Имом Абулмуини Насафӣ аз ҷумлаи мутакаллимону илоҳиётшиносон ва фақеҳони маъруфи миллати тоҷик буда, барои рушду тараққӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни илм ба хусус илми калом хизматҳои бузургу корнамоиҳои боризеро анҷом додааст.
Инчунин, вай яке аз чеҳраҳои намоёну шинохтаи мактаби каломии мотуридия буда дар айни замон аз шахсиятҳои бузургтарину пайрави бовафои Абўмансури Мотуридӣ мебошад. Насафӣ дар ривоҷу тақвият ва пешрафти ин мактаби таҳаммулпазиру муътадил нақши асосӣ бозидааст. Алорағми бархурдории вай аз чунин мақоми волою аз шахсиятҳои калидии мактаби мазкур маҳсуб гардиданаш, кору фаъолият ва осори пурарзиши ин абармард то ба имруз мавриди таҳқиқи комил ва фарогире нагардида ва таҳқиқотҳои илмие ҳам перомуни зиндагиву ҳаёту фаолият ва ҷаҳонбинии ин донишманд ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ба иҷро нарасидааст.
Имрўз таҳқиқоте дар бораи нақшу мақоми ин абармарди бузург дар пешрафти илму фарҳанги таърихии миллии мо ва тамаддуни ҷаҳонӣ изҳори ақида намудан ва муаррифии корнамоиву фаъолиятҳои чунин шахсият аз тақозои давру замон мебошад. Зеро, дар ин даври ҳассосу фаввора задани андешаву ақидаҳои бегона таҳқиқоту ҷустуҷў дар ин самт як амри лозим ва ҳам ногузир мебошад. То ба воситаи омўзиш ва таҳқиқотҳое перомуни афкору ҷаҳонбинии ингуна шахсиятҳои оламшумул ҷомеаи мутамаддини хешро аз ақидаву афкорҳои ғаразнок ва фарҳанги бегона ҳифз намуда, дар амну осоиштагӣ ва ободонии кишвар саҳме дошта бошем.
Чи гунае, ки зикр кардем Имом Абулмуини Насафӣ яке аз пайравони шинохта ва назарраси мактаби мотуридия буда, дар пешрафт ва густаришу равнақи ин мактаб, ки яке аз ду мактабҳои эътиқодии аҳли суннат ва ҷамоат ба ҳисоб меравад, нақши боризу чашмрасе намудааст. Чун муассис ва раиси ин мактаб низ яке аз шахсиятҳои барҷаставу донишманди миллати мо Имом Абўмансури Мотуридии Самарқандӣ буда эътиқоду фалсафаи ин мактаби хешро дар асоси ақидаву каломи мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, бунёд намудааст, яъне поягузори аслии ин мактаб худи Абўҳанифа- Имоми Аъзам мебошанд.
Абулмуини Насафӣ ҳамчун пайрави бовафо ва сарсахти Абўмансури Мотуридӣ барои машҳуру маъруф гардонидан ва интишори афкору орои ин мактаб, ки аз Қуръону суннати пайғамбар сарчашма мегирад ва бо номи каломи аҳли суннат ва ҷамоат машҳуру маълум аст, гомҳои бузурге бардошта онро дар гўшаву канори ҷаҳони ислом расонидааст. Баъди Абўмансури Мотуридӣ якчанд донишмандон ҳамчун ворисону пайравоне ин мактаб зуҳур карданд, ба монанди Абулюсри Паздавӣ, Наҷмиддин Умари Насафӣ муаллифи «Ақоиди насафия» ва Абдуллоҳи Насафӣ, Собунӣ ва дигар олимону донишмандони шинохта дар таҳкиму пешрафти ин мактаб саҳми хешро гузоштанд. Бешубҳа дар байни ин донишмандон Абулмуини Насафӣ аз мақому манзалати вижае бархурдор буда, яке аз пайравон ва тарвиҷдиҳандагони аслии ин мактаби каломии Мовароуннаҳр маҳсуб мегардид ва ақидаву афкор ва идеологияи ин мактаби каломии аҳли суннат ва ҷамоатро шарҳу тафсил дода онро ба як низому тартиби хос даровард ва тамоми андешаҳои муғлақу пушидаро ҳаллу фасл намудааст. Корнамоиҳои ин шахсияти бузург боиси он гардид, ки мактаби мотуридӣ на танҳо дар Мовароуннаҳр ва шарқи ислом, балки дар тамоми олами ислом маъруфу машҳур гардид. Ба вижа дар кишварҳое монанди Туркия, Покистон, Афғонистон, Ҳинд, Малайзия, Индонезия, Албания, Македония ва дигар нуқоти замин паҳну парешон гардид. Суханони мазкурро донишманд ва файласуфи муосири мисрӣ доктор Муҳаммад Анвар Ҳомиди Исо ҳам, ки муҳаққиқи китоби Табсирату-л-адилла»-и Абулмуини Насафӣ тасдиқ ва тақвият мебахшад. (Доктор Муҳаммад Анвар Ҳомиди Исо муҳаққиқи « Табсирату-л-адилла»-и Абулмуини Насафӣ. Миср, Қоҳира 2011 с, китобхонаи «Азҳари Шариф» саҳ: 7)
Боиси таасссуф аст, ки тасаввури бештари донишмандон ва муҳаққиқон дар шинохти ҷаҳонбинӣ ва таълимоти Абулмуини Насафӣ хеле заиф аст. Ҳатто, дар китобҳои машҳуре ба монанди Ал-ансоб, Ал-аълом ва Фавоиду-л-баҳия ва дигар китобҳое, ки дар бораи донишмандону мутафаккирони ҳанафимазҳаб таълиф гардидааст хеле кам ва андак маълумоте дар бораи ин шахсияти варзида оварда шудааст. Шояд сабаби аслии он дар робита ба шароитҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, дастрас набудани иттилоъ доир ба Абулмуини Насафӣ бошад, зеро мутафаккир на дар маркази хилофат яъне шаҳри Бағдод балки, дар як гўшаи хилофат аниқтараш дар шаҳри Самарқанд, фаолият дошт ва кору таълифоти илмии хешро низ инҷо адо намудааст. Муҳаққиқи китоби «Табсирату-л-адилла» доктор Муҳаммад Анвар Ҳомиди Исо яке аз дигар сабабҳоро баён намуда менависад: Он муҳаққиқоне, ки дар китобҳи хеш дар мавриди донишмандону мутафаккирони мотуридиён навиштаанд, дар тарҷумаи ҳоли онҳоро хеле мухтасар ва кўтоҳ меоварданд, ки боиси расидани маълумоти андак то ба имрўз гардидааст.(Доктор Муҳаммад Анвар Ҳомиди Исо дар таҳқиқи « Табсирату-л-адилла»-и Абулмуини Насафӣ. Ҷузъи аввал, саҳ:12)
Ҳамчунин, сабаби дигаре низ вуҷуд дошт, ки мутобиқи он уламои Мовароуннаҳр илми фиқҳ ва каломро ба асосгузори мазҳабашон Абўҳанифа мансуб медонистанд. Барои мисол Ҳакими Самарқандӣ дар китоби « Ассаводу-л-аъзм»-и худ тамоми ақидаҳоро ба қавли аҳли суннат нисбат медиҳад, дар ҳоле ки метавонист онҳоро ба устоди хеш Мотуридӣ нисбат диҳад. Дар робита ба ин натиҷагирӣ ва дигар сабабҳои сиёсӣ ва мазҳабиву динӣ ҷойгоҳ ва осору мақоми Абулмуини Насафӣ барои маркази хилофат номаълум монда, таъсири ў қабл аз ҳама дар Самарқанд ва дигар минтақаҳои ҳанафимазҳаби Мовароуннаҳр паҳн гардид. (Идома дорад.)
Қурбоншоев Илҳом Ҷумахонович - мутахасисси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ