ҲИФЗИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ва таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи манфиатҳо ба ҷанги фарҳангҳо роҳ боз шуда, ҳусну қубҳи арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо, ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо зарар дида истодааст. Дар чунин вазъияти ноором ҳифзи расму ойин ва анъанаҳо, ки гӯшаи сабзи фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик маҳсуб мешавад ва гузаштаи хеле дури таърихи пуршукӯҳи миллати моро нишон медиҳаду баёнгари тамоми доштаҳои маънавӣ, адабӣ, фарҳангии як миллат аст, нақши муассир дорад. Неруи дигаре, ки муҳофизи манфиати миллӣ дар чунин раванди таҳоҷуми иттилоот ва торҳои печидаи сарчашмаҳои маълумотӣ ва ахборӣ, ки тафовут миёни ҳақиқат ва ботил беранг кардааст, фаҳми дуруст, бехато ва возеҳияти асли иттилоот аст. Фаҳми дурусти натанҳо иттилооти моҳвораию интернетӣ, балки фаҳм ва дарки дурусти талаботи қонунҳо, паёмҳо, консепсияҳо ва дигар иттилооти хосияти оммавӣ доштаи дохилию хориҷӣ низ дар ин асно истисно нестанд.
 
Интернет дар баробари он ки, иттилоотро сари вақт ба ҷойи лозимӣ мерасонад, ҷаҳонро ба як деҳкада табдил медиҳад, табдилёбии оламро бо гузариши ҳар сония инъикос менамояд, тағйирёбии оламро такону нерў мебахшад, бо озодӣ бозӣ мекунад ва онро чун олоти лозиму нолозим суиистифода менамояд, бо ақл мубориза мебарад, гоҳ парвози онро бо манфиатҳои ғаразнокаш бод медиҳаду гоҳ онро аз роҳи солимии пиндораш боз медорад, хирадро маҳв ва ноаён сохта имконияти инсонро номаҳдуд гардонида, боварии ўро аз имкониятҳояш фарохтар гардонида, ҷавононро дар ҳолати сархўшии мафкуравӣ ба ҳаёти воқеӣ ночаспон ҳидоят менамояд.
 
Бо чунин омилҳои мухталифмаъно интернет ба як лабораторияи иттилоотие, ки дар фазои он унсурҳои фарҳангӣ, инсонӣ якҷо бо ғализиҳои маънавӣ ва ифротӣ озод ба тарбияи мафкураи насли наврас машғуланд, табдил меёбад.
 
Агар корд бурраду дард диҳад, оташ сӯзонаду азияти ҷон кунад интернет агар ба вайронии маънавӣ кашад ҳам, «роҳати муваққатӣ» барои субъект ато менамояд, зеро аз он фисқу фасод ва амалҳои ифротӣ, неруи манфурӣ нафси инсонӣ лаззат мебарад. Ва он то зуҳури қабеҳи хислати парвардашудаи интернетӣ шахсияти инсонро ва имкони зарарҳои онро номуайян пинҳон медорад.
 
Ин ҳолат дар ҷомеа ботини палидро паҳлӯи ботини пок дар ҳолати баробар вогузор намуда, тафовут байни хираду инсоф ва беинсофию  ноадлӣ нагузошта, эҳсоси мусбати ботиниро, ки дар баъзе мавридҳо омили тарбияи ҷиддии инсон аст ба ҳолати заифӣ табдил дода ба фасодшавии мафкураи ҷавонон роҳ мекушояд.
 
Дар чунин шароит зуҳури ҳодисаҳои манфӣ ва ҳаракатҳои номуносиби ҷавонон дар муқобили амалҳои нек авлавият пайдо карда, ҳарфи бад аз нек дида қавитар, амали зишт аз амали хайр дар ҷомеа болотар гардида, нақш ва нуфӯзи ҷинояткорӣ аз рафтори шоиста байни ҷавонон афзалият касб менамояд.
 
Паҳлӯи дигар ин аст, ки интернет дар ташаккули афкори динию мазҳабии ҷавонон низ нақши бориз дошта, вай мисли тортанак на танҳо ба тори эътиқод ва озодии виҷдони инсонҳо чанг зада метавонад, вай инчунин фазои холии маънавӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии инсонҳо ба вижа ҷавонони дар ҷустуҷўро бо мафкура ва дидгоҳҳои ба худ хос пур мекунад.
 
Интернет ҳамчун воситаи устувори маънавӣ ва мабдавии шаклгири инсони нав баромад менамояд. Аз оне, ки дастандаркорони он чи мехоҳанд, кадом манфиатҳоро думболагирӣ менамоянд, айнан ҳамон тавр ва ба ҳамон самт имкон дорад, ки насли навро дар минтақаҳои осебпазир тарбия намоянд.
 
Ҳукумати кишвар ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ медонад. Имрўз, ки мо дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ қарор дорем, барои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат, бояд ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо рӯ биоварем, зеро, ки «мутобиқи  нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола ба 70 дар сади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистон баробар аст» ва онҳо айни замон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаи имрўзаи мо маҳсуб мегарданд.
 
Дигаргунӣ ва равандҳои ҷаҳонишавии манфиатҳо дар дунё босуръат идома дошта, инсоният ба таҳдиду хатарҳои наве дучор гардидааст, ки мубориза бо ин гуна ҷиноятҳои нави хатарноки ҷаҳонӣ муносибати комилан навро тақозо мекунад.
 
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
 
Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд».
 
Қайд кардан бамаврид аст, ки имрўз дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон иштирокчии  конвенсияҳои  Созмони Милали  Муттаҳид ва қарордоди  байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амнияти иттилоотӣ мебошад.
 
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои пуртаҳаввули таърихи инсоният – ҷаҳонишавӣ рост омад. Дар шароити имрўза ҷаҳонишавӣ ба хусусиятҳо, афкор ва фарҳанги миллӣ таҳдид намуда, рушди технологияи иттилоотӣ ба равнақи раванди ҷаҳонишавӣ мусоидат намуд. Маҳз шабакаи интернет, расонаҳои электронӣ, ба мисли компютерҳо ва телевизионҳои моҳворавӣ, телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои аудиовизуалӣ аз омилҳои аслии паҳншавии раванди ҷаҳонишавӣ мебошанд.
 
Раванди ҳодисоти ҷаҳон ва ҳифзи неъмати бузургтарини башар, яъне ҳаёт тамоми сокинони сайёраро водор месозад, ки ғалабаи мафкураи носолимро ботил созанд ва бо иқдомҳои оқилона собит намоянд, ки замин гаҳвора ва арсаи камолоти аҳли башар аст ва масъулияти ҳифзи ҳаёт дар сайёра ба дӯши ҳама баробар қарор дорад.
 
Дар тӯли асрҳо инсон дар баробари кашфиётҳои нодир силоҳҳои даҳшатноке низ сохтааст, ки ҳадафи онҳо дар қатори дигар таъинотҳои ҳарбӣ ва ҷангиашон қатли ом ва аз неъмати бузургтарин, яъне аз ҳаёт маҳрум сохтани инсон аст. Вале ба он марҳилаи даҳшатнок нарасида инсоният дар нимароҳ, ҷаҳонро ба хатари дигари аз он ҳам дида ваҳшатовар, тимсоли ҷиноятҳои муташаккил ва трансмиллӣ, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ гирифтор кардааст.
 
Ҳодисаҳои бо чунин навъи ҷиноятҳо печида, ки тавассути воситаҳои нави иттилоотӣ ва алоқаи барқӣ дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Яман, Сомалӣ, Украина, Нигерия ва дигар минтақаҳои олам сурат гирифта истодааст, бо хислат ва сифати нав моро ба олами нави пурмоҷарои мафкуравӣ ҳидоят дорад (Ниг.: Холиқзода А.Ғ. Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ. – Душанбе: «ЭР-граф», 2021. – 588 с).
 Аз ин рӯ, мубориза бар зиддӣ омилҳои паҳнкунандаи ҷиноятҳои зикргардида дар сиёсати имрӯзаи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мавқеи асосиро пайдо кардааст.
Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ афзоиши ҷинояткории байналмилалӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа ба амал омада, ҷиноятҳои муташаккил ва трансмиллӣ шаклҳои гуногун мегиранд.
 
Ба ин раванд ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, хариду фуруши одамон, дуздидани технологияҳои нав, таблиғи фаҳшу фуҷур (порнография), хоссатан порнографияи кўдакона дар Интернет, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ, қонунӣ гардонидани асъор, коррупсия ва ҷиноятҳои экологӣ тобишҳои нав касб менамоянд. Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткорӣ, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангӣ вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти қудратӣ, бо аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо хеле муҳим мебошад.
 
Дар баробари ин ҳама афзоиши сатҳи суиистифодабарии Интернет ҷиҳати паҳн намудани ғояҳо ва даъватҳои экстремистию террористӣ вазъи муборизаи касбии мақомоти мафкуравиро бо чунин навъи ҷиноятҳо ба маротиб мушкил гардонида фазои иттилотии моро бо фитна ва унсурҳои фарҳанги бегона олӯда менамояд.
 
Дар вазъияти баамаломода ҳуқуқу озодиҳои инсон, адлу инсоф ва дигар арзишҳои конститутсионии кишвари мо имкон дорад, мисли кишварҳои дигари ҷангзада зери ниқоби ҳаракатҳои бо ном демократӣ ва озодихоҳ суиистифода ва поймол гардида, дар асл мафкураи ҷамъиятӣ ба сўи анархия ва беҳокимиятӣ кашида шавад. Мо як маротиба ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудем. Таърих дигар моро нахоҳад бахшид.
 
Ҷаҳони муосир бо вуҷуди ин ҳама пешрафту инкишофи худ аз мушкилиҳо ва падидаҳои хатарноку манфӣ ва таҳдидҳои харобиовар орӣ нест. Хатару таҳдидҳои ҷаҳонии экстремизму терроризм, фазои мисли тори анкабут печидаю саргумкунандаи иттилоотӣ, бархўрди тамаддунҳо, ҷанги сард, ки ҳама маҳсули ҷаҳонишавӣ мебошанд, доираи фаъолияти давлатро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи соҳибистиқлолии сиёсӣ маҳдуд намуда истодаанд. Дар чунин шароит танҳо миллат ва халқияте метавонад ягонагӣ, устуворӣ ва пойдории давлати худро ҳифз намояд, ки қабл аз ҳама дар баробари донишманд, соҳибкасб ва мутахассис будан, бояд арзишҳои миллию ватании худро дар муқоиса бо дигар арзишҳо қиматтару азизтар донад.
 
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика