Ҳикояҳои омӯзанда аз «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлавӣ ТАДБИРИ АЁЗ ВА АҚЛИ СЕ АМИР

Аёз назди султон Маҳмуд бисёр азизу муҳтарам буд. Ӯро он кадар дӯст медошт, ки ҳуқуқи (маоши) вайро се баробари дигар амирон мепардохт. Амирони султон хамвора ба Аёз ҳасад меварзиданд ва дар дил аз ин рафтори султон нохушнуд буданд. Саранҷом рӯзе забон ба сухан кушоданд ва ба султон гуфтанд: -Ӯ, ки ақли се нафарро надорад, чаро ҳуқуқи се танро ба ӯ медиҳӣ?

Чун амирон аз ҳасад ҷӯшон шуданд,

Оқибат бар шоҳи худ таъна заданд.

К-ин Аёзи ту надорад се хирад,

Ҷомагии се амир ӯ чун хӯрад?

Шоҳ барои он ки посухи амалӣ ба эътирози амирон дода бошад, рӯзе бо он се нафар ба саҳро рафт. Аз дур корвоне дид. Яке аз он амиронро ба самти корвон фиристоду гуфт: -Бирав аз эшон бипурс, аз куҷо омадаанд?

Амир бо суръат рафту пас аз муддате бозгашт ва гуфт: -Аз Рай меоянд.

Султон гуфт: -Максадашон куҷост? Амир мақсади онҳоро напурсида буд ва намедонист куҷо мераванд ва аз ин пурсиши шоҳ, дармонда шуд. Он гоҳ султон...

Дигареро гуфт: -Рав, эй Булъало,

Бозпурс аз корвон, ки: -То куҷо?

Рафту омад, гуфт: -То сӯйи Яман.

Гуфт: -Рахташ чист, ҳон, эй муътаман?

Монд ҳайрон, гуфт ба мире дигар:

Ки бирав вопурс рахти (колои) он нафар.

Бозомад, гуфт: -Аз ҳар ҷинс ҳаст,

Ағлаби  oн  косаи розӣ  аст.

Шох пурсид: -Кай аз шаҳри Рай хориҷ шудаанд? Он амир ҷавобе надошт. Ба ҳамин тартиб шоҳ  се амирро якояк бо пурсише фиристод ва ҳангоми бозгашт пурсиши дигаре кард ва он амир, ки танҳо посухи ҳамон пурсиши нахустинро оварда буд, дар ҷавоб мемонд. Ба ақли ҳеҷ як аз эшон нарасида буд, ки вақте ин фосилаи тӯлониро меравад, аз корвониён ҳама иттилооти лозимро касб кунад.

Шоҳ дар поён гуфт: -Ман як рӯз Аёзро фиристодам, то аз корвоне, ки дар дурдаст буд, бипурсад, аз куҷо меоянд? Ӯ рафту бидуни супориши ман ҳамаи иттилооти лозимро аз онон касб кард:

Гуфт амиронро, ки: -Ман рӯзе ҷудо,

Имтиҳон кардам Аёзи хешро.

Ки бипурс аз корвон, то аз куҷост?

Ӯ бирафт, ин ҷумла вопурсид рост.

Бе васийят, бе ишорат, як ба як

Ҳолашон дарёфт берайбеву шак.

Ҳар чӣ з-ин се мир андар се мақом,

Кашф шуд, з-ӯ он ба як дам шуд тамом.

Эй бародар, арзиши одамӣ ба неруи ақл ва андешаву  тадбири ӯст. Басо касон, ки дар зоҳир як тан беш нестанд, аммо дар ҳақиқат кори як умматро мекунанд.

( Аз китоби Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз "Маснавии маънавӣ")

 

Таҳияи М.Шодиев

 

 

 

 

____________________________________

Рахт - коло, асбобу анчоми сафар.

Розӣ - мансуб ба шахрй Рай. 

Яндекс.Метрика