Ҷанбаҳои фалокатовари таълимоти «Ихвону-л-муслимин»

Зимни омӯзиши муқоисавии динҳои гузашта ва имрӯза, махсусан зимни таҳқиқи риояи талаботу муқаррароти динӣ аз тарафи диндорон равшан мегардад,  ки иҷрои талаботҳои динӣ дар зери таъсири равандҳои дунявӣ зарурат ва аҳамияти иҷтимоии худро барои худи диндорон хеле аз даст додаанд ва дода истодаанд. Албатта, хосияти зоҳирӣ, сатҳӣ, риёкорона, ғайрисидқӣ, фиребгаронаро касб намудани иҷрои фароизи динӣ аз тарафи иддае аз мусулмонон бо шумули ҳатто баъзе аз пешвоёни дин низ далеле тақозо наменамояд, зеро он хосиятҳоро бо чашми оддӣ  мушоҳида намудан душвор нест. Аммо чизе, ки дар ин самт хеле ташвишовар аст, иқрори худи пешвоёни Ихвонулмуслимин дар хусуси равандҳои мазкур  аст.

Ҳасани Бано дар рисолати конфронси панҷум зери унвони «Исломи Ихвонулмуслимин» андешаҳое иброз доштааст, ки бешак аз мавҷудияти ихтилоф дар фаҳмиши ислом, аз як тараф, ва ворид сохтани тафриқа, дар олами ислом аз тарафи дигар гувоҳӣ медиҳанд. Аввалан, худи ибораи «Исломи Ихвонулмуслимин» мантиқан маънои онро дорад, ки дар баробари исломи ихвониҳо боз исломи дигаре низ вуҷуд  дорад, ки ин амал худ ҷуз тафриқа чизи дигаре нест.  Ва вақте ӯ мегӯяд, ки ман дар зери ибораи мазкур «исломи наверо дар назар надорам, ки аз исломе, ки сайиди мо пайғамбар (с.) аз парвардигораш овардааст, фарқ дошта бошад»,  пас мантиқан исломи дигарон (на исломи ихвониҳо)  аз исломи пайғамбар фарқ дорад.  Сониян, Ҳасани Бано ибораи худро шарҳ дода менависад, ки бисёре аз мусулмонон дар тӯли  қарнҳои зиёд  сифатҳо ва расму русумеро аз пеши худ  аз ислом дур сохтанд ва чандирию сермаъногии онро ба таври зарарнок истифода бурданд. Пас, дар маънии ислом ихтилоф карданд. Ва барои ислом дар қалби фарзандонашон чандин шакл (навъ) нақш гузоштанд, ки баъзе ба исломи аввал наздик , баъзе дур ва баъзе мувофиқ аст. 

Аз ҷумлаи онҳо  ашхосе ҳастанд, ки   исломро ба ҷуз ибодати зоҳир дигар чизе намебинанд. Шахс чун ибодатро адо кард ё дид шахсеро, ки адо мекунад, ӯ бо ин мутмаин мегардад, қаноатманд мешавад ва ин маъно дар байни  оммаи мусулмонон васеъ интишор ёфтааст.

Аз одамон ашхосе ҳастанд, ки исломро танҳо хулқи арзанда ва маънавиёти комил, ва ғизои фалсафии барои ақлу руҳ зарурӣ ва тавассути онҳо дур будан аз нопокиҳои моддиёти туғёнкунандаю золимро мефаҳманд.   

Аз онҳо ашхосе ҳастанд, ки ба маъноҳои ҳаёти амалӣ  дар ислом рағбат дошта, ба дигар масоил  назар намеандозанд ва андешаҳои дигар  онҳоро ҷалб намесозанд. 

Аз онҳо ашхосе ҳастанд, ки исломро навъе аз ақоиди меросмонда  ва аъмоли тақлидӣ, ки онро сарвате нест ва бо он пешравие низ нахоҳад буд, мебинанд. Ин ашхос аз ислом ва ҳар он чи бо ислом алоқаманд аст, нороҳатӣ эҳсос мекунанд. Маънии мазкурро дар нафсҳои аксари онҳое,  ки фарҳанги аҷнабиро аз худ  намуданд ва огоҳии  хуб бо ҳақиқатҳои исломӣ наёфтанд, равшан мебинӣ. Онҳо дар бораи ислом аслан чизе намедонанд ё дар шакли таҳрифшуда медонанд.  

Агар ба таснифоти мазкури Ҳасани Бано аз мавқеи илми диншиносӣ назар андозем, мебинем, ки вай аз мавқеи падидашиносии динӣ диндории мардуми мусулмонро то андозае дуруст тасниф намудааст, агарчанде ки таснифи мазкур комил нест. Зеро худи ӯ зикр менамояд, ки зери ҳар қисм қисмҳои дигаре ҳастанд, ки нигоҳи онҳо аз ҳамдигар доир ба ислом кам ё беш фарқ менамояд ва каме аз одамон исломро дар шакли равшане, ки ҳамаи ин шаклҳоро фаро мегирад, дарк менамоянд. 

Албатта, хуб аст, ки доир ба муносибати динии мардуми мусулмон Ҳасани Бано як чунин таснифи сатҳие кардааст. Аслан амали мазкур вазифаи сотсиологҳои дин, равоншиносони дин ва падидашинони дин мебошад. Ҳамзамон дар робита ба таснифоти ӯ бояд таъкид намуд,  ки маҳрум будан аз ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ ба ӯ имкон надодааст дарк кунад, ки гуногунии афкору ақоид ва тасаввуротҳо ҳамчун ифодаи ғоявии ҳастии моддии гуногунранги одамон як амри ногузир ва ҳатмӣ буда, дар оянда бо пешрафти ҷомеа  ва муассир гардидани равандҳои дунявӣ амиқтару васеътар шудан мегирад. Мутаассифона, туғёни таассуби динӣ ва тафаккури ғайриилмии эътиқодӣ Ҳасани Баноро на танҳо аз фаҳмидани қонуниятҳои инкишофи ҷомеа, махсусан қонунияти ташаккули шахсият дар зери таъсири муҳити ҷамъиятӣ маҳрум сохтааст, балки дарки моҳияти ҳукми ояти зеринро аз сураи «Юнус» низ душвор гардондааст: «Ва агар Парвардигорат мехост, ҳамаи онон, ки дар заминанд, якҷо имон меоварданд. Оё ту мардумонро маҷбур мекунӣ, то мӯъмин шаванд?». Чӣ хеле ки таҳлили таълимоти ӯ нишон медиҳад, таассуби динию тафаккури эътиқодӣ дар мафкураи ӯ як ҳадафи хаёлӣ ва бепояро ҷойгир кардааст, ки ӯ бояд ҳатман одамонро зери як ғоя (агарчанде ғояи мазкур хато ва татбиқнашаванда бошад ҳам) ҷамъ оварад. 

Яке аз хусусиятҳои фалокатбори таълимоти Ҳасани Бано оятҳои Қуръонро муғризона нодуруст шарҳ додану ба таҳрифи маънои воқеии онҳо даст задан аст. Ӯ оятҳои  77-78-ро аз сураи «Ҳаҷ»  «шарҳ» дода истода менависад, ки  Қуръони карим мусулмононро  нигаҳбони башари нотавон  ва соҳибҳақ  барои роҳбарӣ ва ҳукмронӣ  аз болои дунё муқаррар  кардааст. Рисолати мо, - мегӯяд ӯ, - ҳукмронӣ аз болои дунё ва иршоди тамоми инсоният ба тартиботи исломӣ ва таълимоти он аст. Ин рисолат, ба қавли ӯ, аз ҳар як ояти Қуръон таҷалло меёбад, аз ҳар як ҳадис изҳор мегардад ва аз аъмоли мусулмонони аввал ошкор мегардад. Агар мусулмон ин рисолатро қабул кунад, пас ин далели имон ва исломи саҳеҳи ӯст. 

Дар робита ба ин суханони Ҳасани Бано таъкид менамоем, ки шахсе, ки аз маънии оятҳои Қуръон, аҳодиси пайғамбар ва таърихи ислом бохабар бошад, мефаҳмад, ки ин гуфтаҳои Ҳасани Бано сад дар сад дурӯғ мебошанд. Дар даврони Ҳасани Бано мусулмонон ба сабаби канорагирӣ аз улуми табиӣ тобеи олами Ғарб буданд ва баъд аз сад соли гуфтаҳои Ҳасани Бано дар ҳамон ҳол мондаанд. Дар байни на танҳо кишварҳои мусулмонони гуногунзабон, балки дар байни кишварҳои мусулмоннишини ҳамзабон тартиботи ягонаи исломӣ вуҷуд надорад, чӣ тавр мусулмонон метавонанд, ки рисолати ҳукмронӣ аз болои кишварҳои мутамаддин ва мутараққии имрӯзаро ба сомон расонанд. Гумон мекунам, ки чунин сухани фаҳш ва дур аз воқеиятро ягон инсон то ба имрӯз ба забон нарондааст, аммо ин суханони подарҳаво аз забони Ҳасани Бано садо додаанд ва мутаассифона, рӯи чопро низ диданд. Мушкили ҷомеаи мо дар он ифода меёбад, ки  шахсони аз моҳияти дину асли сиёсат бехабар эҳтимол фирефтаи чунин авомфиребон ва таҳрифкорони дин  гарданд. Бинобар ин, ҷавони тоҷикро зарур аст, ки  аз моҳияти иртиҷоӣ ва зиддиинсонии  таълимоти ташкилоти террористӣ-экстремистии ихвониҳо бохабар бошад. 

Набояд аз мадди назар дур гузошт, ки омӯзиши равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва динии қарни гузашта ва ибтидои қарни 21 аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳадафҳои ғайривоқеию моҳияти иртиҷоидоштаи ихвониҳо на танҳо дар олами ислом, балки ҳатто дар ватани худ – Миср низ комёб нагардид. Далели мазкур подарҳаво ва хаёлӣ будани идеологияи иртиҷоию зиддиинсонии ихвониҳоро ба таври барҷаста ба маъраз мегузорад. 

 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика