Ҷойгоҳи китоби “Тоҷикон” дар сарои муаззаами тамаддуни тоҷикон

Рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамоиши омӯзиши китоби Бобоҷон Ғаффуров “Тоҷикон” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш олимону донишмандон, кормандони дастгоҳи марказии Федератсия, кумитаҳои соҳавӣ ва васоити ахбори умум иштирок намуданд. Ҳамоишро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳамоишрро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба шоҳасари олими маъруфи тоҷик Бобоҷон Ғаффуров “Тоҷикон” сухан ронда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тақвияти маорифу фарҳанг, худшиносию худогоҳии миллӣ аҳамияти аввалдараҷа медиҳад.
Дар ҷараёни кори ҳамоиш Сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳ Муллоҷонов дар бораи ҷойгоҳи китоби “Тоҷикон” дар сарои муаззаами тамаддуни тоҷикон ва нақши он дар бедории мардуми тоҷик дар асри гузашта суханронӣ кард. Ҳамчунин дар хусуси ҷойгоҳи ин китоб дар огоҳӣ ва хештаншиносии тоҷикон дар шароити ҷаҳонишавӣ маъруза кард. Дар охир ба суолҳои ҳозирон посух дода шуд.

Яндекс.Метрика