Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияташ ба манфиати халқ равона шудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти мамлакат буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонии ормонҳои мардум тавонист нақши мондагор гузорад.
Нақши ин ҳизби сиёсӣ дар рушди иқтисодиёти навини Тоҷикистон беназир буда, талошҳои барномавии он ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон