Ҷавоне, ки забони ҳайвонотро медонист

Гуфт Мусоро яке марди ҷавон,

Ки биёмўзам забони ҷонварон.

То бувад, к-аз бонги ҳайвоноту дад, 

Ибрате ҳосил кунам дар дини х(в)ад.

Марди ҷавон назди Мусо алайҳиссалом омад ва аз ў хост то забони ҳайвонотро ба ў ёд диҳад.

Мусо:- Забони ҳайвонот ба чӣ корат меояд? 

Ҷавон:-Забонҳои мардум ҳама дар роҳи касби обу нон ва фиреби дигарон аст ва суде барои дини ман надорад: шояд аз забони ҳайвонот барои дину имонам ибрате ҳосил кунаму панде гирам.

Мусо:-Аз ин ҳавас даст бардор, ки бисёр пурхатар аст.Аз Худо бихоҳ, то дилатро бедор кунад:

Гуфт Мусо:- Рав, гузар кун з- ин ҳавас ,

К-ин хатар дорад басе дар пешу пас.

Ибрату бедорӣ аз Яздон талаб,

Н-аз китобу аз мақолу ҳарфу лаб.

Ҷавон ҳаристар шуд ва исрор варзиду гуфт:

Мар маро маҳрум кардан з-ин мурод,

Лоиқи лутфат набошад,эй ҷавод!

Мусо бо Худо ба наҷво (роз) пардохт. Мегуфт:- Худоё, ин ҷавонро шайтон фиреб додааст, агар забони ҳайвонотро ба ў биёмўзам, барояш зиён дорад ва агар наёмўзам, дилчиркин мешавад.

Ба ў ваҳй шуд, ки ҳоҷати ҷавонро бароварда соз ва забони ҳайвонотро ба ў  таълим бидеҳ.

Гуфт: -Эй Мусо, биёмўзаш, ки мо 

Рад накардем аз карам ҳаргиз дуо.

Мус обоз ҳам ҷавонро панд дод, ки донистани забони ҳайвонот барои ту мушкилоти зиёде ба бор хоҳад овард, аммо ҷавоннапазируфт ва саранҷом ба ин миқдор (андоза, ҳаҷми муайян) розӣ шуд, ки фақат забони сагу мурғи хонагиро фаро бигирад; ва Мусо забони онҳоро ба ў омўхт.

Субҳ шуд. Пас аз хўрдани субҳона ходими суфраи ғизоро дар боғча такон дод. Аз он суфра тиккаи ноне афтод. Хурус ҷасту нонро рабуд. Ҷавон истода буд ва он манзараро менигарист. Ногаҳон шунид, ки саг ба хурўс мегўяд:- Ту ба ман зулм кардӣ, ту метавонӣ дона бихўрӣ, аммо ман наметавонам, тиккаи нон саҳми ман буд.

Пас хурўсаш гуфт:- Тан зан,  ғам мах (в) ар,

Ки Худо бидҳад иваз, з-инат дигар.

Хурўс ба саг мужда дод, ки фардо аспи ин мард ҳалок мешавад ва лошаи он ғизои чарбе барои ту хоҳад буд. Мард то ин суханро шунид, аспашро фаврӣ фурўхт ва хурўс назди саг шарманда шуд:

Аспро бифрўхт, чун бишнид мард,

Пеши саг шуд он хурўсаш рўйзард.

Фардо низ ҳамон саҳна такрор шуд ва хурўс боз ҳам тиккаи нони таҳмондаи ғизоро рабуд. Саг гуфт:- Эй хурўс, боз ҳам бар ман ситам кардӣ. Лошаи асп ҳам, ки насиби мо нашуд.

Хурўс гуфт:- Нороҳат набош, фардо қотири ў ҳалок мегардад ва лошааш ғизои хубе барои ту хоҳад буд.

Мард ин суханонро мешунид. Донист, ки қотираш фардо мемирад, фаврӣ онро фурўхт, то ин хисорат ба дигарӣ ворид шавад.

Хурўс боз ҳам шарманда гардид . Рўзи дигар ҳамон саҳна такрор шуд ва ин бор хурўс гуфт: - Фардо ғуломи ин мард мемирад ва хешовандони ў нони фаровоне ба сагону гадоён хоҳанд дод.

Мард истода буд....

Ин шуниду ғуломашро фурўхт,

Раста аз хусрону  рухро барфурўхт.

Шукрҳо мекарду шодиҳо, ки ман,

Растам аз се воқеа андар заман.

То забони мурғу саг омўхтам,

Дидаи суъулқазоро дўхтам.

Гулому он мард назди муштарӣ мурд ва зиёнаш мутаваҷҷеҳи ў шуд. Саг боз ҳам ба хурўс гилоя кард ва хурўс ин бор ҳам шарманда гашт. Аммо муждае бузургтар ба саг дод. Гуфт:- Он мард бо ин корҳо зиёни кўчакеро дафъ кард, аммо роҳро барои ҷасорати бузурге кушод. Фардо ин мард худаш хоҳад мурд ва бастагони ў гову гўсфандҳо мекушанд ва рўзҳо суфраи таъом мегустаранд ва ту чандин рўз ғизои хубе хоҳӣ дошт:

Ў гурезонид молашро, валек,

Хуни худро рехт, андарёб нек.

Як зиён дафъи зиёнҳо мешудӣ,

Ҷисму моли мост ҷонҳоро фидӣ.

Лек фардо хоҳад ў мурдан яқин,

Гов хоҳад кушт ворис дар ҳанин. 

Мард ҳамин, ки ин суханонро шунид, шитобон ба сўи Мусо (а) омад. Ҷараёнро бозгуфт ва ба илтимосу зорӣ афтод ва чораи кор аз Мусо талабид. Мусо (а) барои тавбехи (танбеҳ) ў гуфт:- Ту, ки хуб баладӣ аз зарару зиён худро бираҳонӣ, бирав худатро низ бифурўш!

Мард дубора нолаву зорӣ сар дод. Мусо (а) гуфт:- Тире аз камон раҳо шуда ва тақдири Илоҳӣ гузаштааст ва бознамегардад, аммо аз Худо мехоҳам, ки дар лаҳзаи марг боимон аз дунё биравӣ:

Гуфт:-Тире ҷаст аз шаст, эй писар,

Нест суннат, к-ояд он вопас ба сар.

Лек дархоҳам зи некўдоварӣ,

То ки имон он замон бо худ барӣ.

Худои карим, ки дуои бандагони фармонбардорашро ҳамвора иҷобат (қабуд кардан, пазируфтан.) мекунад, бамусо:

Гуфт:- Бахшидам бад-ў имон, наъам ,

В-ар ту хоҳӣ, ин замон зиндаш кунам.

Балки ҷумлагони хокро,

Ин замон зинда кунам баҳри туро.

На танҳо имон, балки ҷони дубора ба ў бахшидам ва агар ту бихоҳӣ, дар дам ҳамаи мурдагонро низ зинда кунам.

Бад-ин сон он мард ба дуои Мусо аз марг раст ва донист, ки зарарҳои молӣбарои ҳифзи ҷон муфид аст. Ба таври куллӣ риёзати тану ҷисм фарбеҳии рўҳу ҷонро ба дунбол дорад ва роҳату рифоҳи (осудагӣ, хушҳолӣ, осоиш.) моддӣ муҷиби лоғариву низории рўҳи инсон мегардад:

То бидони, ки зиёни ҷисму мол,

Суди ҷон бошад, раҳонад аз вубол.

Пас риёзатро ба ҷон шав муштарӣ,

Чун супурдӣ тан ба хидмат, ҷон барӣ.

В-ар риёзат оядат беихтиёр,

Сар бинеҳ, шукрона деҳ, эй комёр.

 

Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз “Маснавии маънавӣ”

 

Исоев Насимҷон  -  мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ 

Яндекс.Метрика