Аслан, имрӯз дар шароити сулҳу оромӣ, рушди устувор, тақвияти бахши хусусӣ ва бунёди инфрасохтори васеи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҷумҳурии азизамон барои мавҷудияти чунин неруи сиёсие чун Ҳизби наҳзати исломӣ зарурате боқӣ намемонад ва ба таври табиӣ нопадид шудани он як амри воқеист. Ҳодисаҳои даҳшатбори кишварҳои арабӣ, бахусус дар минтақаи Ховари Миёна, гувоҳӣ медиҳанд, ки мавҷудияти созмоне мисли ТТЭ ҲНИ барои оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст. Имрӯз бояд воқеъбинона ба насли ҷавон оид ба таърихи пайдоиш ва хиёнатҳои ин ҳизб маълумоти фарогир дода шавад, аҳдофи шумаш бозгӯ гардад, зарфият, гунҷоиш ва ҳайсияти он ба чанд далел зери суол қарор гирад: Агар ин ҳизб дар ҳақиқат аз тарафи рӯҳониёни тоҷик ба нафъи мусулмонон идора мешуда бошад, пас чаро бо ниҳодҳои гуногуни хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад, дар ҳоле ки гароишҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онҳо бо арзишҳои суннатии динии миллати тоҷик созгор нест?! Пас аз истиқрори сулҳ як гурӯҳ намояндагони ин ҳизб ба сари қудрат расиданд. Суоле ба миён меояд, ки онҳо барои дину мазҳаб, ваҳдати эътиқодӣ ва нашри осори исломӣ бо истифода аз фурсату шароити муносиб чӣ хидмати арзишманде анҷом доданд? Танҳо сарват ҷамъ карданду суннати чанд зан доштан ва бадахлоқии носозгор бо исломро пос доштанд. Илова бар ин, наҳзатиҳо бар ин ақидаанд, ки дар бораи ислом сухан гуфтан, имоматӣ кардан ва муайян намудани арзишу муқаддасоти динӣ ҳаққу ҳуқуқи номаҳдуди аъзои як маҳалро муаррификунандаи ҳизби онҳост. Ва суханронию масъалагузориҳояшон ҳатман аз мавқеи “авлиё-ул-Лоҳ” буданд. Ҳар гоҳ наҳзатиҳо аз қудрат дур мешаванд, аз оҷизию нотавонӣ номи исломро барои худ сипар карда, бо услуби авомфиребона аз беадолатӣ, поймол шудани ҳуқуқҳо ва фишору тазйиқи аъзоёнашон дар тамоми ҷаҳон садо баланд мекунанд, дар ҳаққи миллату Ҳукумати кишвар бадгӯиҳоро раво мебинанд. Аҷабо, яъне агар қудрат дар дасти онҳо нест, пас миллати тоҷик нохуб аст. Рӯҳониёни ба ном саршиноси ин ҳизб ба мазҳабҳои бегона гаравида, қишру табақаҳои гуногуни ҷомеаро низ ба ин равандҳои номатлуб ҷалб мекунанд. Ин самти хатарноки фаъолияти ҳизб метавонад моро дар ояндаи наздик ба даргириҳои сахти эътиқодӣ ва мазҳабӣ мувоҷеҳ созад. Роҳбарияти ин ҳизб пайваста аз кишварҳои хориҷӣ дидан карда, бо китфбӯсиҳои хоҷаҳои берунаашон аз онҳо маслиҳат мегиранд. Навор ва аксҳои тасдиқкунанда дар интернет аз муздур будани ин ҳизб, муддаиён ва роҳбаронаш дарак медиҳад. Афзун бар ин, онҳо дар ҳар ҷое, ки бошанд, сайъ мекунанд то умури идораи минбари масҷидҳо дар ихтиёрашон бошад. Масалан, моҳи апрели соли 2018 дар яке аз намозхонаҳои шаҳри Варшава (prayer room), ки дар ихтиёри салафиёни такфирӣ ва ҷиҳодии аз Русия фироркардаи Осиёи Марказӣ қарор дошт, байни салафиҳо ва наҳзатиҳои тоза воридшуда барои имомхатибӣ задухӯрд ба вуҷуд омад. Неруҳои қудратии шаҳр ва исломиёни чеченӣ ба ин ҳодиса дахолат карда, вазъиятро ором карданд ва ба наҳзатиҳо оид ба рафтори хашмгинашон ҳушдори ҷиддӣ доданд. Мусоҳиба ва гузоришҳои пайвастаи пешвоёни ин ҳизб аз мутею вобаста ва қудратхоҳ будани он дарак медиҳад. Ба хотири некбин намудани хориҷиён нисбат ба ҳизби худ онҳо дар сафарҳои пайваста ба Амрикову Аврупо ва Осиё ҳизбашонро демократию таҳаммулпазир ва ҷабрдида нишон медиҳанд. Вале, акнун дар ҳама ҷо аз воқеияти хосторҳои ин ташкилоти тундрав огоҳии комил ёфтаанд. Дар таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ ҳизбҳое буданд, ки бо роҳи мусаллаҳ ва тахрибкорӣ барои қудрати сиёсӣ мубориза мебурданд. Вале ҳар гоҳ аз платформаи ифротӣ даст кашида, мехостанд вориди рақобати созандаи сулҳомез шаванд, нахуст аз ҷинояту тахрибкориҳои содирнамудаи худ ба таври ошкоро изҳори пушаймонӣ карда, аз ҳамватанон узрхоҳӣ менамуданд ва талаби омурзиш мехостанд. Андешаҳои ифротии идеологияеро, ки дар ойиннома, стратегияи фаъолият, суханрониҳо ва маводи нашрӣ иброз шуда буданд, қатъан мавриди накӯҳиш қарор дода, аз ин гуна андешаҳо даст мекашиданд. Вале таърих то ҳанӯз чунин изҳоротро аз наҳзатиёни собиқадор ва навин гувоҳ нест. Мисолҳои овардашуда баёнгари онанд, ки ТТЭ ҲНИ арзишҳои динӣ ва миллиро қоил нест ва ба хотири расидан ба аҳдофи сиёсияш аз ягон роҳу усули мубориза рӯй намегардонад. Ин ҳизб худро дар зоҳир масъулиятшинос ва хайрхоҳу ғамхори мардуми кишвар медонад, вале дар асл ин ҳама даъвоҳои дурӯғин буда, ба ҷуз аз назари мардум пинҳон доштани тавқи муздурии солҳои сол бар гарданашон овезон чизи дигаре беш нест. Бегумон, ҳар раванду ҷараёни дурӯғин, риёкорӣ ва чоплусӣ оқибат ошкор хоҳад шуд ва он рӯзҳо дур нест, ки чеҳраи воқеии ТТЭ ҲНИ ва хоҷагону пуштибонони хориҷиашон шаръан ва моҳиятан ошкор хоҳад шуд. Албатта, хуб мешуд, ки агар роҳбарияти ҳизб бо назардошти вазъи кунунӣ иқрор шавад, ки имрӯз дар кишвар ниёзе ба будани чунин ҳизби хусусияти динидошта вуҷуд надорад, ки онро Ҳофизи лисонулғайб басо барҷаста ифода намудааст: Эй магас, арсаи симурғ на ҷавлонгаҳи туст, Ирзи худ мебарию заҳмати мо медорӣ.
Файзулло БАРОТЗОДА