Ҳар 4- умин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҶВБ иштирок кардааст

Тавре Элмурод Турсунов, котиби масъули собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон мегӯяд дар ҶБВ аслан аз Тоҷикистон 300 ҳазор иштирок карданд . Дар он вақт аҳолии кишварамон 1 миллиону 200 ҳазор нафар будааст . Яъне ҳар 4 - умин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҶБВ иштирок кардааст. Мутаассифона 92 ҳазор нафар аз ҷанг бар нагаштанд. Имрӯз иштирокчиёни ҶБВ дар кишвар чанд нафар ҳастанд. Чӣ дастгирӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ дар нисбати онҳо карда мешавад ,ин ва дигар паҳлуҳои зиндагии қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маводи навбатии "Истиқлол"

24 иштирокчии ҶБВ дар Тоҷикистон дар монда..

Имрӯз дар ҷумҳурии Тоҷикистон аз 300 ҳазор нафар иштирокчӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941 -1945 , 24 нафар боқӣ мондааст, гуфт Элмурод Турсунов , котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ва бо таассуфи зиёд баён дошт я к рӯз пеш аз суҳбати мо яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ вафот кард . Ба таъкиди Элмурод Турсунов синни аз ҳама калонтарин ҷанговари солҳои 1941 1945 ба 112 расидааст. Ин нафар аз деҳаи "Шоҳамбарӣ"- и шаҳри Ҳисор зиндагӣ карда Рашид Каримов мебошад. Ҷавонтарин иштрокчии ҶБВ бошад синаш ба 98 расидаст, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад.
Дар кадом ноҳия ва шаҳр чанд нафар иштирокчии ҶБВ зиндагӣ мекунад
Бояд иброз дорам, ки ҳар мо ҳаррӯза ба шумораи иштрокчиёни ҶБВ диққат медиҳем. Дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3 нафар иштирокчии ҶБВ мондааст. Дар вилояти Суғд 6 нафар . Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 8 нафар . Дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон бошад 2 нафар .Дар шаҳри Ҳисор 2 нафар . Дар ноҳияи Шаҳринав 1 нафар . Дар ноҳияи Варзоб 1 нафар . Дар ноҳияи Сангвор 1 нафар иқомат доранд.

Иштирокчиени ҶБВ дар мади назари Президент ҳастанд

Ҳаминро бояд таъкид кунам, ки мегӯяд ҳамсӯҳбати мо аз рӯзи аввали басари қудрат омадани президнети кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармони аввалинашон ҳамчун президент ба пуштибонии собиқадорони ҶБВ иртибот дошт. Дар дораи татбиқи сиёстаи иҷтимоӣ Ҳукумати кишварамон ба масъалаҳои пуштибонии собиқадорони ҷангу меҳнат диққати махсус дода мешавад. Ин таваҷҷуҳ қариб ҳаррӯз ҳис карда мешавад. Дар доираи муқарароти Қонуни ҷумуҳрии Тоҷикистондар бораи собиқадорон барои иштрокчиёни ҶБВ ва ашхоси ба онҳо баробар карда шуда, аз ҷумла ашхосе, ки дар ақибгоҳи ҶБВ заҳматҳои фидокорона крадаанду ба таъмини ғалаба дар ҶБВ мусоидат намуданд низ ба ин иштрокчиёни ҶБВ баробар карда шуданд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва мақомоти идораҳои давлатии маҳаллӣ ба пуштибонии ин ашхос ба оилаҳои бесаробонмондаи ҷанговарон ҳалок гардида низ диққати махсус дода мешавад. Барои онҳо нафақаҳои нисбат ба сатҳи ҷумҳурӣ баландтар таъмин карда шудааст. Ҳар сол дар арафаи ҶБВ аз ҷониби президенти кишвар, Эмомлӣ Раҳмон амр ба имзо мерасад, аз ҳисоби фонди захиравии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки як даъфаинаи хело ҳаҷмаш калон расидинда мешавад. Соли гузашта ба иштрокчиёни ҶБВ дар ҳаҷми 18 ҳазор сомонӣ , аз ҷониби Ҷаноби Олӣ кумаки як вақта расонида шуд. Аз ҷониби Рустами Эмомалӣ , раиси шаҳри Душанбе 6 ҳазор сомонӣ , аз ҷониби раисони ҳукуматҳои навоҳӣ 3 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ то 27 ҳазор сомонӣ кумаки як вақта ба иштрокчиёни ҶБВ раоснида шуд. Имсол дар назар аст , ки дар арафаи Иди Ғалаба аз ҷониби президенти кишвар иштроқчиёни аз ҶБВ қадрдонӣ карда мешаванд. Интзорӣ меравад, ки дар ҳаҷми хело калон шояд аз соли гузашта дида ду мартиба зиед кумаки як вақтаина ба ин нафарон расонида мешавад. Чунин амрҳо аз ҷониби раисони шаҳру навоҳи ва вилоятҳо низ ба имзо расонида мешавад. Чунин кумакҳо ба оилаҳои бесаробонмондаи ҷанговарони ҶБВ ва заҳматкаони ақибгоҳи ин ҷанг расонида мешавад. Дар баробари ин дар тамоми марказҳои шаҳру навоҳии дар Дармонгоҳҳо ҳуҷарҳои алоҳида ҷудо карда шуданд. Дар ин ҳуҷҷарҳо танҳо иштрокчиёни ҶБВ ро қабул мекунанд ва кумаки тиббии ройгон мерасонанд. Инчунин дар буҷетҳои маҳаллӣ маблағҳо пешбинӣ шудааст , ки ба иштрокчиёни ин ҷабҳа дар вақтҳои зарурӣ ройгон пешниҳод намоянд.Ии масъалаҳо аз ҷониби Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ва навоҳи ва шаҳрҳои кишвар зери назорати доимӣ қарор дорад.

54 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дорем

Дар ҶБВ аслан аз Тоҷикистон 300 ҳазор иштирок карданд дар он вақт аҳолии кишварамон 1 миллиону 200 ҳазор нафар будааст . Яъне ҳар 4 умин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҶБВ иштирок кардааст. Мутассифона 92 ҳазорашон аз ҷанг бар нагаштанд. 56 ҳазор нафар намояндагони Тоҷикистон , ки дар ҷанг иштирок карданд бо ордену медалҳои шӯравӣ сарфароз гаштанд. 54 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дорем. 21 нафар дорандагони ордени се дараҷаи "Шараф", ки ба қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ барорбар карда шудаанд. Алҳол аз он иштрокчиёни ақибгоҳ ки дар он замон дар таъмини Ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд ҳамагӣ 170 нафар боқӣ мондааст.
Дар арафаи Иди Ғалаба як нафар иштирокчии ҶБВ сокини ноҳияи Сино ба синни 100 даромаданд. Раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Шукурҷон Зуҳуров шахсан худашон ба аёдати ин нафар рафтанд ва туҳфаҳои махсус ба он кас аз номи Ҳукумати кишвар ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат супориданд. Ягон нафар иштирокчии ҶБВ , ашхоси ба онҳо баробар карда шуда аз доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар берун намемонад.
Барномаҳои ҷашниро Вазорати Мудофиаи кишвар омода кардааст. Интизорӣ меравад ки дар Боғи Ғалаба чорабиниҳои ҷашнӣ, маросими гулгузорӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон , намояндагони Ҳукумат , вазорату идораҳои дахлдор маросими гулгузорӣ мешавад ва инчунин ба хотири нигоҳ доштани хотираи иштирокчиёни ҶБВ рӯнамоӣ аз танк мешавад , ки баъди Қарори махсуси шаҳрдорӣ аз назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба Боғи Ғалаба интиқол ёфтааст, мегуяд Элмурод Турсунов .

Саҳми мардуми Тоҷикистон дар ҶБВ

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки корнамоии ҷанговарони мо ва фронт ва заҳмати мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад шуд. Биеёд ба таърих назар мекунем ки чӣ гуна меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Ба шароитҳои ниҳоят вазнини корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озӯқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизотҳои гуногуни таъйиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Армияи Советӣ фиристонда мешуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки “Колхозчии Тоҷикистон” зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи “Тоҷикистони Советӣ” 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини пойтахт, комбинати “Огреупоругол” дар Зиддӣ сохта ба истифода дода шуд. Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъҳои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд. Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳалим Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷанггиашро бо номи “Интиқоми тоҷикон” навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: “Одамони ҷовид”, романи “Ҳар беша гумон мабар, ки холист”,”Шӯриши Восеъ” саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ғалаба дар ҶБВ бар фашизм ин ғалабаи тамоми мардуми Шӯравӣ буд, инро наояд фаромуш кард ва насли навб бояд инро доданд афзуд дар охири суҳбат Элмурод Турсунов , котиби масъули собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон.
Абдураҳмон РАҲМОНОВ “ИСТИҚЛОЛ”

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика