Ҷараёни Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ дар Ҳиндустон

Шурӯъ аз 19 ноябр дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ баргузор шуда истиодааст. Гурӯҳи Тоҷикистон дар он бо роҳбарии Аслиддин Эгамбердиев иштирок дорад.

Бино ба иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова, дар ҳошияи баргузории форум дар шаҳри Мумбай муовини сарвазири штати Махара́штра Анурҷ Тхакур бо иштирокчиён мулоқот доир намуд. Дар он намояндагони 4 давлат Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат варзида, роҷеъ ба муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҳадафмандии форуми мазкур ибрози назар карданд.

Онҳо инчунин таассуроти худро дар бораи Хиндустон баён намуданд. Меҳмонон гарму самимӣ истиқбол гирифта шуда, тарафҳо ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Ҳамзамон, иштирокчиён ба Осорхонаи миллии Ҳиндустон ташриф оварда, бо таърих, фарҳанг ва расму оини гузаштаву имрӯзаи мардуми ин минтақа шинос шуданд.

Форуми мазкур идома дошта, дар назар аст, ки меҳмонон инчунин аз мавзеъҳои таърихӣ, манзараҳои тамошобоби ин кишвар дидан намоянд.

Бознашр аз сомонаи :
https://vot.tj/tj/?p=17277

Яндекс.Метрика