Сарчашмаҳои таърихию ҷуғрофии бузургони илму хиради форсу тоҷик ки бисёр аҳамияти бузург доранд хеле зиёданд вале дар миёни онҳо асари нотакрори Ҳудуд-ул-олам ҷойгоҳи махсусро касб кардааст, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ин асар номи пуррааш «Ҳудуд-ул-олам мина-л-Машриқ ила-л-Мағриб» аст, аз кушоиш (сарсухан) оғоз гардида, дар қисмати асосии он дар бораи ободониҳо ва вайрониҳои замин, дарёҳо, ҷазираҳо, куҳҳо, рудҳо, биёбонҳо-регзорҳо ва ноҳияҳои ҷаҳон сухан меравад ва бо охирсухан ба анҷом мерасад.
Ҳудуд-ул-олам китоби форсии ҷуғрофиё буда, ба солҳои 372-ҳиҷрӣ ва 982 мелодӣ тааллуқ дорад. Ин асар аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ҷуғрофии дунёст, ки аз ҷониби муаллифи номаълуме таълиф шуда, ва то замони имрӯз дар бораи мусаннифаш маълумоти дақиқе гуфта нашудааст. Соли 1892 шарқшинос, тарҷумони ҳарбӣ, генерал-майори артиши императори рус Александр Туманский нусхаи аввали онро аз Бухоро пайдо кардааст ва аввалин хабари он ҳам дар Русия, дар рӯзномаи «Окраина» нашр шудааст. Ховаршинос Александр Туманский донандаи хуби забонҳои арабӣ, туркӣ ва форсӣ буда солҳои 1891-1895 чун афсар дар Осиёи Марказӣ хизмат кардааст ва солҳои 1908-1909 бори дигар ба ин ҷо баргаштааст. Ин генерал мудати се сол асари Ҳудуд-ул-оламро омӯхтааст ва дар яке аз ҷаласаҳои бахши шарқии ҷамъияти бостоншиносони рус аз муҳтавои ин асар маълумоти аҷибе гуфтааст ва маърузаашро чоп низ кардааст.
Аммо Туманский марди низомӣ буд, фурсати инро наёфт ки асарро пура таҳия ва тарҷума кунад, ӯ соли 1920 дар сини 59-солагӣ вафот кард. Ҳамсараш ки дар Туркия сукунат мекард ва бо олим В.Ф.Минорский шиносоӣ дошт, бо дархости ӯ асарро ба Порс ирсол мекунад. Метавон гуфт ки Минорский дар ҳифзи ин асари гаронмоя хидмати бузург кардааст.
Владимир Минорский сокини Фаронса буд, ва вақте ҳамсари генерал ба ӯ хабар дод, ки китоб дар дасташ аст онро ба Фаронса фиристод, сипас В.Минорский дубора онро ба Санк – Петербург баргардонд.
Ҳудуд-ул-олам соли 2014 дар нашриёти «Бухоро» дар ҳаҷми 415-саҳифа ба теъдоди маҳдуди 300 нусха ба табъ расидааст. Ҳудуд-ул-олам дар радифи бузургтарин сарватҳои маънавии тоҷикон қарор дошта дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дорад. Он барои ҷуғрофияшиносон, таърихшиносон ва бостоншиносону забоншиносон мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.
Бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабуси маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ дастраси хонандагон гардидааст.
Дар ин асар дар бораи мулкҳои Ҳисор, Фархор, Леваканд, Искандаркул, рудҳои Аму ва Панҷ инчунин дигар мулкҳо маълумот оварда шудааст.
Тоҷикон дар қатори дигар ифтихорот бар он меболанд, ки дар тули зиёда аз ҳазор соли охир асарҳои арзишманде чун Ҳудуд-ул-олам боқӣ мондаанд. Дар ин асари машҳур дар бораи минтақаҳои ҷаҳон дар бобҳои алоҳида маълумот оварда шудааст. Масалан дар боби 23-юми китоб дар бораи сарзамини Хуросон маълумот оварда шудааст, ва баъд аз он дар бораи сарзаминҳои атрофи он. Инчунин дар боби 25-ум дар бораи Мовароуннаҳр ва атрофи ҳудуди он маълумот оварда шудааст. Хонанда аз ин китоби арзишманд, ки дар он бо тартиби муайян оиди минтақањо ва шањру кишварњои гуногун маълумот дода шудааст, метавонад дар бораи сарзаминҳои мавриди ниёз маълумот ба даст орад.
Муаллифи номаълуми ин асар бо як маҳорати баланди ҷуғрофиёшиносӣ ва таърихнигорӣ асареро омода намудааст, ки имрўз низ аз ҷониби доираи васеи муњаққиқони ватанию хориҷӣ ҳамчун сарчашмаи нодир мавриди истифода қарор дорад.
Санавбар Шарифова - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ