Ҷавонмардиву ростӣ пеша кун, Ҳама некӯӣ андар андеша кун!

❗Ҷавонмардиву ростӣ пеша кун,
Ҳама некӯӣ андар андеша кун!

❗Бибахшу бихӯр то тавонӣ дирам,
Ки ҷуз ин дигар ҷумла дардасту ғам!

❗Яқин дон, ки коре, ки дорад давом,
Баландӣ пазирад аз он кор ном!

❗Ту коре, ки дорӣ набурда ба сар,
Чаро даст ёзӣ ба кори дигар!

❗Ба ранҷ андар ори танатро равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост!

❗Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ!

❗Ҳамон ганҷу динору кохии баланд,
Нахоҳад будан мар туро судманд!

❗Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,
Суханро чунин хормоя мадор!

❗Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст!

❗Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред!

❗Ҳар он кас ки ронад сухан бар газоф,
Бувад бар сари анҷуман марди лоф!

❗Ба гоҳе, ки танҳо шавад дар нуҳуфт,
Пушаймон шавад з- он суханҳо, ки гуфт!
✍️Абулқосим Фирдавсӣ.

Яндекс.Метрика