Мардумозореро ҳикоят кунанд, ки санге бар сари солеҳе зад. Дарвешро маҷоли интиқом набуд, сангро нигоҳ ҳамедошт, то замоне, ки маликро бар он лашкари хашм омаду дарчоҳ кард. Дарвеш андар хашм омаду санг дар сараш кўфт.
Гуфто:
Ту кистӣ ва маро ин санг чаро задӣ?
Гуфт:
-Ман фалонам ва ин ҳамон санг аст, ки дар фалон таърих бар сари ман задӣ.
Гуфт:
-Чандин рўзгор куҷо будӣ?
Гуфт:
Аз ҷоҳат меандешидам, акнун, ки дар чоҳат дидам,
фурсат ғанимат донистам.
Носазоеро, ки бинӣ бахтиёр,
Оқилон таслим карданд ихтиёр.
Чун надорӣ нохуни дарранда тез,
Бо бадон он беҳ, ки кам гирӣ ситез!
Ҳар кӣ бо пўлод бозу панҷа кард,
Сойиди симини худро ранҷа кард
Бош то дасташ бубандад рўзгор,
Пас ба коми дўстон магзашт барор.
(Аз «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ)
Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ