Ҳадиси рӯз

 

Аз Абӯҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Худованди муттаол гуфтааст: “Ҳама амалҳои фарзанди Одам барои худаш аст – ба ғайр аз рӯза, ки барои Ман аст ва подоши онро Ман медиҳам”. Ва рӯза сипар (аз оташи дӯзах) аст ва ҳар гоҳ рӯзи рӯзадории касе аз шумо фаро расад, (бояд) фaҳш (суханони ношоиста) нагӯяд ва хархаша накунад. Ва ҳар гоҳ шахсе ӯро дашном диҳад ё бо вай ҳанг кунад, бигузор гӯяд: “Ман одами рӯзадор ҳастам”. Қасам ба Он Зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ба ростӣ бӯи даҳони рӯзадор назди Худованд хуштар аз роиҳаи мушк аст. Рӯзадорро ду навбат шодмонӣ бувад: чун ифтор кунад, шодмонӣ кунад; ва чун ба дидори Парвардигораш расад, ба (ин подоши) рӯзадориаш шодмонӣ кунад”

Саҳеҳи ал-Бухорӣ ҳадиси 1904.

Яндекс.Метрика