Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ яке аз ҳуқуқҳои инсон ба шумор рафта, мақсаду мароми он ҳимоя намудани инсон аз ҳама гуна табъиз ва кафолати амалигардонии баробарҳуқуқии инсон ва шаҳрванд мебошад. Бо ин мақсад Лигаи миллатҳо ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро ҳанӯз дар давраи фаъолияти худ ба роҳ монда буд. Соли 1947 Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ диққати ҷиддӣ дод ва бо қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон давраи нави ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ оғоз гардид.
Созмони Милали Муттаҳид таввасути механизмҳои ҳимояи худ ҳуқуқи инсонро аз ҳама гуна табъиз ва нобаробариҳо зери ҳимоя қарор додааст. Ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ маҳз ба ин ҳимоя равона карда шуда, давлатҳоро намегузорад дар доираи салоҳияти худ ба нобаробарӣ аз рӯи хусусиятҳои миллӣ, этникӣ, динӣ ё забонӣ байни шаҳрвандони худ ва шахсоне, ки дар дохили давлат истиқомат доранд, роҳ диҳанд.
Дар зери мафҳуми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ низоми кафолатҳои ҳуқуқие фаҳмида мешавад, ки таввасути онҳо ҳар як инсон ва шаҳрванд новобаста аз миллат, мансубият ба этнос, дин ё забон баробарҳуқуқ мебошад.
Мазмуни ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ба ақаллиятҳои миллӣ хос мебошанд, ташкил медиҳанд. Ҳукуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ ба он хотир муайян карда шудааст, ки онҳо бо он аҳолие, ки гурӯҳҳи аксариятро ташкил менамоянд, баробарҳуқуқ бошанд ва ҳеҷ гуна табъиз нисбати онҳо ҷой надошта бошад. Мақсади дигари муайянкунии ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ ин оромии ҷамъият ва амнияти давлатӣ мебошад.
Ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ инҳо мебошанд:
1).Ташкил намудани иттиҳодияҳои ақаллиятҳои миллӣ, этникӣ, динӣ ё забонӣ ва таъмини фаъолияти муътадили онҳо;
2).Истифода бурдан аз комёбиҳои фарҳангию мадании худ;
3).Аз забони модарии худ озодона дар ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ истифода намудан;
4).Омӯхтани забон, таърих, урфу одат ва анъанаҳои миллии худ;
5).Ҷашн гирифтани иду маросимҳои миллии худ;
6).Иброз намудани фикру ақида ва манфиатҳои миллии худ дар ҳаёти сиёсӣ ва корҳои идоракунии давлатӣ;
7).Дигар ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ мувофиқи санадҳои ҳуқуқӣ бахшида ба ҳуқуқи инсон.
Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дорои низоми кафолатҳои ҳуқуқии ба худ хос мебошанд. Ба низоми кафолатҳои ҳуқуқии ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ инҳо дохил мешаванд:
1.Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (аз 10.12.1948 с.);
2.Паймони байналхалқӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ»(аз 16.12.1966 с.);
3.Паймони байналхалқӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (аз 16.12.1966 с.);
4.Конвенсияи байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ» (бо Резолютсияи 2106 (ХХ) Ассамблеяи Генералии СММ аз 21.12.1965 с. қабул карда шудааст ва аз 04.01.1969 с. қувваи амал пайдо кардааст);
5.Эъломияи СММ «Дар бораи ҳуқуқи шахсоне, ки ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ё забонӣ мансубанд» (аз 18.12.1992 с.);
6.Эъломия «Дар бораи вайрон кардани ҳама гуна шаклҳои бетаҳаммули ва табъиз дар асоси дин ва эътиқод» (бо Резолютсияи 36/55 Ассамблеяи Генералии СММ аз 25.11.1981 с. қабул карда шудааст);
7.Конвенсияи СММ «Дар бораи пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он» (бо Резолютсияи 260 (III) Ассамблеяи Генералии СММ аз 9.12.1948 с. қабул карда шудааст ва аз 12.01.1951 с. қувваи амал пайдо кардааст);
8.Эъломия «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (аз 20.11.1959 с.);
9.Конвенсияи СММ «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (аз 20.11.1989 с.);
10.Ковенсияи ЮНЕСКО «Дар бораи мубориза барзиди табъиз дар соҳаи маориф» (аз 14.12.1960 с.)
11.Конвенсияи СММ «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон» (аз 20.12.1952 с.);
12.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6.11.1994 с., дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, то ба имрӯз ба он се маротиба (аз 26.09.1999 с., аз 22.06.2003 с., аз 22.05.2016 с.) бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст);
13.Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 8.08.2015 с.);
14.Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1.03.2005 с.);
15.Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3.12.1999 с.) ва ҳоказо.
Дар санадҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон махсус овардани ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ маънои онро надорад, ки ҳуқуқи онҳо аз аҳолии аксариятро ташкилкунанда бартарӣ дошта бошад. Амали мазкур танҳо ба хотири он анҷом дода шудааст, ки ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ аз ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ҳимоя карда шуда, бо ҳуқуқу озодиҳои аҳолии аксариятро ташкилкунанда дар баробарӣ қарор дошта бошад.
Давлатҳои аъзои СММ вазифадоранд дар дохили давлати худ имконияти истифода намудани ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллиро ба онҳо таъмин намоянд ва барои ин шароитҳо муҳайё созанд. Дар ҳолати вайрон гаштани ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ онҳо метавонанд ба механизмҳои дохилидавлатӣ (миллӣ) ва байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат намоянд.
Дар давраи муосир давлатҳои аъзои СММ барои ҳифз намудани ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ тамоми чораҳои лозимиро андешида истодаанд. Онҳо барои дар сатҳи баробарҳуқуқӣ гузоштани ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ бо аҳолии аксариятро ташкилкунанда тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин давлатҳои ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад, ки дар он тамоми воситаҳои дохилидавлатии (миллии) ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳри таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ равона карда шуда, масоили ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ танзими ҳуқуқии худро ба пуррагӣ ёфтааст.
Шоев Фируз Маҳмадаминович - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон