Ҳикояти марди мӯзадӯз дар мисоли адлу дод бар раият

Амире вакили хешро бихонду гуфт: - Дар Бағдод касеро мешиносӣ  аз мардумони шаҳрӯ бозор, ки ба диноре пансад бо ман муомилат кунад, то вақти муайяне боздиҳам.

 

Вакил андеша кард, аз дустонаш яке ба ёд омад, ки дар бозор хариду фурӯхт кардӣ ва шашсад динор зарри халифатӣ дошт, ки ба рӯзгор ба даст оварда буд. Амирро гуфт: - Маро марди ошноест, ки дӯкон ба фалон бозор дорад ва ман гоҳ-гоҳе ба дӯкони ӯ нишинам ва бо ӯ доду гирифт кунам, шашсад динор зар дорад. Магар касе назди - ӯ фиристӣ ва ӯро бихонӣ ва ба ҷойи некаш бинишонӣ ва ҳар соат талаттуф кунӣ ва гиромӣ дорияш, пас аз нон хӯрдан сухан бо ӯ ба забони худ бигӯй. Бошад, ки аз ту шарм дорад ва он хоҳишоти ту рад натавонад кард. Амир ҳамчунон кард ва кас бад ӯ фиристод, ки бо ту замоне шуғл дорам, қадам ранҷа кун.

 

Мард бархосту ба сарои амир шуд ва ӯро ҳаргиз бо амир маърифате набуд ва чун пеши дар рафт, салом кард. Амир чун «алек» гуфт, рӯй сӯи надимону хавоси хеш кард, ки «ин фалон кас аст?» Гуфтанд: - Оре. Амир пеши ӯ бар пой хост ва фармуд, то ӯро бо ҷойи некаш бинишонданд. Пас, гуфт: - Ман озодмардию некусиратӣ ва диёнати ту, эй хоҷа, шунидам, чаро густохӣ накунӣ ва муҳимме, ки бошад, нанамой ва бо мо дӯстӣ накунӣ? Ва дар ҳар чӣ амир мегуфт, ӯ хидмат мекард ва вакили амир гуфт: - Хоҷа сад чандин аст.

 

Замоне буд, хон оварданд. Амир ӯро наздики хеш ҷой доду ҳар замоне аз пеши хеш хӯрданӣ баргирифтӣ ва пеши ӯ ниҳодӣ. Чун хон баргирифтанду даст бишӯстанд ва қавм пароканда шуданд, хавос бимонданд, амир рӯй сӯйи он мард карду гуфт: -Донӣ, ки туро ба чӣ ранҷа кардам? Гуфт: - Амир беҳ донад. Гуфт: - Маро дар ин шаҳр дӯстону азизон бисёранд, ки ҳар ишорат, ки мо бад-эшон кунем, аз он нагузаранд ва агар панҷ ҳазору даҳ ҳазор аз эшон бихоҳем, вафо кунанд ва дареғ надоранд, аз он чӣ эшонро аз муомилоти ман хонда бисёр бувад ва ҳаргиз кас аз сӯҳбати ман зиён накардааст, дар ин қисса маро орзу чунон кард, ки миёни ману ту дӯстию улфат бошад ва густохӣ равад.

 

Ҳарчанд ки маро азизон бисёранд, аммо маро мебояд, ки ту дар ин ҳол бо ман ба диноре ҳазор муомилат кунӣ ба муддати чаҳору панҷ моҳ, то вақти иртифоъ бидиҳем ва дастҷомае бар сар ниҳем ва донам, ки бад-ин кадар туро дастрас бошад ва ба азъоф аз ман дареғ надорӣ.

 

Мард аз шарм ва талаттуфе, ки бо ӯ ҳамекард, гуфт:- Фармон амиррост, валекин аз он дукондорон наям, ки маро ду ҳазор ё ҳазор бошад ва бо меҳтарон ҷуз рост натавон гуфт, ҳама сармоя шашсад динори халифатист ва дар бозор дасту пой мезанам ва хариду фурӯхти андаке мекунам ва ба рӯзгор ва сахтӣ ба даст овардаам. Амир гуфт: - Маро дар хазина зарри дастзада ҳаст бисёре, валекин ин корро нашояд ва маро аз ин муомилат ҷуз дӯстӣ нест ва чӣ хезад туро доду ситади андак кардан? Ин шашсад динор ба ман деҳ ва каболаи ҳафсад динор ба гувоҳии ҷамъи удул аз ман биситон то ба вақт.

 

Вакилаш ҳамегуфт: - Ту ҳанӯз амирро надонӣ, аз ҳама бузургони давлат ҳеҷ кас покмуомилатар аз амир нест. Гуфт: - Фармон бардорам ва фармон амиррост. Он қадар, ки ҳаст, дареғ нест. Он зар бад - ӯ дод ва амир он навишта бад-ӯ дода, чун аҷал ба сар омад, он мард ба саломи амир шуд ва ба забон ҳеч тақозо накард, ки амир маро бинад, биандешад, ки ба тақозои зар омадаам. То ду моҳ бар ин бигузашт, ки омаду шуд мекард ва зиёдат аз даҳ бор амир он мардро бидид, ба хотир нарасонид, ки ба тақозои зар меояд. Мард дид, ки амир тағофул мезанад, қисса бинавишт ва ба дасти амир дод, ки маро бад-он зар ҳоҷат аст ва аз ваъда ду моҳ гузашта. Агар раъй бинад, ишорате ба вакил кунад, то ба ходим таслим кунад.

 

Амир гуфт: - Ту пиндорӣ, ки аз кори ту ғофилам, дил машғул мадор. Рӯзаке чанд сабр кун, ки ман дар тадбири зарри туам, мӯҳр карда ба дасти мӯътамаде азони хеш ба хонаи ту фиристам. Ин мард ду моҳи дигар сабр кард ва асари зар ҳеҷ надид. Дигарбора ба сарои амир шуд ва қисса ба забон бигуфт. Амир ҳам ишвае чанд бидод ва ҳар ду-се рӯз ба тақозо мерафт ва ҳеҷ суд намедошт ва аз вақти ваъдадодашуда ҳашт моҳ бигузашт. Мард дармонд. Мӯҳташамонро ба тақозо барангехт ва ба қози-ул-қуззот шуд, ӯро ба ҳукми шаръ хонд, ҳеҷ бузургеву мӯҳташаме намонд, ки аз ҷиҳати ӯ бо амир сухан нагуфтанд.

Ва пеши қозӣ панҷоҳ бор кас оварданд, ӯро ба шаръ наметавонист барад ва на он чӣ мегуфтанд, мепазируфт, то бар ин ҳол як солу ним бигузашт ва мард оҷиз монду бад-он розӣ шуд сад динори дигар кам кунад аз он чи додааст ва аз сари суд низ бигузарад, ҳеҷ фоида надошт.

Умед аз ҳама меҳтарон бибурид, дил дар худой азза ва ҷалла баст ва ба масҷид шуд, чанд ракъат намоз бигузориду ба худой таоло бинолид ва мегуфт: - ё раб, ту ба фарёд рас ва маро ба ҳаққи хеш бозрасон ва доди ман аз ин бедодгар биситон.

 

Магар дарвеше дар он масҷид нишаста буд, нолаи вай бишунид. Дилаш бисӯхт. Чун аз тазаррӯъ фориғ шуд, гуфт: - Эй азиз, туро чӣ расидааст, ки менолӣ, бо ман бигӯй. Гуфт: - Маро ҳоле пеш омадааст, ки бо махлуқ гуфтан суде надорад ва бо ту гуфтан суде надорад. Дарвеш гуфт: - Агар бо ман суд надорад, зиён ҳам надорад ва нашунидаи, ки гуфтаанд: «Ҳар киро дарде бошад, бо ҳама кас бибояд гуфтан. Шояд ки аз камтар касе биёбад дармони онро». Ва агар ҳоли хеш бо ман бигӯӣ, бошад, ки туро роҳате расад. Пас, агар роҳате нарасад аз ин, ки хастӣ, дарнамонӣ.

 

Мард бо худ гуфт: - Рост мегӯяд, савоб он аст, ки бигӯям. Мочарои хеш бозгуфт билтамом. Дарвеш чун бишунид, гуфт: -Эй озодамард, инак ранҷро роҳат падид омад. Агар он чӣ ман бигӯям, бикунӣ, ҳам акнун ба зарри хеш бозраси.Гуфтам: - Чӣ кунам? Гуфт: - Ҳам акнун ба фалон маҳалла рав, дар паҳлуи масҷид манорае дорад ва марди дарзӣ дар он ҷо нишаста ва мураққае пӯшида карбос ҳамедӯзад ва кӯдаке ду дар пеш дорад. Бар он дӯкон рав ва салом куну бинишин ва аҳволи хеш бо ӯ бигӯ. Чун ба мақсад расӣ, маро ба дуо ёд кун ва дар он чӣ гуфтам, коҳилӣ макун.

 

Мард аз масҷид берун омад ва бо худ андешид, ки «эй аҷаб, ҳама бузургонро шафеъ кардам, суде накард, акнун ин дарвеш, ки марди пир ва оҷиз аст, ба пири дарзӣ раҳнамуни кард ва менамояд, ки мақсуд аз ӯ ҳосил мешавад ва маро ин муҳол менамояд, валекин чӣ кунам? Биравам. Агар фоида накунад, аз ин бадтар ҳам нашавад. Рафт то ба дари масҷид ва бад-он дӯкон шуд ва бар он пир салом карду дар пеши ӯ нишаст.

Пирамард чизе медӯхт, соате буд дӯхтан. Дӯхтан аз даст биниҳод ва мардро гуфт: - Ба чӣ кор ранҷа шудӣ? Шуғлею фармоне ҳаст?

Мард ҳол ва қиссаи хеш аз оғоз то анҷом бо ӯ бигуфт.

 

Дарзӣ чун аҳвол бишунид, уро гуфт: - Корҳои бандагонро Худой азза ва чалла рост орад. Ба дасти мо ҷуз сухане набошад. Мо низ ба хасми ту сухане бигуем, умедворам, ки Худои таоло рост орад ва ту ба мақсуд расӣ. Замоне бинишин, пушт бар он девор бознеҳ.

Пас аз он шогирдон якеро гуфт: - Бархез ва ба сарои фалон амир рав. Чун дар саро шави, бар дари ҳуҷрай хос бинишин, ҳар кӣ дар он ҷо шавад ё берун ояд, бигӯ, ки шогирди фалон дарзӣ бар дар истодаас ва ба ту пайғоме дорад, ҳамегӯяд; марде аз ту ба тазаллум пеши манн омадааст ва ҳуҷҷате дар даст дорад ба ҳафтсад динор ва аз вақт як солу ним гузашта, ҳам акнун хоҳам, ки зарри ин мард бирасонӣ ба камол ва ӯро хушнуд кунию тақсир накунӣ ва зуд ҷавоби ӯ ба ман ор.

 

Кӯдак ба так бархост ва ба сарой амир шуд ва мард ба тааҷҷуб шуда буд, ки подшоҳ бандаи хешро чунон пайғом надиҳад, ки ӯ бад-он амирро ба забони кӯдак. Замоне буд, кӯдак бозомад. Устодро гуфт: - Ҳамчунон кардам, ки маро гуфтӣ. Пайғом расондам. Амир аз чай бархосту гуфт: «Саломи ман хидмати устод бирасон ва бигӯй, ба ҷон миннатдорам, инак меоям ва зар бо худ меорам ва узри тақсири рафта бихоҳам ва ҳамин соат зар таслим кунам».

 

Ҳанӯз соате нагузашта буд, ки ин амир меомад бо рикобдорею ду чокар. Аз асп фурӯд омад ва салом карду бар дасти пирамард буса бизаду бинишаст ва сурраи зар аз чокар биситаду гуфт: - Инак зан(н) набарӣ, ки ман зарри ин мард бозхостам гирифт ва ин тақсир, ки рафтааст аз ҷониби вакилон бувад. Ва гуфт: -Бирав аз ин бозор ноқиде биёвар.; рафтанд ва ноқиде биёварданд. Зарри нақд баркашид, пансад динор буд Амир гуфт: - Ин пансад динор дар канори ӯ рез. Ва гуфт: - Фардо, чандон ки аз даргоҳ бозгардам, ӯро бихонам, дувист динори дигар таслим кунам -ва узри гузашта бихоҳаму дил хуш кунам ва чунон кунам, ки фардо пеш аз намози пешин саногӯ пеши туояд.Пирамард гуфт: - Ин пансад динор ба вай супор ва чунон кун, ки аз ин қавл бознагардӣ. Гуфт: - Чунин кунам. Зар дар канори ман кард ва дасти пирро дигарбора бӯса доду бирафт ва ман аз хуррамӣ намедонистам, ки чунам. Сангу тарозу бихостам ва сад динор санҷидам ва пеши пир ниҳодаму гуфтам: - Ман ризо бад-он додаам, ки сад динор камтар бозситонам. Акнун аз баракоти сухани ту ҳафтсад динор ба ман расида, ин сад динор ҳаққулсаъи туст ба тавъи хеш ба ту бахшидам. Пирамард рӯй турш карду гуфт: - Ман он гоҳ биосоям, ки ба сухани ман дили мусулмоне аз ѓаму ранҷ халос ёбад.

Агар аз сад динор як динор бар худ ҳалол кунам, ман золимтар аз он турк бошам, ки ҳафтсад динор аз ту биситад. Бархезу бирав. Агар фардо дувист динор зар ба ту нарасида бошад, бояд ки маълуми ман кунӣ ва баъд аз ин муомила бояд ки ҳарифи худро бишиносӣ.

Чун бисёр ҷаҳд кардам, ҳеҷ напазируфт. Бархостам ва аз пеши ӯ бирафтам ва он шаб фориғдил будам ва бихуфтам. Дигар дар хона нишаста будам, чоштгоҳе касе аз назди амир ба талаби ман омаду гуфт: Амир мегӯяд, лаҳзае ба сарои мо ҳозир шав.

 

Чун бирафтам, амир бархост ва эъзоз намуду ба ҷои некӯ бинишонд ва вакилони хешро бисёр дашном дод, ки тақсир эшон карданд ва ман пайваста ба шуғли хидмат машғул мебошам ва ҳазор бор фармудам, то ҳаққи ту ба ту бидиҳанд. Пас, якеро гуфт: - Хазинадорро гӯ, кисаи зар биёрад ва тарозу биёраду дувист динори халифатӣ биёрад ва бисанҷаду ба ман диҳад.

Доданд, гирифтам ва хидмат кардам, бархостам, то биравам, гуфт: - Замоне бинишин. Бинишастам. Хон оварданд. Чун таом хӯрдему даст шустем, чизе дар гӯши ходим гуфт. Ходим рафт, дарҳол бозомад ва ҷомае дар миён, эзоре бар даст ниҳода.

 

Амир гуфт: -Дар-пушон. Ҷуббаи гаронмояе дар ман пӯшониданд ва дастори касаб бар сари ман бастанд. Пас амир маро гуфт: - Аз ман ба дил хушнуд гаштӣ? Гуфтам: - Гаштам. Гуфт: - Қабола ба ман деҳ ва чунон кун, ки ҳам имрӯз пеши пир равӣ ва пирро бигуи, ки ба ҳаққи хеш расидам ва аз фалон хушнуд гаштам. Гуфтам: - Чунин кунам, ки ӯ худ маро гуфтааст. Бархостам ва аз сарои амир ба наздики пири дарзӣ шудам ва ҳол бад-ӯ гуфтам, ки амир маро бихонду гиромӣ кард ва боқии зар бидод ва бар сари он ҷуббаю дасторе дар ман пӯшонид. Ва ин ҳама аз баракоти сухани ту медонам, ки бошад, ки ин дувист динор аз ман бипазирӣ. Ҳар чӣ гуфтам ба каму зиёд, аз ман напазируфт. Бархостам, ба дили фориғ ба дӯкон омадам ва дигар рӯз барра ва мурғе чанд бирён бо табақе ҳалво ва кулча пеши дарзӣ бурдаму гуфтам: - Эй шайх, агар зар намепазирӣ, ин қадар хӯрданӣ боре аз ман бипазир, ки аз касби ҳалоли ман аст, то дили ман хуш гардад.

 

Гуфт: - Пазируфтам. Даст фароз кард, таоми ман бихӯрд ва шогирдонро бидод. Пас, шайхро гуфтам:- Маро низ ҳочатест, агар фармон диҳӣ , бигуям. Гуфт: - Бигӯй. Гуфтам: - Ҳама вазирону бузургон аз ҷиҳати манн сухан гуфтанд, ҳеҷ суд надошт ва сухани ҳеч кас гӯш накард, қози - ул - қуззот дар кори ӯ оҷиз монд. Сабаб чист, ки сухани туро қабул кард ва ҳар чи ту гуфтӣ, дар-вақт ба ҷо овард ва зарри ман бидод. Ин ҳурмат ва ҳашамати ту ба наздики ӯ аз куҷост, маро бозгӯ, то бидонам. Гуфт: - Ту аз аҳволи ман бо амир хабар надорӣ? Гуфтам: - На. Гуфт: - Гӯш дор, бигӯям. Гуфт: - Бидон, ки чанд сол аст, то бар манораи ин масҷид бонги намоз мекунам ва касби ман дарзигарӣ аст ва ҳаргиз май нахӯрдаам ва корҳои ношоиста накардаам ва дар ин кӯй сароӣ  амирест. Магар рӯзе намози дигар бикардам ва аз масҷид берун омадам, то ба дӯкон оям, амирро дидам масту хароб меомад ва даст дар чодари зани ҷавоне зада буд ва ӯро ба зӯр мекашид ва ин зан фарёд мекарду мегуфт: - Эй мусулмонон, маро фарёд расед, ки ман зане инкора нестам, духтари фалон касам ва хона ба фалон маҳалла дорам ва ҳама кас ситру салоҳи маро донанд ва ин турк маро ба мукобара мебарад, то бар ман фасод кунад ва низ шуям ба се талоқи ман савганд хӯрдааст, агар шабе аз хона берун бошам, талоки ман дода бошад, акнун ҳам аз биҳишт бароям ва ҳам аз шавҳар. Ва мегиристу ҳеҷ кас ба фарёди он зан намерасид, ки ин амири мӯҳташаму гарданкаш буд ва панҷ ҳазор савор асп дошт ва ҳеҷ кас бо ӯ сухан наметавонист кард. Ман лахте бонг бардоштам, суд надошт ва он занро дар сарои хеш бурд ва маро нохушӣ  омад сабр натавонистам кард. Рафтам, пирамарде ва кадхудой чанде рост кардаму ба дари сарои амир шудем ва бонг баровардем, ки «мусулмонӣ нест, ки дар шаҳри Бағдод бар болини халифа занеро маҷбуран ба зулму ситам аз роҳ бигиранд, дар хона баранд, бо ӯ фасод кунанд! Агар ин занро ба саломат берун фиристед, вагарна ҳам акнун ба даргоҳи амир Мӯътасим равем ва тазаллум кунем». Амир чун овози мо бишунид, аз сарой берун омад ва чубе дар даст, якеро сар шикасту якеро пой. Чун чунон дидем, ҳама бигурехтем ва ба хона шудем. Вақти намози шом буд, намоз бикардем. Замоне ба ҷои хоб шудем ва паҳлӯ бар замин ниҳодем, то бихуспем. Аз он эъроз ва ранҷ маро хоб намеомад, то аз шаб ниме бигузашт. Ман дар фикру андеша будам, ки «агар он зан имшаб аз хона берун монад, талоқ лозим ояд ва ман шунидаам, ки майхорагон чун маст шаванд, хобе бикунанд, ҳушёр шаванд, валекин надонанд, ки аз шаб чанд гузашта бошад, маро тадбир он аст, ки акнун бар сари манора шавам, бонги намоз бикунам. Чун он турк бишунавад, пиндорад, ки вақти рӯз аст, даст аз ин зан бидорад ва ӯро аз сарой берун кунад, лобуд гузараш бар дари масҷид бувад, чун бонги намоз кунам, зуд аз манора ба зер ояму бар дари масҷид бинишинам. Чун зан фароз ояд, ӯро ба хонаи хеш барам, то боре ин бечора аз шӯй барнаёяд».

 

Пас ҳамчунин кардам. Чун бонги намоз баромад, амири Мӯътасим бедор буда, бишунида, пиндошта вақти намоз аст. Чун берун омада, маълум карда, ки ҳанӯз вақт боқист. Ходимеро гуфт: - Бирав, ҳоҷибалбобро бигӯ, ки асасро бигӯяд, ки ҳам акнун?! Бирав ва ин муаззинро, ки нимишаб бонг кард, бигиру биёвар, то изои балиғ фармоям, ки илло ба вақт бонги намоз накунад. Ман бар дари масҷид истода будам мунтазири он зан. Асасро дидам бо машъал меомад, гуфт: - Ин бонги намоз ту кардӣ?! Гуфтам: -Оре. Гуфт: - Чаро бе- вақт карди, ки халифаро мункар омадааст ва бад-ин сабаб бар ту хашмолуда шудааст ва инак маро ба талаби ту фиристодааст, то туро адаб фармояд.

Ман гуфтам: - Фармон халифарост, лекин маро беадабе бар ин дошт, ки ман бевақт бонг кунам.

Гуфт: -Беадаб кист? Гуфтам: - Он кас, ки ӯ аз Худой азза ва ҷалла ва аз халифа наметарсад. Гуфт: - Он кӣ тавонад буд, андар ҳама рӯи замин аз Худою аз халифа натарсад? Гуфтам: - Ин ҳолатест, ки чуз ба амир натавон гуфт ва агар ман ин қасд карда бошам, ҳар таъдибе, ки маро фармоед, шояд. Гуфт: - Рав, то ба дари сарой шавем. Чун ба дари сароӣ  халифа расидем, он ходим мунтазир буд, сурат бо ходим гуфт ва ходим дар сарой шуд ва бо Мӯътасим бигуфт ва мароталабиданду пеши Мӯътасим бурданд. Вай маро гуфт: - Чаро бевақт бонги намоз кардӣ?

 

Ман қиссаи турки маст ва зан ва бонг кардан аз аввал то ба охир бигуфтам. Чун Мӯътасим бишунид, ҳам бо ин ходим бигуфт: Ҳоҷибалбобро бигӯй, то бо сад мард ба сароӣ  фалон амир раваду бигӯяд, ки «туро халифа мехонад». Чун ӯро ба даст оварӣ, бигуй, то «он занро, ки ба зур овардӣ бо худ биёвар» ва балки пирамардро бо ду ходим ба хонаи шӯяш фиристӣ ва бигӯй, то шӯяшро бихонанд ва бигӯянд: «Мӯътасим салом мекунад ва шафоат мекунад дар боби ин зан ҳоле, ки рафт, ӯ аз ин бегуноҳ, бувад. Баъд аз ин ӯро аз он некӯтар дорӣ, ки доштӣ». Ва он амирро зуд пеши ман оред. Ва маро гуфт: - Замоне ин чо бош. Ва чун як соат буд, амирро пеши Мӯътасим оварданд. Чун чашми Мӯътасим бар вай афтод, гуфт: - Эй чунину чунин, туро аз беаҳмиятии ман дар дини мусулмонӣ чӣ маълум гашт ва аз зулми ман чӣ дидӣ ва дар рӯзгори ман чӣ халал дар ислом даромад. На ман онам, ки ба сӯи Рум, мусулмонон асир афтода буданд, аз Бағдод бирафтам ва лашкари Румро бишикастаму қайсарро ҳазимат кардам ва шаш сол билоди Румро мекандам аз Қустантания бисӯхтам ва масҷиди ҷомей дар он ҷо бино кардам ва то ин мардро аз банди эшон наёвардам, бознагаштам. 

 

Имрӯз аз адлу инсофи ман гургу меш ба як ҷо об хӯранд. Туро чӣ заҳра бошад, ки дар шаҳри Бағдод занеро ба зулм бигирӣ ва ба зӯр дар сарой барию бо ӯ фасод кунӣ !... - Фармуд, ки «ҳамин дам ҷуволе биёред ва ӯро дар ҷувол кунед ва сари ҷувол маҳкам бубандед». Ҳамчунин карданд. Пас, бифармуд, то чӯби гаҷкӯби гарон биёварданд, гуфт: - Акнун яке аз ин сӯй биистед ва яке аз он сӯй ва чандон бикӯбед, то хурд шавад. Ва аз ҳар сӯй гаҷкӯб дарниҳоданд ва чандон бизадандаш, ки ҳамчу хок пасташ карданд, гуфтанд. - ё амир, ҳама устухонҳон ӯ чун хок паст гашт, чӣ фармой? Гуфт: - Ҳамчунин мезананд.

 

Пас, маро гуфт: - Эй шайх, бидон, ки ҳар кӣ аз Худой таоло натарсад, аз ман натарсад ва он ки аз Худой таоло тарсад, худ коре кунад, ки бадон ҷаҳон ӯро растагори бошад. Ва ӯ худ нокарданӣ бикард ва ҷазо гирифт. Баъд аз ин туро фармудам, ки ҳар кӣ бар касе ситам кунад, ё касеро ба ноҳақ биранҷонад, ё ба шариат истихфофе кунад ва туро маълум шавад, бояд ки ҳамчуиин бевақт бонг гӯй, ки ман бонги намози туро донам ва дар вақт туро хонам ва аҳвол пурсам. Ва бо ҳама он кунам, ки бо ин саг кардам, агар ҳам бародару фарзанди ман бошад.

Он гаҳ маро ҳадияе фармуд. Ва аз ин аҳвол ҳама бузургону хосси халифа хабар доранд. Ва ин амир зарри ту на аз ҳурмат боздод, балки аз бими он ҷувол ва гаҷкӯб боздод. Ва монанди ин ҳикоят бисёр аст. Ин қадар боз кардам, то Худованди олам донад, ки ҳамеша подшоҳони пешин мешро аз гург чигуна нигоҳ доштаанд ва гумоштагонро чигуна молида ва аз ҷиҳати муфсидон чӣ эҳтиёт кардаанд.

 

Ҳикоят аз «Сиёсатнома»-и Низомулмулки Тусӣ 

 

Мутахассиси пешбари шўъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломӣ                       Исоев Насимҷон

 

 

 

Яндекс.Метрика