Баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо истифодаи муғризонаи дини мубини Ислом ва таҳрифи оёти қуръонӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба эътиқоди динии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонида, ақидаҳои ифротгароёнаи динии хешро таъсиргузор созанд.
Ифротгароии динӣ ва ё “экстремизми динӣ” ин яке аз шаклҳои ифротгароӣ буда, шахси ифротӣ, ки ба хурофоти динӣ гирифтор шудааст, нисбати дини ислом маълумоти сатҳӣ дорад. Ин гуна ашхосро барои ҷалб намудан ба амалҳои экстремистӣ хело кори саҳлу осон мебошад, зеро ин тоифа зудбовар буда, қобилияти таҳлили дурусти амали хешро надоранд. Ин гуна ашхос зуд аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрави динӣ гашта, амалиёти террористии дар баъзе давлатҳо аз ҷониби ҷонибдорону аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ содиршуда, нишонаи муваффақшавии онҳо дар ин ҷода мебошад. Ҳамин аст, ки роҳбарияти «Шоҳидони Яҳво» сатҳи пасти маърифати исломии баъзе мусулмононро ба эътибор гирифта, ба пайравони хеш таълим медиҳанд, ки «Бо мусулмонон бо истифода аз Қуръон мубориза баред, зеро онҳо Қуръонро намедонанд». Ҳамин аст, ки аксари пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломии дохиливу хориҷӣ, ҳизбу ҳаракату гурўҳҳои ифротӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш оёти қуръониро барои манфиатҳои хеш шарҳу тарҷумаи муҳрифона менамоянд. Содиршавии амалиёти террористӣ, резонидани хуни ноҳақ дар аксар кишварҳо, бо истифода аз ҷавонони ноогоҳ ин нишонаи мувафақияти барномаҳои тарҳрезишудаи онҳо мебошад.
Агар ба Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ рўй оварем, мебинем, ки дар асл таълимоти дини мубини Ислом мухолиф бо ин ҳама аъмоли манфур мебошад:
- «Аз ин рӯ бар банӣ-Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас каси дигарро на ба қасоси катли касе ё содир кардани фасоде бар рӯйи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки ба ӯ ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида бошад. Ва албатта паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд» (сураи «Моида», ояти 32);
- «Ва ҳар касе мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои у ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!» (сураи «Нисо», ояти 93);
- «Касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, накушед, ғайри ба ҳақ. Ва ҳар кас, ки ба ситам кушта шавад, ба талабкунандаи хуни ӯ қудрате додаем, вале дар интиқом аз ҳад нагузарад, ки Ӯ пирӯзманд аст (сураи «Исро», ояти 33);
- «Ва напиндор, ки Худо аз кирдори ситамкорон ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонад, ба дер мепартояд!» (сураи «Иброҳим», ояти 42).
Дар ҳадиси қудсӣ низ омадааст: «Эй бандагонам! Ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед» («Саҳеҳ»-и Муслим, 8/16).
Аз оёт ва ҳадиси мазкур ҳувайдост, ки Худову Расулаш (с) ҳаргиз ба бадиву бадхоҳӣ, хунрезиву вайронкорӣ, куштани нафаре амр накардаанд. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор ҳаром аст, азияту шиканҷа додани зану фарзанди одамизод ҳаром аст ва дини мубини Ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, некиву накўкорӣ буда, мардумро ба иттиҳоду ваҳдат даъват менамояд, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад.
Дар сатҳи қонунгузорӣ таҳти мафҳуми амали террористӣ ин содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурўҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурўҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, рабудани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ, маҳдуд кардан аз озодӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд, фаҳмида мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001, 30 марти соли 2006, 11 марти соли 2008, 8 январи соли 2009, 3 майи соли 2012, 9 октябри соли 2014, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Ихвону-л-муслимин» (Бародарони мусулмон), «Лашкари Тайиба», «Гурўҳи исломӣ» (ДИИШ), «Ҷамъияти Исломии Покистон», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизбу-т-таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳату-н-нусра», «Гурӯҳи-24», «Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон» ва ғайра ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www. irshod.kom, www.irshod.net ва дигар вебсайтҳои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» баста шудааст. Ба ҳудуди Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» манъ карда шудааст. Сомонаҳои интернетии «Гурўҳи 24» баста шуда, ба Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Гурўҳи 24» манъ карда шудааст.
Хатари ҷиддие, ки дар солҳои охир по ба арсаи вуҷуд гузоштааст, ин шомилшавии баъзе аз ҷавонони кишвари мо ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ мебошад, ки ин на танҳо мушкилоти ҷидии давлати мо, балки зуҳуроти номатлубу ташвишовари тамоми кишварҳои олами имрўза мебошад. Масъалаи то имрўз идома ёфтани шомилшавии ҷавононро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти соли ҷорӣ зимни суханронӣ дар «Мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар» чунин таъкид намудаанд - «Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд».
Махсусан, амалҳои ифротгаронаи моҳи декабри соли 2023 дар калисои масеҳиёни шаҳри Истамбули Туркия, 3 январи имсола дар шаҳри Кирмони Эрон ва воқеаи 22 март дар «Крокус Сити»-и шаҳри Красногорски Русия рухдода, ки дар он аз рўи иттиҳоми Русия гўё ҷавонони тоҷикистонӣ даст доштанд, доғи сиёҳе ба пешонаи пурнури тоҷикон кашид. Таркишҳои 3 январи соли равон, ҳамгоми роҳпаймоӣ ба ёди чорумин солгарди ҳалокати генерал Қосим Сулаймонӣ дар даромадгоҳи оромгоҳи шаҳри Кирмон рухдода, тибқи ахбори вазири тандурустӣ ва таълимоти тиббии Эрон Баҳроми Айнуллоҳ , 95 нафар фавтид. Вале, тибқи маълумоти ВАО теъдоди фавтидагон ба 103 нафар расида, 211 нафар маҷрўҳ гардиданд. Аммо мувофиқи маълумоти ширкати хабарии иронии IRNA теъдоди ҳалокшудагон 89 нафар, ки аз ин миқдор 12 нафари онҳо кўдакони умрашон аз 15 сола поён ва теъдоди маҷрўҳшудагон 284 нафар мебошад.
Тафтишотҳои анҷомёфта нисбати амалиёти ифротгароёнаи мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки паси ин корҳо ташкилоти террористии «ДИИШ» ва гурўҳи «Давлати исломии Хуросон» («Давлати Хуросон» низ зикр мешавад) меистанд. Натиҷаи ин он аст, ки Эрон баъди таркишҳои дар Кирмон рухдода марказҳои диишиёнро дар Вазиристони Покистон ва шаҳри Идлиби Сурия мушакборон намуд. Дар натиҷа дар Русия, Олмон, Итолиё, Туркия ва дигар кишварҳо чораҷўиҳою тафтишот нисбати тоҷикон оғоз гардид. Вале шукрона аз он мекунем, ки аксар равшанфикрону соҳибназарони хориҷӣ аз Қирғизистон, Амрико, Русия, Украина, Туркманистон тавасути шабакаҳои интернетӣ ба дифои тоҷикон бархоста, соҳибшараф, соҳибилм, соҳибхирад будани тоҷиконро таъкид намуда, бо забонҳои русӣ ва инҷлизӣ дифоъ аз тоҷикон намуда, соҳибтамадун будану хосатан хизматҳои анҷомдодаи аҷдодони бомаърифати моро ба аҳли башар бори дигар хотиррасон намуданд. Ногуфта намонад, ки амалҳои манфуронаи мазкури анҷомдодаи тоҷикистониҳо метавонад таҳримҳои гуногун, махсусан иқтисодиро, бар сари мо бор кунад. Шукри Худованд, обрўю мартабаи Пешвои муаззами миллат дар назди сарони кишварҳои олам ва таъкидҳои доимии Сарвари маҳбубамон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хосатан аз минбарҳои бонуфузи олам, оид ба миллату мазҳабу Ватан надоштани террористон ва манфиатҳои хоҷагони худро ҳаллу фасл намудани онҳо мақбул гардида, садди ин роҳ гардидаанд.
Пўшида нест, ки сарчашмаи асосии фаъол гардидани зуҳуроти террористӣ, созмондиҳии ташкилоти террористӣ ва таъмини молию таҷҳизотии онҳо, аз ҷониби кишварҳои абарқудрати хориҷӣ анҷом меёбад. Ин кишварҳои абарқудрати хориҷӣ барои амалӣ гардидани нақшаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафҳои сиёсии хеш аъмоли мазкурро анҷом медиҳанд.
Бинобар ин, вобаста ба пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мо бояд корҳои таълимию тарбиявӣ ва иттиолотиву ташвиқотиро аз оила шурўъ намуда, дар мактабу дигар ташкилоту муассиса ва идораҳои ҷамъиятӣ онро пурзӯртар намуда, фаҳмиши манфиатҳои миллиро дар байни оммаи мардум ҳамчун ҳифзи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии давлат, асосҳои сохтори конститутсионӣ, мустаҳкам намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ, рушди босуботи иқтисодӣ зиёдтар ташвиқу тарғиб намоем. Зеро, таъсири технологияи иттилоотию коммуникатсионии замони муосир, равандҳои мағзшуии ҷавонон (махсусан) дар арсаи байналмилалӣ, ба таври манфӣ муаррифӣ намудани миллату мамлакати муайяне аз ҷониби гурўҳҳои махсус, бо истифода аз дину мазҳаб тафриқаандозӣ намудан дар байни одамон дар фазои иттилоотии ҳозира кори асосию ҳамарўза гардидааст.
Амалиёти экстремистию террористии тамоми ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ-сиёсии исломии «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Давлати Хуросон» ва ғайра асосан ба қатлу куштори мусулмонон равона гардидааст. Бино ба тадқиқоти анҷомдодаи академияи ҳарбии Вест Поинти ИМА 88 фоизи қурбониёни амалҳои террористии шуъбаи ироқии «Ал-Қоида» солҳои 2004-2008 ин мусулмонони Ироқ буданд. Қатли мусулмонҳоро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои терррористии ба ном «исломӣ» дар мисоли қатли қумандони шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд 9 сентябри соли 2001 дар Панҷшери Афғонистон, қатли 80 нафар довталабони суннимазҳаб ба шуъбаи пулиси шаҳри Рамодии муҳофизат (вилоят)-и Ал-Анбори Ироқ январи соли 2006, қатли 95(тибқи маълумоти ВАО 103 нафар) нафар ва ҷароҳатбардории 211 нафар 4 январи соли равон дар шаҳри Кирмони Эрон, ба ҳалокат расонидани 6 нафар хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи «Ишқобод»-и Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби 6-уми ноябри соли 2019 аз ҷониби аъзоёни гурўҳи террористӣ бо иштироки зани солхўрдаи 70 сола ва ғайра дида метавонем.
Наҷмиддин Салимов-мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосир