Ҳамқадами замон

Пас аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, ки гўё дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сарзамини моро тарк карда буд, аз нав вориди кишвари мо гашт ва соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи моро мисли борони файзбори наврўзи оламафрўз рўҳу равони тоза бахшид. Маҳз ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кўтоҳи таърихӣ, то фаро расидани давраи бўҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

 

Татбиқи пайгиронаи ин ғояи созандаву ормонӣ барои рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои ҷомеа ва кишвари маҳбубамон заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард. Иттилооти фараҳбахши оморие, ки ҳамарӯза тавассути садову симо ва васоити ахбори умум дар бораи дар шаҳру навоҳиҳои гуногуни ҷумҳурӣ сохтану ба истифода дода шудани иншоотҳои гуногуни саноатӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва ғайра пахш карда мешаванд, ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои милллат ва тақвияти Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд ва далели равшани ба ҳаёт татбиқ гардидани ормонҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд. 

 

Аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои замони Истиқлол бунёди роҳҳо ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, давра ба давра коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, бунёди нерӯгоҳҳои бузурги обию барқӣ, рушди муносибату ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дуру наздик, баланд гардидани нуфуз ва обрўи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва зуҳуроти номатлубу хатарноки замони муосир, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудану мавриди татбиқ қарор гирифтани пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби тоза ва даҳҳо дастовардҳои дигарро зикр кардан мумкин аст.

 

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти мамлакат кишоварзӣ мебошад. Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳҳои ворид намудани технологияи нав, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он равона гардида, метавонад моро ҳамқадами замон сохта, дар сатҳи байналмилалӣ,  муайн созад.

 

Бояд ҳар як фарди ватандӯст дар атрофи Пешвои хирадманду маҳбуби худ муттаҳид гашта, бо азму иродаи матин баҳри ободии Ватан ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат талош ба харҷ диҳад.

 

     Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ                                             Наботов М.А.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика