Ҷанбаҳои тарбиявӣ дар мақолаи профессор Э.Насриддинзода

Мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода «Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО-и «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср» шомили аҳамияти бузурги  тарбиявӣ мебошад. Профессор ба фаъолияти ободкории Пешвои миллат бори дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, саҳми ӯро дар бунёди НБО-и Роғун бо далелҳои мушаххас бори дигар таъкид намуданд. 

Дар саргаҳи об ҷой гирифтани Тоҷикистон ба вай имкониятҳои зиёди захира ва истифодаи обро додааст. Воқеан ҳам об асоси зиндагӣ ва сарчашмаи ободии кишвар аст. Об ҳаст- ҳаёт ҳаст, об нест- ҳаёт низ нест. Аз ин нуқтаи назар кишвари Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки аз лиҳози дороии захираи оби тозаи нӯшиданӣ ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Ҳамин ҷанбаи афзалиятноки кишвар ҳам дар сиёсати созандагии Пешвои миллат ва ҳам дар мақолаи Э. Насриддинзода равшан инъикос ёфтаанд. 

  Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвари мо заҳмату талошҳои зиёд ба харҷ доданд, то ин ки мардуми шарифи Тоҷикистон  дар фазои сулҳу оромӣ зиста, фарҳангу тамаддуни миллатро ҳамчун як умумияти этникии созандаву бунёдкор муаррифӣ намояд. Мақолаи профессор Э. Насриддинзода танҳо як самти фаъолияти ободкориву созандагии Пешвои миллат – бунёди НБО-и Роғун ва аҳамияти байналмилалии онро  мавриди таҳлил қарор додааст. Профессор дуруст таъкид намудаанд, ки баъди пурра ба истифода дода шудани нерӯгоҳ нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад шуд.

Вақте дар хусуси нақши Пешвои миллат дар бунёди ин иншооти аср андеша меронем, бояд, пеш аз ҳама, он  талошу заҳматҳо ва муборизаҳои собитқадамона ва устувори Пешвои миллатро, ки барои гирифтани  иҷозаи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ сарф шуда буданд, пеши назар оварем. Дар воқеъ нерӯҳое низ буданд, ки бунёди нерӯгоҳро барои минтақа хатарнок муаррифӣ мекарданд. Аммо имрӯз комилан равшан гардид, ки нерӯгоҳ на танҳо бехатар аст, балки барои тамоми минтақа аз ҳама ҷиҳат муфид ва манфиатбахш мебошад. Професссор Э.Насриддинзода аҳамияти нерӯгоҳро ҳам барои кишвари Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа васеъ ва амиқ таҳлил намуда,15 ҷанбаи манфиатбахши нерӯгоҳро ба таври муътамад ва асоснок нишон доданд. Аз ҷумла, дар мақола дуруст таъкид гардидааст, ки нерӯгоҳи истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба кишварҳои ҳамсоя зарар намерасонад. Сониян, нерӯгоҳ имкони зиёд дорад, ки дар равшан намудани  хонадони на танҳо ҳар як тоҷикистонӣ, балки хонадони ҳар як сокини минтақа саҳмгузор бошад. Солисан, яке аз хидматҳои бемисли нерӯгоҳ аз он иборат мебошад, ки вай барои рушди саноат дар тамоми минтақа замина мегузорад. Албатта, ҷои баҳс нест, ки рушди саноат маънои тавлиди ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маводи ниёзи мардум ва ахиран, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардумро дорад.  Хулоса, 15 ҷанбаи муҳим ва фоиданоки  нерӯгоҳ, ки профессор Э. Насриддинзода дар мақолаи худ зикр намудаанд, пурра аҳамияти  минтақавӣ доранд.

Чуноне ки дар оғоз зикр гардид, мақолаи Э. Насриддинзода шомили аҳамаияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Аввалан, вай дар зеҳни аҳли ҷомеа тухми садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои хушбахтии аҳли ҷомеа ҷонбозиҳои зиёд намудаанд, парвариш менамояд.  Сониян, вай тамоми аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавонро ба созандагию ободкорӣ ҳидоят менамояд. Агар мо пайрави Пешвои миллат бошем, пас, мо бояд чун ӯ созандаву бунёдкор бошем. Солисан, вай дар зеҳни мардум ғояи ифтихор аз ватану ватандориро талқин менамояд. Ахиран, 15 ҷанбаи муфид ва фоидаовари НБО-и Роғун ба он далолат менамоянд, ки миллати тоҷик миллати инсондӯсту ҳамсояпарвар буда, сарвату дороӣ ва ҳатто хушбахтии худро бо ҳамсоягон баробар мебинад. Захира гардидани об дар обанбор имкон медиҳад, ки ҳамсоякишвар дар ҳолати хушксолӣ низ бо об таъмин гардад. Хулоса, мақолаи профессор Э. Насриддинзода Насриддинзода «Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО-и «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср» ба нури меҳру муҳаббати мардуми Тоҷикистон ба Пешвои худ нури дигаре зам менамояд. 

 

Абдухалилзода Кароматулло

Яндекс.Метрика