ҲИКОЯИ ИЛМ АЗ НИГОҲИ ЧӮПОН

Донишманде дар саҳро бо чӯпоне рӯ ба рӯ мешавад. Аз чӯпон мепурсад:

- Барои чӣ таҳсили илм накардӣ ва ба чӯпонӣ машғул шудӣ?
Чӯпон гуфт:
- Он чӣ хулосаи донишҳост аз худ кардам.

Донишманд пурсид:
- Хулосаи донишҳо чист?
Чӯпон ҷавоб дод:
- Хулосаи донишҳо панҷ чиз аст:

1. То рост тамом нашавад, дурӯғ нагӯям.
2. То моли ҳалол тамом нашавад, ҳаром нахӯрам.
3. То аз айбу гуноҳи худ пок нагардам, айби мардум нагӯям.
4. То рӯзии Худо (ҷ.ҷ.) тамом нашавад, ба хонаи дигаре наравам.
5. То қадам ба биҳишт нагузорам, аз ҳавои нафсу шайтон ғофил набошам.

Донишманд гуфт: дар ҳақиқат тамоми донишро аз худ кардаӣ, ҳар касе ин панҷ хислатро дошта бошад, аз оби ҳақиқати илм ва ҳикмат сероб гаштааст.

Бознашр аз Хазинаи маърифат.

Яндекс.Метрика