ҲИКОЯТИ ПАНДОМЕЗ ДАР БОРАИ ТАРҒИБИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БАХШИШИ ҶАЗО АЗ «БАҲОРИСТОН»-И АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Ҳикоят. Иброҳим бинни Сулаймон бинни Абдумалики Марвон (халифаи бани Умавия, дар асри VIII зиндагӣ кардааст) гӯяд, ки:

– Дар он вақт, ки навбати хилофат аз бани Умайя ба бани Аббос интиқол (гузаштан) ёфт ва бани Аббос бани Умайяро мегирифтанду мекуштанд, ман беруни Кӯфа, бар боми сарое, ки ба саҳро мушриф (наздик) буд, нишаста будам. Дидам, ки аламҳои сиёҳ аз Кӯфа берун омад. Дар хотири ман чунон афтод, ки он ҷамоат ба талаби ман меоянд. Аз бом фурӯд омадаму мутанаккирвор ба Кӯфа даромадам ва ҳеҷ касро намешинохтам, ки пеши вай пинҳон шавам. Ба дари сарое бузург расидам, даромадам. Дидам, ки марде хубсурат савор истода ва ҷамъе аз ғуломону ходимон гирди ӯ даромадаанд. Салом кардам.

Гуфт:

– Ту кистӣ ва ҳоҷати ту чист?

Гуфтам:

– Мардеам гурехта, ки аз хасмони худ метарсам. Ба манзили ту паноҳ овардам.

Маро ба манзили худ дароварду дар ҳуҷрае, ки наздик ба ҳарами ӯ буд, бинишонд. Чанд рӯз он ҷо будам ба беҳтарин ҳоле. Ҳар чӣ дӯсттар медоштам аз матоиму машорибу малобис (таомҳо, нӯшокиҳо, либосҳо), ҳама пеши ман ҳозир буд. Аз ман ҳеҷ чиз намепурсид. Ҳар рӯз як бор савор мешуд ва боз меомад. Як рӯз аз ӯ пурсидам, ки:

– Ҳар рӯз туро мебинам, ки савор мешавию зуд меоӣ. Ба чӣ кор меравӣ?

Гуфт:

– Иброҳим бинни Сулаймон падари маро куштааст. Шунидам, ки пинҳон шудааст. Ҳар рӯз меравам, ба умеди он, ки шояд ки вайро биёбам ва ба қасоси падари худ бирасонам.

Чун инро шунидам, аз идбори (бадбахтии) худ тааҷҷуб мондам, ки қазо маро ба манзили касе андохтааст, ки толиби қатли ман аст. Аз ҳаёти худ сер омадам. Он мардро номи ваю номи падари вай пурсидам. Донистам, ки рост мегӯяд.

Гуфтам:

– Ай ҷавонмард, туро дар зиммаи ман ҳуқуқи бисёр аст. Воҷиб аст бар ман, ки туро бар хасми ту далолат кунам ва ин роҳи омадшудро ба ту кӯтоҳ гардонам. Иброҳим бинни Сулаймон манам. Хуни падари худро аз ман бихоҳ.

Аз ман бовар накарду гуфт:

– Ҳамоно аз ҳаёти худ ба танг омадаӣ, мехоҳӣ аз ин меҳнат халос шавӣ.

Гуфтам:

– Ло, валлоҳ (не, ба Худо), ки ман ӯро куштаам, ва нишониҳо гуфтам.

Донист, ки рост мегӯям, ранги ӯ афрӯхта шуду чашмони ӯ сурх гардид. Замоне сар дар пеш андохт, баъд аз он гуфт:

– Зуд бошад, ки ба падари ман бирасӣ ва ӯ хуни худ аз ту хоҳад, ман зинҳоре, ки додаам туро, ботил накунам. Берун рав, ки бар нафси худ эмин нестам. Мабодо, ки газанде ба ту расонам.

Ва ҳазор динор ато фармуд. Нагирифтаму берун омадам.

Маснавӣ

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмӯз,

Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмӯз!

Дарун аз кини кинҷӯён нигаҳ дор,

Забон аз таъни бадгӯён нигаҳ дор.

Накӯйӣ кун ба он, к-ӯ бо ту бад кард,

К-аз он бад рахна дар иқболи х(в)ад кард:

Чу ойини накӯкорӣ кунӣ соз,

Нагардад ҷуз ба ту он некӯйӣ боз [1, С. 87-89].

 

Адабиёт:

1.Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Таҳияи матн, муаллифи сарсухану тавзеҳот ва шореҳи луғот Аълохон Афсаҳзод. – Душанбе: «Маориф», 2012. – 204 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика