ҲАСТИИ МО АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Аввалан мехостам атрофи вожаи ваҳдат равшанӣ андозем. Ваҳдат калимаи арабӣ буда, чунин маъноро дорост: ягонагӣ,  яке будан; сарҷамъӣ, муттаҳидӣ, якхелагӣ, якрангӣ.

Яке ҷӯй, Ҷомӣ, дуҷӯйӣ макун,

Ба майдони ваҳдат дугӯйӣ макун.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар баробари ваҳдат калимаи сулҳ-таҷассумгари оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толабгори осоиштагӣ будани мардум мебошад. Ибораи Ваҳдат бошад, инъикоскунандаи беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат,  нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон мебошад. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки Сулҳу Ваҳдат ҳамрадифанд. Яке дигареро такмил медиҳанд.Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.

Сулҳу ваҳдат ганҷи бебаҳо буда, ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифаи ҳаётан муҳим ва муқаддаси ҳар як сокини диёр, махсусан ҷавонони баору номус ва бошараф ба шумор меравад. Ваҳдат барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дорои ҳувияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарваранд.

Нерӯи ваҳдат он қадар бузург аст, ки фазои душманиро дарҳол маҳв менамояд ва миёни инсоният сулҳу дӯстиву рафоқатро густариш мебахшад. Яъне, танҳо ва танҳо ваҳдат аст, ки ҷомеаи тинҷу осоиштаро насиби насли одам гардонидааст. Халқе, ки ба ваҳдат рӯ намеорад ва дар асоси низоми ваҳдат сарҷамъ намегардад, ҳеҷ гоҳ ба осудагӣ намерасад.

Албатта, барои давлати мо Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар пасманзари он заҳмат, талошҳо ва ҷонбозиҳои якҷояи халқи тоҷик бо сарварӣ ва ташаббускории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуҳуфтаанд.

Қобили зикр аст, ки дар замони Истиқлол барои татбиқи амали ғояи ваҳдати миллӣ, ки яке аз ормонҳои деринаи миллати мутамаддину бостонии тоҷик ва кулли ҷомеаи башарӣ мебошад, шароит ва имконияти мусоид фароҳам омад. Нахустин иқдоми сиёсии давлати тозабунёди Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал оварда шуд, маҳз барои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буд. 

Бояд тазаккур дод, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти миллатамонро муайян кард.

 

Мардуми шарафанди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараққикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

 

Дар ин маврид Пешвои миллат чунин иброз намуданд: “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

 

Дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки ваҳдати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳон эътироф намуда, миллати тоҷикро аз бузургтарин халқиятҳои маърифатпарвару адолатгустар ва ваҳдатқарину ваҳдатофар мешиносанд ва мо бояд бо чунин неъмати бебаҳои худ фахр кунем ва онро чун гаҳвараки чашм нигоҳ дорем.

 

Шокиров Умедҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика