ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 23-26 августи соли равон дар шаҳри Тошканд ва Самарқанди Узбекистон VIII Конгресси байналмилалӣ зери унвони «Мероси ниёгони бузург - асоси эҳёи сеюм» баргузор гардида истодааст, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази исломшиноӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ зиёда аз 300 олимон ва мутахассисони шинохта аз 35 кишвари дунё иштирок доранд. Дар Конгресси мазкур Тоҷикистонро мутахассисон аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои гуногун аз он ҷумла, Осиёи Миёна дар даврони тоисломӣ, ҳаёти маънавӣ ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ дар ин давра, масъалаҳои асосии мероси маънавӣ, маориф ва илм ҳамчун асоси тамаддуни башарӣ, нодираҳои мероси сарчашамшиносӣ, меъморӣ ва ҳунармандӣ - мерос барои оянда, Осиёи Миёна гаҳвораи тамаддуни исломиро мавриди баррасии мутахассисон ва донишмандон қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ санаи 23 - юми августи соли равон директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар қисмати пленарии Конгресс дар мавзӯи «Нақши Имом Бухорӣ дар рушди тамаддуни башарӣ», «Низоми ҳуқуқи Осиёи Миёна то даврони исломӣ» баромад намуд.
Ҳамзамон дар идомаи Конгресс аз ҷониби намондагони Тоҷикистон дар мавзӯҳои «Хусусиятҳои таълимоти динӣ дар Осиёи Миёна дар асри XIX ва аввали асри XX», «Ашъори Ҷомӣ ва Навоӣ дар катибаҳои гулдузҳои Тоҷикистон ва Узбекистон» ва «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ-форсӣ дар фарҳанги исломӣ» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
АКС: Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон