ҲАМОИШИ ИЛМӢ: “ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ АЗ ОИЛА ВА МАКТАБ САРЧАШМА МЕГИРАД”

Ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстӣ аз оила ва мактаб сарчашма мегирад” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни ифтитоҳи он муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Дониёр баромад намуда қайд кард, ки ҳамоиши мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ” марбут буда, дар бедор кардани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ва тақвияти он дар замири ҷавонон, ки ҳар яке аз моён барои иҷрои ин масъала масъул ва вазифадор ҳастем, мусоидат менамояд. Сипас Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо зимни суханронии хеш доир ба мавзуи “Нақши мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” муҳиммияти тарғиби ғояҳои ин мактабро арзёбӣ кард. Корманди маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳсаидзода Шаҳбоз дар доираи маърузаи хеш “Омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирӣ аз он” саривақт татбиқ намудани чораҳои асосиро ҳамчун калиди асосии муваффақият дар ин самт донист. Дар музокира раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, раиси иттифоқҳои касабаи устодону кормандони донишгоҳ Зикирзода Ҳобил, муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Дилшод Раҷабов иштирок намуда, андешаҳои хешро доир ба мавзуи мадди назар баён карданд.Дар ниҳояти ҳамоиш як гуруҳ иштирокдорони он аз ҷумлаи устодону донишҷӯён аз баргузории чунин як ҳамоиши муҳим қаноатмандии хешро изҳор карданд.

Шаҳбоз Шоҳсаидзода

Яндекс.Метрика