Ҷашни Истиқлол муборак!

Бо эҳсоси наку ва шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи Ватани маҳбубамон аз номи сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ба вижа олимону муҳаққиқон ва рӯзноманигорону журналистонро ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯем.

Истиқлол чун рамзи саодат, шинохти асолати таърихии миллат ва пойдориву бақои давлат руҳияи бунёдкорона ва созандаи мардуми мо, неруи тоза бахшид.

Таманнои онро дорем, ки амнияту осоиштагӣ барқарор ва пояи давлатдории тоҷикон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат устувор бошаду нури хуршеди Истиқлол то абад равшангари ҳаёти ҷомеаи мо гардад.

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика