад. “Баҳру-р-роиқ”, ҷ 8, саҳ 176; “Фатвои ҳиндия”, ҷ.5, саҳ. 295:
3.Шахсе, ки ба ў қурбонӣ воҷиб буд ва ба сабаби ғафлат дар ин рузҳо қурбонӣ накард, ба ў лозим аст, ки қимати моли қурбониро ба мўҳтоҷону тангдастон садақа диҳад. Бояд донист, ки агар шахсе дар рўзҳои қурбонӣ ба ҷойи куштани  ҷонвар қимати онро садақа кунад, қурбонияш адо намешавад. Ҳамчуноне, ки ба рўза гирифтан намоз адо намеёбад ва ба ҳаҷ кардан закот соқит намешавад.
4.Агар ба зиммаи шахсе аз соли гузашта қурбонӣ мондааст ва ҳоло мехоҳад онро адо кунад, ўро мебоядивази ҳар ҷонвар қимати онро садақа кунад. “Фатвои ҳиндия”, ҷ.5, саҳ. 294: “Радду-л-ммухтор”ҷ 6,саҳ. 312;
5.Шахсе ки бо нияти қурбонӣ ҷонварро харид, вале ба тақдири илоҳӣ дар айёми қурбонӣ аз олам даргузашт. Дар ин сурат ба назар гирифта мешавад, ки шахси фавтида нодор аст ва ё молдор. Агар шахси фавтида нодор бошад, пас ба гардани ворисонаш лозим(воҷиб) аст,, ки молро аз номи ў забҳ кунанд. Ва агар молдор бошад, беҳтар аст, ки ворисонаш аз номит ў молро забҳ кунанд, вале воҷиб нест. “Фатвои ҳиндия”, ҷ.5, саҳ. 297; бобиҳорум; “Баҳру-р-роиқ”, ҷ. 8, саҳ. 197;
6.Агар бо сабабе рўзи якуми ид, намози идро барпо накарданд дар ин сурат қурбониро бояд баъд аз заволи офтоб ба ҷо биёранд,аммо рўзи дуввум ва сеюмпеш аз завол низ дуруст аст. «Фатвои ҳиндия»,ҷ.5,саҳ.297;боби чаҳорум; «Баҳру-р-роиқ» ҷ.8,саҳ.197;
Вақти қурбонӣ
1.Дар он шаҳр ва деҳаҳое,ки намози ҷумъа ва намози ид мехонанд, пеш аз намози ид қурбонӣ дуруст нест. Агар шахсе пеш аз намоз молро забҳ кард,ду бора қурбони кардан бар ў лозим аст. Албатта ,дар деҳаҳои хурд, ки намози ҷумъа ва ид барпо намешавад, баъди субҳи содиқ қурбонӣ кардан дуруст аст, яъне пеш аз намози ид. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.318; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 295;
2.Агар шахсе дар шаҳр зиндагӣ карда, молро ба нияти қурбонӣ харида, аз барои қурбони ба деҳае, ки дар онҷо намози ид барпо намешавад, фиристад, дар ин сурат метавонад, ки ҷонварашро пеш аз намоз, баъди субҳи содиқ, забҳ кунад. Агар соҳиби мол дар шаҳрмонад, метавонад вакилаш пеш аз намози ид забҳи моли қурбониро  ба ҷо орад. «Баҳру-р- роиқ, ҷ.8, саҳ:175; « фатвои шомӣ»,ҷ.6, саҳ:318;
3.Агар шахси қурбоникунанда берун аз мулки худ бошад вахаҳад молро дар мулки аҷдодиаш забҳ кунад, дар ин сурат қурбоникунанда ва ҷонвар ҳар ду ба назар гирифта мешаванд. Яъне мол дар ҳамон рўзе қурбонӣ карда мешавад, ки ид байни қурбоникунанда ва макони Курбонӣ муштарак бошад. Ба монанди шахсе, ки дар руссия  кору фаъолият карда, мехоҳад ,ки Курбонияш дар Тоҷикистон ба ҷо оварда шавад. Умуман, дар Руссия як рўз пеш иди Курбонро ҷашн мегиранд ва дар Тоҷикистон як рўз баъд. Дар ин сурат дар Тоҷикистон рўзи муштарак 1-2рузи ид аст. Бояд дар ин рўзҳо молро забҳ кунанд, вагарна дар рўзи 3-юм Курбонияш дуруст намешавад, зеро дар Русия ид анҷом ёфтааст. «Бадоеъ-ус саноеъ» , ҷ 5, саҳ 73;
Ҷонвари қурбонӣ 
Буз, гусфанд аз тарафи як нафар қурбони карда мешавад, гов ва шутур аз тарафи 7- нафар, ба шарте,ки ҳама ба нияти қурбонӣ ва ризои Худо бошанд. «Фатвои шомӣ», «фатвои ҳиндия» , «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 70;
Зарур нест, ки дар як моли калон ҳафт нафар шарик шаванд. Бархе аз мардум гумон доранд, ки агар даряк ҷонвари калоназ ҳафт нафар кам шарик шаванд қурбониашон дуруст намешавад, ин фикри ғалат аст. Ду ё се нафар якҷо шуда, дар як моли калон Хиссагузорӣ кунанд, дуруст аст. Як нафар низ метавонад аз тарафи худ як моли калонро қурбонӣ кунад. Дар ин сурат, савоби бештар мегирад. «Бадоеъ», ҷ.5,саҳ.70;
2.Агар шахси қурбоникунанда дар ҷое истиқомат мекунад, ки дар он ҷо фақиру бенавоён бисёранд, дар ин сурат, метавонад ба қадри тавоноияш моли калон ва фарбеҳро қурбонӣ кунад.
1.Агар инчунин набошад, пас беҳтар аст, ки молеро интихоб кунад, ки гўшти умда  ва лазиз дошта бошад. Ба ҳар ҳол, ҷонвари калон ва фарбеҳро қурбонӣ кардан мустаҳаб аст.  . « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.232; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 299;
Синну соли ҷонвари қурбонӣ
Синну соли ҷонвари қурбониро низ дар шариат ба назар гирифтаанд. Масалан, буз, гўсфан ҳар навъе, ки бошад, як сола будани он лозим аст ва агар гўсфанде,ки аз шашмоҳа боло бошад, валекин аз фарбеҳӣ як сола намояд, қурбонӣ кардани он дуруст аст. Гов бояд дусола ва шутур панҷсола бошад. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.232; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 295;
Солим будани ҷонвар
Ҳамчунноне,ки аз гуфтаҳои боло маълум шуд, қурбонӣ ибодате аст. Ки бояд холисона аз барои ризои Худованд анҷом дода шавад. Аз ҳамин хотир, шариат солим будани молро аз ҳар айб эътибор кардааст. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.323;  «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 7;
1.Пас агар моли қурбонӣ якчашма ётамоман кўр бошад , қурбониаш дуруст нест. Инчунин қурбонии ҷонвари кар, шал ва беморе,ки то ҷои қурбонӣ намерасад, дуруст нест. «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 75; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 297;
2.Агар шохи ҷонвари қурбонӣ аз бехаш шикаста бошад, қурбониаш дуруст нест. Аммо агар аз пайдоиш шох надошта бошад ва ё шохаш на аз бехаш шикаста бошад, қурбонӣ карданиин гуна ҷонвар дуруст аст. «Баҳру-р- роиқ, ҷ.8, саҳ:176; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 297. Ва инчунин дар «Бадоеъ-ус-саноеъ». 
3.Агар ҷонвари қурбонӣ аз пайдоиш гўш надошта бошад ва ё бештари он бурида бошад, қурбониаш дуруст нест.
4.Агар ҷонвари қурбонӣ касалии хориш   дошта бошад, қурбонии ин гуна ҷонвар ҷоиз аст, валеагар бо сабаби ин бемориаш беҳад беҳол шуда боша два ё ин ки зарари хориш аз пўст ба гўшт расида бошад, ин гуна молро қурбонӣ кардан дуруст нест. . « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.323; «Баҳру-р- роиқ, ҷ.6, саҳ:176;  
5. Агар ҷонвари қурбонӣ аз таввалуд дум надошта бошад қурбониаш дуруст нест. Ҷонваре,ки дум дорад,аммо аз нисф зиёдаш бурида шудааст,низ чунин ҳукмро дорад.Дар ин масъала гўсфанд ҳеҷ эътиборе надорад. «Баҳру-р- роиқ, ҷ.6, саҳ:176.;  
6.Ҷонвари ахташударо қурбонӣкардан дуруст аст. Аз Паёмбар (с) собит аст, ки Чонвари ахташударо забҳ  кардааст.Аз ин хотир , моли ахташуда  айбе нест, ки монеи қурбондӣ шавад. «Ибни Моҷа» ҳадиси(3122)
7.Агар молеро ба нияти фарбеҳшавӣ ва ё ягон манфияти дигар ахта кунад,ҷоиз аст, аммо бе ягон мақсад ва манфиат ин корро кардан ҳаром аст. « Фатвои шомӣ»,боби «Ҳазар ва ибоҳа» ҷ.6, саҳ.38;. «Фатвои ҳиндия», (Китобу-л-кароҳия).
3.Агар шахсе аз барои қурбонӣ ҷонваре хари два баъдмаълум шуд , ки он мол дуздӣ аст, дар ин сурат қурбонии ин гуна ҷонвар дуруст нест. Агар баъд аз забҳ кардан маълум шавад, то вақте, ки соҳибаш иҷозат надод, хўрданаш дуруст нест. «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 76; «Фатвои Шомӣ», ҷ.6, саҳ 323;
4.Ҷонвари девонаро қурбонӣ кардан дуруст аст, магар ин,ки девонагияш то ҳадде бошад,ки алаф чарида натавонад, дар ин сурат дуруст нест. «Баҳру-р- роиқ, ҷ.8, саҳ:176.; «Фатвои Шомӣ», ҷ.6, саҳ 323;
5.Агар шахсе ҷонвари солим ва беайбро ба нияти қурбонӣ харид, вале пеш аз қурбонӣ ё вақти забҳ кардан кўр ё шал шуд, пас агар қурбоникунанда молдор (сарватманд) бошад , аз сари нав моли солим харида қурбонӣ кунад. Агар фақир бошад , ҳамон молро қурбонӣ мекунад. «Фатвои Шомӣ», ҷ.6, саҳ 207; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 299.
Аҳкоми “ Бисмиллоҳ” ҳангоми забҳи қурбонӣ
1.“Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфтан пеш аз забҳ лозимӣ аст. Агар  шахсе онро қасдан тарк кард, моли қурбониашро хўрдан дуруст нест ва ў гунаҳгор мешавад. Сураи “Анъом”, ояти 121
2.Агар  шахсе фаромўшона“ Бисмиллоҳ” –ро тарк карда, ҷонварро забҳ кард, гўшти он мол ҳалол аст, метавонад аз он бихўрад. “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.299«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288.
3.“Бисмиллоҳи валлоҳу акбар” бо “вов” ва “Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” бе “вов” , ҳарду лафз дар китобҳо ёфт мешавад ва ҳардуяш дуруст аст. Албатта, бе “вов”  беҳтар аст. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288. «Раддул-л- мухтор”,ҷ.6, саҳ.304;
4.Агар  шахсе “Бисмиллоҳ” гуфта молро забҳ кард ва “ Аллоҳу акбар” нагуфт,ё“ Аллоҳу акбар” гуфта, “Бисмиллоҳ”-ро тарк кард, хўрдани гўшти  ин гуна  ҷонвар дуруст аст, вале ин кор  хилофи суннат ва макрўҳ аст. “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.301;«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 286;
5.Соҳиби қурбонӣ  агар бо қассоб  шарик шуд, яъне дасти қассоб ё кордро бо ҳамроҳии ў дошт, дар ин сурат, ҳар ду бояд “Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гўянд, вагарна  мол ҳалол  ҳисоб намешавад.Аммо он шахсоне, ки дасту пои молро медоранд, аз барои онҳо “Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфтан шарт аст. ;«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 304;
6.Агар касе ду ё се молро дар як вақт қурбонӣ кардан хост, дуруст аст,  вале барои ҳар як мол алоҳида“Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфтан зарур аст. ;«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288.
Суннатҳо ва одоби қурбонӣ.
Беҳтар он аст,ки моли қурбониро соҳибаш забҳ кунад, зеро ҳамин суннат аст. “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, ҳадиси 2143
Агар забҳ карда натавонад, дигар кас ҳам ин корро кунад, ҳеҷ боке надорадва қурбонияш ҷоиз мешавад. Нияти қурбониро  ба дил ҳам кунад мешавад, ба забон овардан шарт нест. Суннат ин аст, ки шахси забҳкунанда рўяшро ба тарафи қибла гардонад. Бе узр таваҷҷўҳи қибларо тарк кунад, макрўҳ аст. ;«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 288.
Вақти забҳ“Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар” гуфта, молро забҳ кунад. Баъди забҳ кардан ин дуоро хондан суннат аст.Беҳтар аст,ки дуоро бо ин алфоз бихонад: “Ай бор Худоё! Аз ман ин қурбониро қабул кун, ҳамчуноне ,ки қабул карда будӣ аз ҳабибат Муҳаммад(с) ва халилатИброҳим(а)”. “Мишкоту-л-масобиҳ”ҷ.2, саҳ. 300-301; “Хулосатул фатово”.ҷ.4, саҳ.321;
Беҳтар он аст, ки молро чанд рўз пеш харида, онро хуб бихўронад. Шир ё пашми онро гирифтан ҷоиз нест. Агар шахсе саҳван ин корро кунад, ҳамон андоза бояд садақа кунад.
Агар ҷонварро чанд рўз пеш  ба нияти қурбонӣ гирифт ва ҳанўз айёми қурбонӣ наомада ба шир ё пашм гирифтани он ҳоҷате пеш омад, дар ин сурат, онро бигирад ва садақа кунад.
Кордро бояд хуб тез кард, ва як ҷонварро дар назди ҷонвари дигар набояд забҳ кард.
Масъалаҳо оид ба гушти қурбонӣ
1.Гушти қурбониро фўрўхта ҳаром аст.Агар шахсе аз нодонӣ ин корро кард, бар ў лозим аст ҳамон миқдор пулро садақа кунад. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 300-301;
2. Ҳафт нафар шарик шуда, молеро аз барои қурбонӣ хариданд, баъд маълум шуд, ки яке аз онҳо нияти гуштфуруширо дошта, дар ин сурат, яке шахси дигар, ки нияти қурбониро дорад, он ҳиссаро ба нияти қурбонӣ бихарад, вагарна қурбонии ҳеҷ як аз онҳо дуруст намешавад.
3.Агар яке аз шарикон нияти қурбонӣ ва савобро надошта, балки ба нияти хўрдани гўшт шарик шуда бошад, қурбонии ин гуна шахс дуруст намешавад. Пас агар дигар шарикон ин шахсро дидаву дониста бо худ шарик карданд, дар ин сурат, қурбонии ҳеҷ яке аз онҳо дуруст намешавад.  «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 304;
4.Агар дар як ҷонвар чанд нафар шарик бошанд, баъди гўштро майда кардан, онро вазн карда, тақсим кунанд, набояд онро тахминӣ тақсим кунанд ва барои хизматаш ба қассоб аз гўшти қурбонӣ  диҳанд.Барои хизмати қассоб алоҳида бояд чизе диҳанд. агар ҳафт нафари шарикшуда ба хулосае омаданд, ки ҳамаи гўштро садақа мекунем, дар ин сурат, тақсим ва вазн кардани  гўшт зарурат надорад.
Агар шахсони шарикшуда дар як ҷо зиндагӣ  мекунанд ва аз як ҷо хўрок мехўранд, дар ин сурат низ  тақсим ва вазн кардани он зарурат надорад. . “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.317-329.
5.Як ҷонваре, ки чанд нафар дар он шарик аст, зарур нест,ки вақти забҳ кардан номи ҳар яке аз  шарикон гирифта шавад. Балки забҳкунанда дар дил нияти шарикҳоро дошта бошад,кофист. «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 71;
6. Беҳтар он аалонст, ки гўшти қурбониро ба се ҳисса ҷудо кунанд, яке ҳисса барои аҳлу аёл, як ҳисса барои дўсту рафиқон, як ҳисса барои тангдастону, камбағалон. Агар аҳлу аёл бисёр бошад, метавонад ҳамаашро истеъмол кунад. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 300;
5. 7. Агар гўшти қурбонӣ аз назр ё васият бошад, дар ин сурат,таммоми гўштро ба бенавоён тақсим кардан лозим аст. Қурбоникунанда ва шахсони молдор аз он гўшт хўрда наметавонанд. «Раддул-л- мухтор”,ҷ.6, саҳ.327;
8. Агар шахсе ба нияти гўшт хурдани қурбонӣ кунад, нияти савоб ва ризоӣ илоҳӣ надошта бошад, Курбонии ў қабул намешавад.Бояд аз сари нав ба дилу  нияти савоб қурбонӣ кунад.   
Масъалаҳо оид ба пўсти қурбонӣ.
1.Пўсти қурбониро соҳибаш метавонад худаш бигирад ё ба шахсе ба таври ҳадия бидиҳад. Агарчӣ он шахс молдор ё аз аҳли  хонаводааш бошад, монанди падару модарва фарзандаш ва ёба бенавоён садақа кунад. Каллаву пои ҳайвон низ ҳамин ҳукмро доранд.
2.Агар пўстро фурўшад, пулашро бояд ба бенавоён садақа кунад. Пусти қурбониро наметавонад бар ивази ҳаққи кор ба қассоб диҳад.
3.Бо фурўхтани пўсти қурбонӣ гунаҳгор мешавад.Агар онро ба нияте фуурўхт, ки пули онро садақа кунад,дар ин ҳолат дуруст аст. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 301;
4. Агар дар ивази пўст ягон маҳсулот (орд,равған ва ғайра) гирад,маҳсулот ё пуллли  онро бояд ба пуррагӣ садақа кунад. Агар чизи ивазкунанда сару либос, чатрё китоб ва ғайра бошад, соҳиби пўст метавонад онро истифода барад. “Аҳкоми қурбонӣ”. Муфтӣ Шафеъ (р);
5.Моли пашмдоре, ки пашми онро паст ё ба куллӣ гирифтаанд, қурбониаш дуруст аст, албатта, пеш аз харидани ҷонвар дар назар дошта шудааст. Агар шахсе аз нодонӣ ин корро кард ва ё ба гирифтани он заруратпеш омад, худи пашм ё қимати он миқдор пашмро садақа кардан лозим аст. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 301; «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 78;
Масъалаҳои шарикӣ дар ҷонвари қурбонӣ
1.шахсоне,ки мехоҳанд  дар як моли калон  монанди гов шарик шаванд, беҳтар аст аввал пулҳояшонро ҷамъ кунанд, баъд якҷоя мол бихаранд.
2.Агар як шахс дар шарик шудан  ба як ҷонвар номнависӣ карда ба яке аааз шарикон иброз кард, ки ба ҷои ў маблағи ҳиссаро бидиҳад ва баъд аз харидани ҷонвар ҳангоми  қурбонӣ аз шомил шудан ба шарикӣ    инкор кард, инкораш  эътиборе надорад. Ба ў лозим аст ки ҳиссаро бипардозад. “ фатвои маҳмудия”, ҷ5 саҳ.297.
3.Агар шахсе ҷонваре харид,пас шахси дигаре омада, дар як ҳиссаи он ё бештари он шарик шудан  хост, дуруст аст, ба шарте, ки моли калон бошад ба монанди гов.
4.Агар шахси молхарида фақир бошад, вақти харидан нияти касеро шарик кардан надошт, пас касеро шарик карда наметавонад. “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.317. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 304;
5.Дар як чорвои калон то 7-нафар шарик шуда метавонанд. Дар ин сурат, ба ҳар кас лозим аст, ки пули ҳиссаи худро диҳад. ААгар шахсе ба ҷои дигар шарикаш пул дод , дуруст аст.
6.Як нафар метавонад дар як ҷонвар ду ё се ҳисса ва ё бештар гирад. Агар  нафаре аз шарикон пеш аз забҳи ҷонвар алоҳида шуд ва дигар кас ба ҷояш омад, дуруст аст.
7.Дар вақти набудани  яке аз рафиқон бе иҷозати дигарон ҷонварро забҳ кунанд, қурбонӣ дуруст намешавад.
8.Агар яке аз шарикон барои забҳи ҷонвар иҷозат надод ё касеро намояндаи худ интихоб накард, қурбонии ҳеҷ яке аз онҳо дуруст намешавад.
9.Ага ҳафт нафар ба нияти қурбонӣ дар як ҷонвар шарик шуданд ва ду-се  нафар аз ин шармкон бе огоҳ кардани дигар аъзо гурўҳи шарикон молро забҳ кунанд, дуруст нест. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 305;
10.Дар як хона чанд бародар зиндагӣ мекунанд ва ҳар яке аз онҳо соҳибнисоб аст, ба гардани ҳар яке аз онҳо воҷиб аст, ки аз тарафи худ қурбонӣ кунад. Дар масъалаи якҷоя ҷонваре харидан ихтиёр доранд.Метавонанд ҳиссагузорӣ карда, як ҷонвари калон гиранд ва ё ҳар яке ба ихтиёри худ ҷонвари майда гирад. Дар сурати соҳибнисоб будани ҳар яке аз онҳо ҷоиз нест, ки якҷоя шуда, ба нияти қурбонӣ аз тарафи хонавода як моли майда гиранд. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 292,; “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.313-315.
 Чанд масъалаи мутаалиқ ба қурбонӣ
1.Ҳамчуноне, ки ба мард қурбонӣ воҷиб мешавад,ба зани сарватман низ қурбонӣ воҷиб мешавад. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.312;
2.Фарзанд низ агар болиғ ва соҳибнисоб бошад,қурбонӣ бар ў воҷиб мешавад, агар фарзандон ноболиғ бошанд, ба падару модар ба ҷои онҳо қурбонӣ кардан воҷиб нест. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.316-335;
3.Агар ба ҷояшон қурбонӣ кардан, ҳеҷ боке надорад, савоб мегиранд. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ.293;
4. Агар шахсе мехоҳад аз тарафи гузаштагонаш қурбонии нафлӣ кунад,метавонад баъди забҳ савобу самараашро ба гузаштагонаш бахшад.Ҳамчуноне, ки Паёмбар(с) савоби қурбониашро ба худа шва он шахсони аз уматаш, ки қурбонӣ накардаанд бахшида буд. 
عن جابر بن عبد الله قال:شهدت مع رسول الله صلى الله عليه و سلم الأضحى في المصلى فلما قضى خطبته نزل من منبره و أتى بكبش فذبحه رسول الله صلى الله عليه و سلم بيده و قال "بسم الله و الله أكبر هذا عني و عمن لم يضح من أمتي". (رواه أبو داود) 
ҲазратиҶобир(р) мефармояд:. «Бо Паёмбар(с)  намози идро дар идгоҳ хондам, вақте,ки аз хутба хондан фориғ шуд,аз минбар фаромад, назди ў як гусфанде овардандонро бо дасти худ қурбони кард ва гуфт: « Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар ин қурбони аз ҷониби ман ва он шахсони аз умматам, ки қурбони накардаанд,» Пас, агар шахсе хоҳад, ки аз тарафи падараш ё модари гузаштааш қурбони кунад, ду масъалаи зайлро ба назар гирад.
* Агар шахси вафотнамуда васият карда бошад, дар ин ҳолат хуб аст, ки ҷонваро аз номи майит забҳ кунад ва баъди забҳ кардан ҳамаи гўшро бояд садақа кунад.
* Агар васият накарда бошад ва ворис ба хоҳиши худ қурбонӣ кунад, тамоми гўшро садақа кардан лозим нест. Ҳамон қадре хоҳад , садақа кунад ва боқимондаро метавонад истифода намояд. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.326-335;
5.Оҳу ҷонвари ҳалол аст, вале бо сабаби ваҳшӣ буданаш қурбонии он дуруст нест. Ҳукми ҳамаи ҷонварони ҳалоли ваҳшӣ низ чунин аст .«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ.297;
6.Бархе аз мардум чунин гумон доранд,ки агар шахсе як бор қурбонӣ кунад, бар ў ҳар сол қурбонӣ кардан лозим меояд, Агарчӣ қудрат надошта бошад. Ин фикр ғалат буда, дар шариъат асосе надорад. 
7.Агар шахсе ҷонвареро ба нияти қурбонӣ ба ғайри нақд (қарз) гирад, қурбониаш дуруст намешавад, зеро он ҷонвар дар моликияти ў нест ва агар пули нақд қарз карда ҷонвар харад, дар ин сурат дуруст аст. 
8.Дар қурбонӣ ваколат кардан дуруст аст, яъне метавонанд як шахсро аз барои қурбонии ҷонвараш вакил интихоб кунад, фарқе надорад, ки дар як минтақа бошад ва ё алоҳида. 
9.Ду бародар ду ҷонвари майда барои қурбонӣ харанд, дар айёми қурбонӣ яке аз дигарро фаромўшона забҳ кард, қурбонии ҳар ду дуруст мешавад. Ба ягон кас бадал ва ё қимат адо кардан воҷиб нест.
10.Ҷонваре,ки ҳомила бошад, қурбонӣ карданаш дуруст аст. Албата, қасдан ин гуна ҷонварро ба нияти қурбонӣ харидан макрўҳ аст. Пас, агар ин гуна ҷонварро забҳ кард, бачаашро ҳам забҳ бояд кард, гўшт ва хурданаш ҳалол аст. 
* Агар пеш аз забҳ кардан мурад ва ё баъд аз забҳ мурда баромада, хўрданаш ҳалол нест. 
* Агар  бачаашро забҳ накард ва айёми қурбонӣ гузашт, дар ин сурат, онро садақа кард воҷиб аст.
* Агар баъд аз айёми қурбонӣ онро забҳ карда хўрда,қимати онро бояд садақа кунад.
* Агар онро забҳ накарда, нигоҳубинаш карда, ва дар соли оянда онро қурбонӣ кард, қурбонии имсолааш адо намешавад. Ҳамаи об 
11.Агар шахси соҳибнисоб ҷонварро ба нияти қурбонӣ харад, лекин баъди чанд рўз нигоҳу бини он мол гум шавад ва ё онро бидудзанд, ўро мебояд,ки боз як моли дигар ба нияти қурбонӣ харад. Агар дар ҳамин вақт ҷонвари аввала ёфта шавад назди он шахс ду моли қурбонӣ вуҷуд дорад.
Дар ин сурат  мебинем,ки қурбоникунанда молдораст, ё нодор.
Агар молдор бошад, ихтиёр дорад, ки ҳардуяшонро қурбонӣ кунад ё якеро. Агар нодор бошад , бар ў лозим аст ,ки ҳардуяшонро қурбонӣ кунад. Зеро ба шахси нодор қурбонӣ кардан воҷиб нест.Аммо ҳар вақте ба нияти Курбонӣ ҷонвареро харад, ба зиммаи ў қурбони кардан лозим меояд. Азбаски ў ҳарду ҷонварро ба ҳамин ният харидааст,пас ҳардуро бояд забҳ кунад.
Мухтасари аҳкоми такбирҳои ташриқ.    
Муносибмедонам,ки чанд масъаларо ба таври мухтасар дар бораи такбирҳои ташриқ баён кунам, зеро такбирҳои ташриқ ба ҳамаи рўзҳои қурбонӣ таалуқ дорад.
1.Аз нўҳуми зулҳиҷҷа баъд аз намози бомдод то намози  сездаҳуми  зулҳиҷҷа фавран баъд аз ҳар намози фарзӣ як бор ба овози баланд такбири ташриқ гуфтан воҷиб аст ва се бораш суннат.
2.Лафзитакбири ташриқ чунин аст:
3.«Аллоҳу акбар, аллоҳу акбар, ло илоҳа иллалоҳу, аллоҳу акбар, аллоҳу акбар ва лиллоҳи ҳамд»
4.Дар ҳукми такбири ташриқ марду зан яксонанд,яъне ба марду зан гўфтани такбиру ташриқ воҷиб аст.
Магар ин ки мард ба овози баланд гўяд ва зан ба овози паст.
5.Баъд аз салом дарҳол бояд такбири ташриқро гўяд, агар фаромўш кард, ё сухан кард, ё таҳораташ шикаст, дар ин сурат, такбири ташриқ аз гарданаш соқит мешавад.
6.Фарқе надорад,ки намозро бо ҷамоат мехонад ё танҳо, дар ҳар ду сурат такбир гуфтан воҷиб аст.
7.Шахсе дар айёми ташриқ бок адом сабабе намозро қазо кард, пас агар дар ҳамон рўзҳо намози қазошударо адо кунад, дар ин сурат низ такбири ташриқ гуфтан лозим аст.
8Такбири ташриқ ҳам бар муқим воҷиб аст ва ҳам бар мусофире, ки аз паси муқим ният карда бошад.  
 
 Сарчашмаҳои истифодашуда:
 
Қуръони карим. Байрут, Дору Ибни Касир, 2004.
Муфтӣ Шафеъ. Маорифу-л-Қуръон. Карочӣ: Идорату-л-маориф, 1996.
Қозӣ Саноуллоҳ, Мазҳарӣ. Бейрут: Дору-л-кутуби-л-илмия, 2000.
Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил.Саҳеҳ-ул-Бухорӣ.Қоҳира: Дору ибни Ҳайсам,2004.
Абўисо Муҳаммад ибни Исо. Сунани Тирмизӣ. САудӣ: Байту-л-афкори-д-дувалӣ. 2002.
Абўабдурраҳмон Аҳмад ибни Шуъайб. Сунани Насоӣ. Байрут: Дору-л-кутуби-л-илмия,2004.
Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Язид ибни Моҷа. Сунани ибни Моҷа. Карочӣ: Қадимӣ Кутубхона.
Муҳаммад Тақии Усмонӣ. Фатҳу-л-мулҳим.Байрут:Дору-л-кутуби-л-илмия,2004.
Мавлоно халил Аҳмад.Базлу-л-маҷҳуд.Карочӣ:Маъҳад-ул-халил.
Бурҳонидини Марғенонӣ .Ҳидоя.Лоҳур: Урдубозор.
Муҳаммад ибни Амин ибни Обидин. Радду-л-мухтор ала Дурри-л- мухтор. Карочи: Саид кампани.2002
Мавлоно Шайхнизом ва ҷамъе аз олимон. Фатовои Оламгирӣ. Кувета: Мактабаи Рашидия.1995
Алоуддин Касонӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ. Пешовар:МактабаиҲаққония.2002
Зайн ибни Иброҳим машҳур ба ибни Нухайм.Баҳру-р-роиқ.Кувайт:Мактабаи Рашидия.2000
Маҳмуд ҲасаниГангувӣ. Фатвои Маҳмудия. Карочӣ:Ҷомеаи Форуқия,2005.
Муфтӣ Инъомулҳақи Қосимӣ. Масоили қурбонӣ. Карочӣ:Байту-л-аммор.2006.
 
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.
Яндекс.Метрика