ҶОЙГОҲИ АХЛОҚ ДАР АНДЕШАҲОИ АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ

Абумансури Мотуридӣ дар баёни вазоиф ва фазилатҳои инсон, даст ба шеваву равише задаст, ки ба андешаи муҳаққиқ Шамолов Абдулвоҳид ба равиши баёни ҳадисҳои пайғамбари ислом шабоҳат дорад. Андешаҳои ахлоқии ӯ дар «Паднома», ки аксарияти донишмандон ба ӯ мансуб медонанд, гирдоварӣ шудаанд. Ӯ дар ин асар роҷеъ ба равишҳо ва қавонини ормонии рафтору кирдор, ҳаёти динӣ ва фаъолияти мусулмонон маълумот додааст, ки барои фаҳми аслии масъалаҳои ахлоқӣ маълумоти муфид ва мухтасар аст.
Мотуридӣ дар ин асар ба равиши пандноманависӣ рӯй оварда, онро барои омаи мардум, таълиф ва пешкаш кардааст, зеро маҳдудияти донишу фаҳмиши омма мутафаккирро маҷбур сохтааст, то бо равиши содатар моҳияти ахлоқ ва нақши онро дар ҷомеа матраҳ созад. Яъне, ӯ талош намудааст, то вазифаҳои иҷтимоӣ ва инсонии мусалмононро аз доираи маҳдуди қонунҳои ҳуқуқӣ берун бароварда, онҳоро бо қавонини ахлокӣ пайваст созад ва таҳти назорати низоми фазилатҳои ахлоқӣ қарор диҳад.
Ин равише, ки Мотуридӣ дар «Панднома» истифода кардааст, барои оммаи мардум пуртаъсир буд. Асоси ин равишро барномаи динӣ ва дунявӣ дар бар гирифтааст, ки мувофиқи он ҳатто хурдтарин фоидае, ки барои рушду такомули ҷомеаи инсонӣ ва муносиботи ҳасана барқарор намудани байни инсонҳо бошад, бояд истифода намуд. Мутафаккир барои ин ҳадаф аз ҳар сарчашмае, ҳатто аз манобеи ғайридинӣ низ кор гирифтааст, то ҳамроҳи худ оммаро ба сайри умқи воқеиёти таърихӣ барад ва аз тариқи онҳо аз як тараф зарурати ахлоқ барои ҷомеа ва пайвасти ногусастании таърихии наслҳоро баён, аз дигар тараф мавқеи инсони боахлоқро ҳамчун падидаи зарурии оромии ҷомеа нишон диҳад.
Ӯ дар «Панднома»-и худ сарравал ба таҳлили моҳияти нафси инсон аз мавқеи илми ахлоқ, ба муқобилгузории баъзе падидаҳои ахлоқӣ шурӯъ намуда, одамонро ба асли офаринишашон, ки тамоюли лаззатҳои нафсӣ онҳоро аз шоҳроҳи мақсуд дур андохта буд, даъват менамояд. Ба тариқи дигар гӯем, Мотуридӣ бо ин фикри худ мехост инсонҳо то андозае қодири нафси худ гарданд.
Он ҷое, ки масъалаи ахлоқ ба вуҷуд меояд, макони орзуву ормони инсонӣ мебошад ва он ҷое, ки ба ҷамъият иртибот мегирад, дар он макон масъулияти бузурге хоҳад буд. Ба тариқи дигар баён созем фазилати ахлоқ дар шарҳи Мотуридӣ ҳам меъёри шинохти қонун, ҳам орзӯву ормони инсонӣ ва ҳам масъулияти иҷтимоии ҳар фард мебошад. Ба андешаи ӯ бузургтарин шараф, фазилати илму дониш аст, чунки бе илм амал кардан аз назари Мотуридӣ хеле мушкил аст: «Илму амал……». Яъне, камол ва бузургию адолати шахс бар асоси дониш ва бинишу фазилати ӯ устувор хохад буд. Илм роҳбари инсон барои амал ва рафтор аст ва рафтори инсон аз илми ӯ илҳом мегирад ва илму амал по ба пойи ҳам пеш мераванд. Аз ин лиҳоз, инсоният бояд аз одобу оинҳои суннатӣ пайравӣ намояд ва аз асосҳову шинохтҳо дақиқан огоҳ гардад ва дар роҳи расидан ба мақсуди хеш ба онҳо паноҳ оварад, то хештанро шиносад ва ҳадафи офариниши худро дарк намояд. Хештаншиносӣ ӯро ба шинохти парвардигораш мебарад, ки Худо масъалаи пазириши ҳақ ва ҳамбастагӣ бо онро бар асосӣ тазаккур ва худёбӣ ва худоёбии инсон қарор дода, онҳоро бар пояи тарс аз хештан ва умед аз раҳматаш асос гузоштааст.
Мотуридӣ бе сабаб инсонҳоро ба илм даъват накардааст, чунки ӯ медонист, ки илму дониши иллати куллӣ ва умдаву асосии офариниши падидаҳои ҳастии олам аст ва тавассути он аз ягонагию яктоии Парвардигори олам, ки асосу бунёди ҳар дониш ва меҳвари ҳар гуна шинохту маърифат аст, иттилоъ пайдо хоҳад намуд. Ба ибораи дигар дониши асил тамоми аҳли башарро саранҷом ба Офаридагор раҳнамуд месозад, чунки дар ин олам пас аз неьмати эҷод волотаре аз илм вуҷуд надорад, аз ин сабаб Офаридагор инсонро ба он мумтоз намуд.
Чуноне, ки мебинем, тамоюли амалии ғояҳои Мотуридӣ ба пайдо кардани назарияи ахлоқии самарабахш равона гардидааст. Ҳамин ҳолат Мотуридиро маҷбур сохт ба ақоиди ормонхоҳонаи хеш оҳанги воқеъбинона бахшад ва онҳоро бо мисолҳои таърихӣ ҷамъбаст намояд. Он ҳолати ахлоқие, ки мутафаккир аҳли ҷомеаро роҳнамун месозад, ҳолати олии рӯҳӣ буда, инсонро водор месозад то ба корҳои хуб даст занад.
Тамоми андешаҳои Мотуридӣ дар атрофи як меҳвар давр мезанад, ки он беҳтар намудани ҷомеа ва аз тариқи камоли аъзои он бо роҳи ақлу имон аст. Оё имконоти тағйироти ҷомеа бо ин роҳ вуҷуд дошт? Мотуридӣ ба мавқеи фаъоли ҳастӣ такя намуда, воситаи амалӣ сохтани онро баён кардааст ва мақоми ақлу имонро ҳамчун воситаҳои олии ба роҳи дуруст ҳидоятдиҳандаи ҷомеа нишон додааст.
Ҷомеа ин худ ақли таҷассумёфта ва ифодагардида ягона воқеияте мебошад, ки аз моҳияти ақлӣ бархӯрдор будани табиати инсон дарак медиҳад. Ҳадафи инсон дар ҷомеа ба зудӣ муайян хоҳад шуд, чунки орзуву аъмоли ӯ нисбат ба он муносибат ва саодате, ки барои ҷомеаи худ мехоҳад муайян аст.
Дар умум, Абумансурӣ Мотуридӣ дар масъалаҳои ахлоқӣ бештар омӯзиши илм ва ҳамоҳангсозии ақлу имонро баррасӣ намуда, сарчашмаи фазилати дигари инсониро дар ҳамин мебинад. Зеро бидуни илм дарку фаҳми аъмоли шоиста аз ношоиста номумкин мегардад.
Рамазониён Аҳтам Бобосафар – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика