Қурбонӣ дар масири таърих

Қурбонӣ - василаи наздик шудан бо пешкаш ва ҳадя кардани чизе ба мақоми болоӣ аст. Таърихи Иди Қурбон аз замони Одам (ъ) вуҷуд дошта, чузъи мукаррароти динҳои гузашта низ ба шумор мерафт. Қурбонии фарзандони Одам (ъ) ки нахустин қурбонӣ дар олам ба шумор меравад, дар оёти 27-30 сураи моида тасреҳ шудааст. 

Ҳазрати Нуҳ Пайғамбар (ъ) пас аз туфон мазбаҳае тартиб дод ва ҳайвоноти бисёреро дар онҷо барои худо қурбони кард.  Дар адён ва таммадунҳои шинохташуда аз дер боз маросиме ба унвони зиёрат вуҷуд дошт, ки пайравони он адён барои вафо кардан ба аҳди хеш, сипосгузорӣ ва ташаккур аз худо ва ё худоён ё арвоҳи муқаддас, ки ба он эътикод доштанд, бо он амал баракот талабида; ба маконҳое, ки аз назари онҳо муқаддас буд, мерафтанд ва умуман барои онон ҳадя ва қурбонӣ мебурданд.

Ҳатто дар тамаддунҳои бутпарастӣ, ки камтар таҳти таъсири дин буданд, ҳамчунин тамаддуни Юнон ва Рим- Юнониён ва Римиёни қадим барои сипосгузорӣ ва ё ҷалби ризоят ва мусоидат ба маъбадҳо ва маконҳое ки ба онҳо таалуқ дошт, мерафтанд ва маросимро бо анҷоми қурбонӣ бо кайфияти бисёр бо шукуҳ анҷом медоданд. Дар миёни адёни бузурги ғайри иброҳимӣ будоиён, ҳиндуҳо ва зардуштиён низ чунин маросиме дошта ва доранд, зиёрати муқаддас барои динҳои иброҳимӣ, ки меросдори Иброҳим ҳастанд дорои маънои бештар ва аниқтаре будааст, ҳам яҳудиён ва ҳам масеҳиён зиёрати хоси худро дошта ва доранд. Худован дар Қурони карим мефармояд: «Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дин бошад» ( ҳаҷ ояти 67). Дар замон ҳазрати Мусо (ъ) ба ақидаи яҳудиён ду навъ қурбони вуҷуд дошт; яке қурбонии дамавий ва ғайри дамавий.Қурбонии дамавий бар се қисм аст: қурбоние ки онро ба оташ месузонданд, ҷуз пусти он чизе боқи намегузоридаанд, қурбоние ки барои ҷуброни гуноҳ тақдим мекарданд, қимате аз онро месузонданд ва қисмати дигарро барои коҳинон боқи мегузоштанд, ва қурбоние ки барои тандурусти анҷом медоданд ва хурдани гушти он ихтиёр доштанд.қурбонии ғайри дамавий низ иборат аз раҳо кардани ҳайвон дар биёбонҳо буд ва аъроб низ аз бани Исроил тақлид кардан два ба унвони тақаруб ба бутони худ ҳайвонотро дар биёбон раҳо мекарданд, ки ислом ин одати накухидарро таҳрим кард, ва ин ҳамон қурбоние аст, ки дар ояти 103 сураи моида омадааст. 

Дар ойини Масеҳият низ ба ақидаи Исавиён курбониӣ мунҳасир ба шахси Масеҳ буда, мегӯянд Ҳазрати Исо (ъ) хун ва гушти худро фидои мардуми ҷаҳон кард, ва ба ҳамин муносибат яке аз фуруъи дини насоро он аст, ки моҳе як мартаба ва ё ҳадди ақал соле як бор назди кашиш (соҳиби калисо) бираванд ва қадри имкон ваҷҳе ба вай тақдим доранд ва ба тамоми гуноҳони муртакиб шуда, иқрор кунанд то кашиш, ки ба ақидаи онон ҷанбаи ғаффорият дорад, он гуноҳонро биёмурзад. Ҳатто аъроб дар замони ҷоҳилият ки сарони қабоил ба Макка меомаданд барои бутҳои хеш курбонӣ мекарданд.

Бо ин ҳама, Ҳаҷ дар ислом достони дигаре дорад, ки он яке аз аркони ислом аст, аввалан фарди мусалмон бо фарзияти он ва бо кайфияти муқарар, муътақид бошад, дар қадами дуюм дар сурати доштани шароит бояд онро анҷом диҳад. Ин ба он маъноаст, ки ҳаҷ бахши таҷзиянопазире аз ислом аст бо ҳамон кайфияте ки таъриф шудааст, дар ҳоле ки зиёрати муқаддас дар адён ва тамаддунҳои дигар чунин набудаааст, зеро аввалан аз назари онон ин зиёрат амри воҷиб набуд дар қадами дуюм амалҳоро ки дар ин зиёрат ба ҷо меоваранд бадонгуна бо диққат ва муттасил дар ислом баён шудааст, дида намешавад, ба ибораи дигар зиёрат барои онҳо кори шоиста ва писандида буд, ки боиси кушоиш, баракат ва раҳмат мебошад, на амри воҷиб дар мафҳуми исломии он бо одоб ва русуми вобаста ба он; дар замони хос, бо кайфияти махсус.

Фалсафаи қурбони кардан дар чист? Пеш аз ҳама Ҳама дар шахсияти инсон эҳёи руҳи фидокори, ийсору истиқомат, иҷтиноб аз тафохурро меомузад, ва  дасти ёри дароз кардан ба фақирон ва мустамандон аст, ки ин нишон аз буъди иқтисоди ин маросим аст. Дар воқеъ онче муҳим аст, маънавиятест ки фард бо қурбони кардан ба он даст меёбад ва дар гом ниҳодани роҳи зиндаги ба Худо наздиктар мешавад. Дар баробари он, ки дар ҳаҷ иртиботи таҷамуъи гуногун, табодули фаҳмишҳо, гуфтугӯ ва шинохти якдигар сурат мегирад, дар он фарҳанги худсозӣ ва эҳтиром касб карда мешавад, ки камолоти фарҳангии инсонро боз ҳам ғанӣ мегардонад.                                                                                                                                                                                                                       

 

Мудири шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ                                                             Наботов  М.А                 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика