ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ - ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ» БАХШИДА БА ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6-уми сентябри соли 2021 дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «ҲХДТ - зодаи даврони Истиқлол» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, раисони як қатор Кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки “31 сол муқаддам давлати ҷавони мо истиқлоли давлатии худро ба даст овард ва аз як кӯчаи сарбаста ба шоҳроҳи пурифтихори созандагию бунёдкорӣ қадам ниҳод, ки имрӯз мо самараи ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро дар тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дида истодаем. Аз ин лиҳоз, Истиқлол барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчунон, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “...бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.”
Гуфта шуд, ки ҲХДТ зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ва бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат ва Истиқлоли давлатӣ”, “Худшиносии миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ”, “Ҳифзи амнияти миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ” ва “Истиқлол: дирӯз ва имрӯз” маърӯза карданд.
Маърӯзачиён асосан атрофи нақши Истиқлол дар пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар ибрози назар карда, онро заминагузори асосии эҳёи дубораи анъанаҳои аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ - истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муҳимтар аз ҳама, нигоҳ доштани давлати миллӣ ва шакл гирифтани давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии сардафтари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.

Бознашр аз сомонаи ҲХДТ

Яндекс.Метрика