“Маснавии маънавӣ” – яке аз машҳуртарин асарҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буда, он пур аз ҳикоёту достонҳои пандомез мебошад. Бисёре аз ҳикояҳо ва достонҳои ин шоҳасари Мавлоно дорои мазмун ва арзиши баланди ҳаётӣ буда, инсонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи нек, сифатҳои неки инсонӣ тарбия мекунанд ва дар вай рағбат ба омӯзиши илму ҳунарҳои муфидро афзун мегардонанд. Ба ҳамин хотир, ба ин асари безавол шарҳхои зиёде навишта шуда, мазмуну матолиби ҳикоёту достонҳои он ба таври оммафаҳм шарҳу таввзеҳ дода шудаанд. Дар зер намунае аз ин гуна шарҳҳоро дар мисоли шарҳи ҳикояти “Киштибон ва наҳвӣ” зикр мекунем.
Киштибон ва наҳвӣ
Он яке наҳвӣ бо киштӣ дар нишаст,
Рӯ ба киштибон ниҳод он худпараст.
Гуфт:-Ҳеҷ аз наҳв хондӣ? Гуфт:-Ло,
Гуфт:-Ними умри ту шуд дар фано.
Дилшикаста гашт он маллоҳ зи тоб,
Лек он дам кард хомуш аз ҷавоб.
Наҳвӣ касеро гӯянд, ки дастури забони арабиро нек медонад ва бар қавоиди ин забон мусаллит (фарогирифта, мусаллаҳ) аст. Қавоиди адабиёти араб дар миёни мусулмонон бисёр муҳим шумурда мешавад ва ҳамвора доноёни ин илм бар худ меболидаанд.
Наҳвии достони мо низ ба дониши худ сахт мағрур буд ва аз ин рӯ, илми худро ба рухи киштибон кашид ва ӯро маломат намуд, ки чаро аз илми наҳв чизе намедонад ва чун ин донишро надорад, ними умраш бар фаност.
Ин бигзашт, то он ки киштӣ дар доми гирдобе гирифтор омад ва дар маърази ғарқ шудан қарор гирифт:
Бод киштиро ба гирдобе фиканд,
Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд:
-Ҳеҷ донӣ ошно кардан? Бигӯ.
Гуфт: -Не, эй хушҷавоби некрӯ!
Гуфт: -Кулли умрат, эй наҳвӣ, фаност,
З-он ки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост.
Нохудо ба наҳвӣ гуфт:- Оё шино кардан медонед?
Гуфт:- Намедонам.
Нохудо гуфт: -Агар ман ба хотири надонистани наҳв ними умрам бар фаност, ин ки ту ба хотири надонистани шино тамоми умрат барбод рафтааст, чун киштӣ дар ҳоли ғарқ шудан аст.
Эй, ки халқонро ту хар мехондӣ!
Ин замон чун хар бар ин ях мондаӣ.
Гар ту аллома (й) замонӣ дар ҷаҳон,
Нак фанои ин ҷаҳон бин в-ин замон.
Пас ҳаргиз ҳунари худ ба рухи дигарон макаш ва ҳунари дигаронро беҳунарӣ мадон, ки ҳар донише ба ҷои худ некӯ ва дар вақти худ судманд аст.
(Аз китоби “Ҳикояҳо ва достонҳои “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ )
Таҳияи Садуллоев Аҳмадҷон