Ҷавонон ва Пешвои миллат

Дар воқеъ, ҷавонон нерӯи бузург ва пешбарандаи фарҳангу тамаддуни ҷомеаи башарӣ буда, ҳамеша дар пешрафт ва рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ саҳми арзанда доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар омӯзиш ва истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо пайваста таъмин месозанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа эътимоди хосса дошта, аз замони нахуст ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ баҳри дуруст тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон ҳама гуна чораҳои заруриро андешида истодааст. Маҳз ба ҳамин хотир бо ташаббус ва ибтикори Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 июли соли 2004 Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд. Чуноне, ки дар моддаи 3 қонуни мазкур дарҷ гардидааст, мақсад аз қабули қонун ин мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад. 

Воқеан ҷавонони мо ҷавонони бисёр саодатманданд, зеро ҳама шароити мусоид баҳри дуруст тарбия ёфтан ва солим ба камол расидани насли ҷавон фароҳам оварда шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама неъматҳо дар натиҷаи талош ва заҳмату хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст. 

Имрӯз тамоми қаламрави кишвари азизамон дар меҳвари таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, корҳои ободонӣ бо маром идома ёфта истодаанд. Шумораи иншооти гуногун, аз қабили донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу мактабҳои таҳсилоти миёна, клубҳову майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, инчунин бунёди боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, баҳри истифода ва баҳрабардории ҷавонон қарор дода мешаванд. 

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар миқёси Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, дар рӯҳияи донишандӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ҷиҳати аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, омӯхтан ва истифода намудани техника ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ҳар гуна чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда мешаванд.

5 – уми феврали соли 2020, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба роҳ монда шуд. Мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, хосатан ҷавонон буда, сарпарасти он бевосита муҳтарам Ҷаноби Олӣ мебошанд. Инчунин, аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ стипендия президентӣ ва ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷудо карда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад. 

Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнвораҳо бо ибтикори Ҷаноби Олӣ чандин ҷавон аз оилаҳои камбизоату бепарастор хонадор карда шуда, бо манзилҳои истиқоматӣ ва тамоми ашёву лавозимоти рӯзгор таъмин мегарданд. 

Имрӯз саҳми ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас буда, иштирокшон дар тамоми чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ бараъло мушоҳида мешавад. Амният ва ҳимояи марзу буми кишвари азизамон бошад, маҳз аз иродаи қавӣ, ва ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ба ору номӯс будани ҷавонони саодатмандамон вобаста аст. Ҳанӯз аз замони тоза ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳои худ қайд карданд, ки “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ин гуфтаҳо чунин бардошт кардан мумкин аст, ки мо ҷавонон дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дошта, такягоҳи боэътимоди Ӯ ба ҳисоб меравем.

22 декабри соли 2016 дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳову дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам баъзе ҷавононе пайдо мешаванд, ки носипосӣ намуда, дониставу надониста ба ин ё он гурӯҳҳои ифротӣ пайваст мешаванд ва мехоҳанд амнияти кишварро халалдор созанд. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии шомил шудани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо корҳои ташвиқотиву тарғиботиро бештар ба роҳ монда, баҳри ҳифзи арзишҳои ноби милливу динӣ саҳмгузор бошем ва ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат расида, дар пайравиашон ба Модар — Ватани азизи худ хизмати содиқона карда, марзу буми онро ҳимоя намуда, дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ донем.

 

Хоҷаев КАМОЛИДДИН.

Яндекс.Метрика