Ҳикояи «Мусо (а) ва чӯпон».

 
Дид Мусо як шубонеро ба роҳ,
К-ӯҳамегуфт:- Эй Худову эй Илоҳ!
Мусо алайҳиссалом дар биёбон мегузашт, ба чӯпоне бархӯрд содадилу содаандеша, бо диле оганда аз ишқу сафо ва муҳаббат ба Худо. Аз Худо тасвире инсонгуна дошт, мепиндошт, ки Худо низ монанди мо одамон ҳайкале дорад, саре дораду мӯй ва дасту пойе, бо чунин Худое муноҷот мекарду мегуфт:
Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат
Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шапушҳоят кушам,
Шир пешат оварам,эй муҳташам!
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.
Эй фидои ту ҳама бузҳои ман,
Эй ба ёдат ҳай-ҳайю ҳайҳои ман.
Ӯбо Худои худ ин гуна содаву беороиш сухан мегуфту мегирист. Мусо чун ин суханон бишнид, барошуфт, ки Худои ҳастиофарин даст надорад, ки ту бибӯсӣ, либос надорад, ки ту бишӯӣ, по надорад, ки ту бимолӣ.Ин чӣкуфр аст, ки ту бар забон меронӣ?
Гуфт Мусо:-Ҳай , бас мудбир шудӣ,
Худ мусулмон ношуда,кофир шуд
Ин чӣжожаст? Ин чӣкуфр асту фушор?[1]
Пунбае андар даҳони худ фашор.
Ганди[2]куфри ту ҷаҳонро ганда кард.
Куфри ту дебои динро жанда кард.
Мусо алайҳиссалом дар накӯҳиши чӯпон сухан бисёр гуфт. Чупон ғамгину афсурда шуд.Ҷомааш чок карду оҳи сӯзоне кашид ва сар ба биёбон гузошту рафт:
Гуфт:- Эй Мусо, даҳонам дӯхтӣ,
В-аз пушаймонӣту ҷонам сӯхтӣ.
Ҷомаро бидриду оҳе кард тафт,
Сар ниҳод андар биёбону бирафт.
Пас аз он ваҳйе аз осмон омад, ки:-Эй Мусо! Ин чӣкоре буд,ки кардӣ?Чаро бандаи моро аз сӯи мо рондӣ? Ту омадаӣбандагонро бо ман ошно кунӣва муҳаббати манро дар дилҳошон шукуфо созӣ, на он ки ононро аз ман ҷудо намоӣ:
Ваҳйомад сӯи Мусо аз Худо:
Бандаи морози мо карди ҷудо.
Тубарои васл кардан омадӣ,
Не барои фасл кардан омадӣ.
Ҳар касероистилоҳе додам,
Ҳиндувонро истилоҳи ҳинд мадҳ,
Синдиёнро истилоҳи синд мадҳ.
Мозабонро нангарему қолро,
Мо дарунро бингарему ҳолро.
Нозири қалбем, агар хошеъбувад,
Гарчи гуфтӣлафзи нохозеъ равад.
Мусо чун ин итоб аз Ҳақбишнид, ба худ омад ва аз кардаи хеш сахт пушаймон шуд ва дар биёбон дар пайи чӯпон равона гашт.
Саранҷом бар чӯпон даст ёфт. Узрҳо хост ва навозишҳо намуд, то кардаи худро ҷуброн намояд. Он гоҳгуфт:-Эй чупон, ҳар гуна мешиносӣ, бо Худоят муноҷот кун ва «ҳар чӣмехоҳад дили тангатбигӯ». Аммо чӯпон ҳоли дигаре ёфта, шӯридаву саргаштаи Ҳақшуда буд ва ба хотири ин шӯридаҳолӣба мақомоти баланде расида буд:
Гуфт:-Эй Мусо,аз он бигзаштаам,
Ман кунун дар хуни дил оғуштаам
Ман зи сад раҳмунтаҳо бигзаштаам,
Садҳазоронсола з-он сӯрафтаам.
Тозиёна барзадӣ, асбам бигашт,
Гунбаде карду зи гардун баргузашт.
Ҳоли ман акнун бурун аз гуфтан аст,
Ин чӣмегӯям, на аҳволи ман аст.
(Аз китоби Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз "Маснавии маънавӣ")
ТаҳияиИсоев Насим - мутахассиси пешбари шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ.

[1]Фушор-њазён, бењуда, дашном.

[2]-бўи бад.

Яндекс.Метрика