Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад

Тайи чанд рузи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти суҳбати ду тан воизи кишвари ҳамсоя паҳн гардида истодааст, ки касро ба андеша мебарад. Аввал ин, ки ин воиз кӣ бошад. Дуюм ин, ки ба ў кӣ салоҳият додааст, ба корҳои давлатдории кишвари мустақил дахолат намояд. Шояд ў аз ҷаҳолату нодонӣ намедонад, ки кишвари мо як гушаи афғонистони ҷангзада нест. Андешаи сеюм ин аст ва чунин ба назар мерасад, ки воизи ҳарзагўй гуё муфтии соири кишварҳои Осиёи Миёна бошад ва нисбати давлатҳои минтақа ҳукм мекунад.

Ин ҳарзагуён набояд фаромуш кунанд, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол буда, ба худ роҳбар ва сохторҳои дахлдор дар соҳаи дин дорад ва муҳтоҷи раҳнамоии касе нест.
Воизонро мебояд ба таърихи 50 соли охири Афғонистон як бор андешамандона назар кунанд ва бубинанд, ки аз дасти ин мансабхоҳони исломгаро кишвар ба чӣ ҳол афтодааст.

Миллионҳо нафар гуреза, миллионҳо ба қатл расиданд ва кишвар то ҳол дар хоку хун оғушта аст. Агар гапи ин ду воиз андаке арзиш медошт, пеши роҳи ин ноадолативу разилиро мегирифтанд ва мардумро аз ин бадбахти раҳо месохтанд. Воқеият ин аст, ки сухани онҳо арзише надорад. Умуман ихтиёри онҳо дар дасти худашон нест, Дар кишвари Афғонистон феълан наздики то сад ҳизбу ҳаракату ҷараёнҳои сиёсӣ фаъолият доранд, ки дар номи ҳар кадоми онҳо калимаи ислом ҳаст ва давлати расмӣ ҳам исломӣ мебошад. Саволе пайдо мешавад, ки ҳизбҳо ҳама исломӣ давлат исломӣ чаро ҷанг хомўш намешавад? Ҷавоби аниқ ҳамин аст, ки ин ҷо ислом айб надорад, ислом парчам дасти мансабхоҳон буда ва ҷар яки ин ҳизбҳо аз ҳисоби кишварҳои манфиатҷӯи хориҷӣ пуштибон дошта ва маблағгузорӣ мегарданд.

Соли равон аз љониби кишвари Исроил садҳо ҳазор муслулмон, зану кўдакон дар Фаластин кушта шуданд. Куҷо ҳастед эй воизони майдонғариб, ки аз мусулмонон пуштибонӣ намоед. Шумо ҳама дар ин ҳолат худро ба карӣ ва курӣ андохта на мебинед ва на мешунавед. Шуморо иззати мусулмонони дарбадари Фаластин заррае нороҳат накардаст, хомўш мондед, гуё ягон воқеа рўх надода бошад. Медонед чаро? Барои он ки Шумо худ муздури ҳамин кишварҳоед, ки аз дасти онҳо мардуми мусулмони дунё азияту озор мебинад.

Воқеият ҳамин аст, ки 9 марти соли 2024 Пешвои миллат дар баромади худ доир ба ҳифзи либоси миллӣ, ки як рукни ҳастии миллат будан зикр намуданд ва гуфтанд, ки ҳар қавму миллат ба худ либоси миллии худро дорад. Ислом ба мо либос наовардааст! Либоси миллиамонро ба шароити талаботи ислом мутобиқ созем ва ҳамин вазифаро ба сохторҳои марбута: Кумитаи занон, дин ва Маркази исломӣ вобаста карда, таъкид карданд, ки онҳо либоси тавсиявиро тарҳрезӣ намуда, пешниҳод намоянд.

Дар он мулоқот Пешвои миллат умуман оиди сатру ҳиҷоб сухане нагуфта буданд, пас мо бояд тибқи дастури роҳбари давлатамон амал намуда, либоси миллии худро, ки ҷавобгӯи талаботи ислом аст, ба бар намоем ва аз тақлиду бегонапарастӣ худдорӣ намоем.

Мушовири директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода А.Ф.

Яндекс.Метрика