ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ - ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТИСТ

Ҳизби наҳзати ислом дар замоне ташкил шуд, ки макфураи мардумро як хало пур карда буд. Ин ҳизб бо суханҳои бардурӯғи худ мардумро мафтун намуда, ҳадафҳои нопокӣ худро пиёда намудан гирифт. Оқибати кор ба он ҷо расид, ки кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон барои барқарор намудани сулҳу оромӣ дар Вазорати адлия онҳоро ба қайд гирифта, ба аъзоёни ин ҳизб имкониятҳои зиёд дода буд, ҳатто дар мансабҳои баланди давлатӣ ба онҳо вазифа ва дар парлумон курсӣ ҷудо намуда, ба онҳо ичозат дода шуд, ки дар интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ иштирок намоянд.

Онҳо аз ин имкониятҳои додашуда муғризона суистифода намуда, дар ҳолати ноком шуданашон дар интихобҳо мекушиданд то мардумро бар зидди ҳукумати кишвар шуронида, кишварро ноором созанд.

Билохира дар таърихи моҳи сентябри соли 2015 онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ даст ба табадуллоти ҳарбӣ заданд. Дар таърихи 29 сентябри 2015, ин ҳизб аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Токистон ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шуда, фаъолияташ манъ шуд.

Пас аз қатъ кардани фаъолияти онҳо дар кишвар онҳо фаъолияташонро дар хориҷ аз кишвар идома доданд ва номашонро бо Паймони миллии Тоҷикистон иваз намуданд. Аммо фаъолияти сиёсӣ ҳамон наҳзат монда буд.

Баъди таҳлилу таҳқиқи фаъолияти сиёсии ҳизби наҳзат дар кишвари Руссия Суди Олии Федератсияи Руссия Ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ҳизби террористӣ эълон намуда, фаъолияташро дар қаламравӣ Руссия манъ кард.

Бояд якчанд нуқтаро дар ин маврид зикр намоям:

Аввалан, онҳо дар ҳизмати ислом не, балки дар ҳизмати хоҷагони хориҷӣ буданд.

Дуюм, агар онҳо дар хизмати дин мебуданд чаро тағйир ном намудан, зеро номи ислом ба онҳо кофӣ буд.

Сеюм, модоме ки онҳо дар хизмати дин буданд, чаро аъзои ҳизбашонро партофта, худ бо аъзои оилаашон ба хориҷи кишвар фирор намуданд. Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, онҳо дар хизмати ислом не, балки дар хизмати нафси худ буда, мехостанд ҳокимиятро ғасб намоянд.

Дар кадом нуқтаи кишвари ҷаҳон набошанд, агар дар умқи замири инҳо меҳру муҳаббат ба Ватан ва миллат бедор нашавад, инҳо ҳамеша душмани ин миллат мемонанд.

ШУЪБАИ ПАЖУҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР

Яндекс.Метрика