Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 20 июни соли 2024 ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав имзо гузоштанд. Дар банди 5-и моддаи 18 қонуни мазкур омадааст: «Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд».
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20 июни соли 2024, № 2048) дар таҳрири нав дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд.
Пешвои миллат ҳанӯз дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9-уми марти соли 2024 баргузор гашта буд, аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, хурофотпарастиву ифротгароӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ изҳори нигаронӣ намуданд ва таъкид доштанд: «Дар ҳоле, ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст. Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад».
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат мебошад, чунки хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат заминаи мусоид барои ифротгароӣ аст. Бояд тазаккур дод, ки раванди ифротгароӣ танҳо мушкилоти пас аз истиқлолияти кишвар набуда, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Вобаста ба имкониятҳо ва таҷрибаҳо ҳар як кишвар роҳҳои муқовимат бо ин падидаи номатлубро доранд ва амалӣ намуда истодаанд.
Пас, мо бояд донем, ки хурофот чист? Аслан хурофот аз калимаи арабии «ал-хурофа» ва шакли ҷамъи он «ал-хурофот» буда, маънои мавҳумот, суханони хилофи ҳақиқат, пиндор, афсона, ёва ва эътиқод ба ҷоду ва тилисмотро ифода мекунад. Дар қабилаи арабии Бани Омир, ки Маҷнуни афсонавӣ аз он баромадааст, дар давраи пеш аз ислом марде мезист бо номи Хурофа ибни Воил ал-Омирӣ, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва бо мардум суханони пучу беҳуда бисёр мегуфт. Мардуми қабилаи Бани Омир дуруғгӯён ва ёвасароёнро ба Хурофа ибни Воил ташбеҳ менамуданд. Ҳамин тавр, дар фолклори шифоҳии мардуми араб калимаи «хурофот» маънои суханони беҳударо гирифт.
Хурофот ва хурофотзадагӣ яке аз мушкилоти зеҳнию равониест, ки дар ҳар давру замон вобаста ба доираи донишу маърифати инсонҳо дар шаклҳои гуногун вуҷуд доштааст. Олимон исбот кардаанд, ки ҳар қадар таассубу хурофот дар ҷомеа реша давонад, ҳамон қадар каҷравию мушкилиҳои равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ-мафкуравӣ зиёд мегардад ва инсонҳоро аз рушду инкишофи зеҳнию ақлонӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ бозмедорад.
Ислом омӯзиши илму донишро барои марду зан фарз гардонидааст. Вақте, ки омӯзиши илму дониш фарз гардида бошад, пас, табиист, ки дар муқобили он ҷаҳлу хурофоту нодонӣ яке аз масъалаҳое аст, ки шариат онро маҳкум намуда, моро ба дурӣ ҷустан аз он даъват месозад.
Имрӯз вазифаи ҷонии мо ин аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи илмомӯзӣ тарбия намоем. Дар ҳолате, ки илму техника имрӯз бо суръати баланд пеш меравад, пойбанди хурофот ва фарҳанги асримиёнагӣ будан маънои беэътиноӣ, бемасъулиятӣ, бетарафӣ нисбат ба ояндаи тақдири худ ва насли минбаъдаро дорад. Сатҳи хурофоту андешаи хурофотиро танҳо бо хондани китоб, пеш аз ҳама ба таври асоснок, муътамад ва ҳаматарафа рушд бахшидани илмҳои дақиқ метавон коҳиш дод.
Ягона роҳи таъмини хушбахтии воқеии аҳли ҷомеа илму маориф аст, на хурофоту ҷаҳолат. Аз ин рӯ, ҳар шахси ватандӯсту меҳанпарастро зарур аст, ки ба муқобили хурофоту хурофотзадагӣ мубориза барад ва чун ниёгони хеш парчами илму маърифатро баланд бардошта, онро роҳнамои ягона ва воқеан ҳам дурусти зиндагӣ қарор диҳад.
Давлатҳои пешрафта бо такя ба пойгоҳи илмӣ-маърифатии арзишманд ва ҷаҳонбинии қавии илмӣ ҷомеаро бозсозӣ мекунанд, кайҳонро фатҳ мекунанд ва рифоҳу некӯаҳволии мардумро бамаротиб боло мебаранд. Аз ин рӯ, бояд сайъю талоши илму касбомӯзӣ ҳадафмандона аз сӯи тамоми қишрҳои ҷомеа аз хурд то калон роҳандозӣ гардад ва нухбагони дорои иқтидори баланди ақлию зеҳнӣ, масъулиятшинос, давлатмадор пешоҳангони ин раванди ҳаётсоз дар Тоҷикистони азиз бошанд. Зеро гуфтаанд, ки «гуҳар бе ҳунар нописанд асту хор».
Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд як масъалаи саҳлу содда набуда, аз падару модарон аҳаммияту таваҷҷӯҳи ҷиддиро тақозо менамояд. Масъулияти падару модар танҳо ба дунё овардани фарзанд набуда, балки масъулияти асосии онҳо ин фароҳам овардани шароити лозимӣ барои таълиму тарбияи шоистаи фарзанд мебошад.
Падару модарон бояд дар зиндагии фарзандони худ намунаи беҳтарине бошанд, то фарзанди онҳо аз кору рафторашон эҳсоси ифтихор кунад. Ватандӯстиву миллатпарвариро фарзанд пеш аз ҳама аз падару модари худаш меомӯзад. Дар тарбияи фарзандон кӯтаҳӣ ё беэътиноӣ кардан мумкин нест. Зеро, кӯтаҳӣ ё беэътиноӣ дар тарбияи фарзанд оқибатҳои фоҷиабор дорад. Рафтору гуфтор ва кирдори фарзандонро пайваста назорат кардан ба манфиати оила ва ҷомеа аст. Махсусан, падару модарон бояд аз фаъолияти интернетии фарзандон доимо огоҳ бошанд, баъзан телефонҳои фарзандонро аз назар гузаронанд, то бидонанд, ки онҳо дар баҳри беканори интернет ба чӣ корҳо машғуланд. Мутаассифона, баъзан чунин беназоратиҳо боис мешаванд, ки наврасону ҷавонон туъмаи гурӯҳҳои ифротӣ гардида, аз тариқи интернет ба сафи чунин гурӯҳҳо мепайванданд. Баъдан, афсӯсу надомат фоидае нахоҳад дошт.
Имрӯз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастии кӯр-кӯрона дар либоспӯшӣ, ришмонӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Дар ибтидо одамон ба тарзи намозхонии баъзе равияҳо тақлид мекарданд, имрӯз бошад занон ба тарзи либоспӯшиҳое, ки ба фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон ҳеҷ созгор нест, тақлид мекунанд.
Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо дар тӯли садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рӯймол ё дока, зеро зан пеш аз ҳама модар аст, аксар вақт нигоҳубини кӯдак, омода намудани таъом, тозагии хонадон ва дигар вазифаҳои хоҷагидорӣ ба дӯши зан аст. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.
Кӣ гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеҷ кас. Зеро, мо – тоҷикон дар муҳити хуби деҳот, ки сар то по саршори меҳру муҳаббат аст, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расидаем. Мо халқе ҳастем, ки дорои тамаддуни қадим буда, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хоси мардуми мо нест.
Чанд аср пеш ҳамин тақлидкориро Мавлонои бузург мазаммат карда, гуфта буданд, ки:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Пас, чаро мо бояд дар либоспӯшӣ ва фарҳанг ба дигар миллатҳо тақлид кунем, дар ҳоле ки онҳо либоси атласу куртаи чаканро намепӯшанд? Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намуда, китоби мусаввареро ба табъ расонидааст, ки дар он намунаи либосҳои тавсиявӣ барои занон дарҷ гардидаанд. Айни замон китоби мазкур аз нав такмил шуда истодааст. Агар кас бо ин тавсияҳо ошноӣ пайдо кунад, ҳатман ин либосҳо писандаш меоянд. Зеро, либосҳои тавсияшуда замонавӣ ва зебо буда, барои кору фаъолият муносиб мебошанд.
Дар баробари занон, баъзе мардони мо, низ худро ба дигар миллатҳо монанд карда, либосҳои дароз ва кулоҳҳои хориҷӣ мепӯшанд, ришҳоро дароз монда, шимҳоро калта мекунанд. Бо дидани ин манзара одам аз чунин шахсиятҳо ба ҳарос меояд, зеро шакли зоҳириашон ба ифротгароён шабоҳат дорад. Мардон бояд донанд, ки пӯшидани либоси дароз ягон фазилате надорад ва либоси исломӣ ҳам ба ҳисоб намеравад. Чунин тарзи либоспӯшӣ танҳо дар баъзе давлатҳои шарқи мусулмоннишин роиҷ буда, дар шариат ҳукми хос надорад.
Хулоса, хурофот ва хурофотпарастӣ ҷомеаро ба ақибмондагӣ, таассуб ва кундии рушд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ меоварад ва дар маҷмуъ, ҷомеаро дар баробари хатарҳо бемуқовимат ва халъи силоҳ мекунад. Гузашта аз ин, мардум бо такя ба хурофот зудбовар гардида, аз ҷониби дигарон тез фирефта мешаванд. Аз ин рӯ, хурофотпарастиро танҳо бо роҳи дастаҷамъӣ ва иштироки ҳамаи афроди ҷомеа аз байн бурдан мумкин аст.
Шокиров Ҳусен Зокирович – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон