ҶОЙГОҲИ МАЪЮБОН ДАР ИСЛОМ

Аслан дар ҷомеаи мо нисбати он нафароне, ки ягон нуқс ё иллат доранд, маъюб гуфта, мешавад, ки аз нуқтаи назари забоншиносӣ он қадар созгор нест, зеро маъюб вожаи арабӣ буда, нисбати шахсе, ки ягон айб дорад, гуфта мешавад, аммо иллат доштан айб нест, зеро ин иллат бо хости худи инсон ба вуқӯъ напайвастааст. Инчунин дар баъзе ҷойҳо нисбати ин тоифа шахсони дорои имконияташон маҳдуд гуфта мешавад. Ин мафҳум низ бо сабаб мавриди писанди банда нест. Аввал ин ки хело дароз аст ва дуюм ин ки дар ҷомеа имкониятҳои ин тоифа хело фарох аст. Аз ин рӯ, хуб мешуд мисли дигар ҳамзабононамон нисбати ин тоифа вожаи маълул, яъне иллатдорро истифода барем.  Аз он ҷо, ки ҷомеа вожаи маъюбро истифода мебарад, мо низ дар мақола аз вожаи маъюб истифода кардем.

 Дар аҳди бостон ду дидгоҳ дар мавриди маъюбон вуҷуд доштааст: як идда бар он андеша будаанд, ки шахсони дорои нуқсонҳои модарзодӣ дарди сари ҷомеа ва ғайри судманд ҳастанд. Ин тоифа далелҳои гуногун доштанд. Ва охирин намояндаи онҳо Гитлер буд, ки ба андешаи ӯ маъюбон хилқати ноқисро дар ҷомеа густариш медиҳанд, бояд тамоман аз байн бурда шаванд. Ин буд, ки ӯ 61 ҳазор маъюбро кушт ва нобуд кард. Иддаи дигар, аз ҷумла дини Ислом тарафдори ҳаёти маъюбон, ислоҳи зиндагии онон ва эҳтироми онон аст. 

Ҷойгоҳи маъюбон яке аз бахшҳои муҳими ҳуқуқи исломӣ ба шумор рафта, Қуръон, суннат ва дигар китобҳои фиқҳии исломӣ аз ҳуқуқи онҳо дифоъ мекунанд. Маъюбони зиёде дар ҷаҳони Ислом дурахшидаанд ва дар партави Ислом истеъдодҳои худро сайқал додаанд. Аз асри рисолат дар канори расули Худо (с) муҳаддисону қориёне буданд, ки бо вуҷуди ношунаво, нобино ва ё нотавонии ҷисмашон бо доштани истеъдод ва дониши қавиашон дастурот, тавсияҳо ва ҳадисҳои паёмбари Исломро ҷамъоварӣ намуда, ба наслҳои оянда интиқол додаанд. 

Бо такя ба оятҳои Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ мехоњем чанд нуктаеро дар бораи ҳуқуқ ва ҷойгоҳи маъюбон равшан созем. Қуръони карим маъюбонро бо солимон баробар дониста, дар оятҳои зиёд зикри онҳоро баён кардааст. Бояд зикр намуд, ки Қуръон дар баробари арзиш қоил шудан ба маъюбон, огоҳонидааст, ки ҳар касе агар ҷинояте содир кунад новобаста аз маъюбияташ ҷазо дода мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маъюбон бо солимон ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар доранд (албатта дар доираи имкониятҳояшон).

Илова бар ин, оятҳои Қуръони каримро дар мавриди маъюбон метавон ба чор қисм тақсим намуд. 

1. Мафҳуми маъюб. Дар масалҳо ва адабиёти мардумии арабу аҷам инсонҳои носипос, курнамак, хатокор ва нохубро нобино мегӯянд. Онҳое, ки воқеан ҷисман нобино ҳастанд, онҳоро маъюб хитоб намекунанд, балки онҳоро равшандил меҳисобанд. Дар Қуръони карим низ инсонҳои фоҷиру гунаҳгор ба нобино будан ва дигар иллатҳо ташбеҳ дода шудаанд:

“Оё дар замин сайр накардаанд, то онҳоро дилҳое бошад, ки бо он фаҳм кунанд ё гӯшҳое, ки бо он бишунаванд. Ҳар оина ҳол он аст, ки чашмҳо нобино намешаванд, валекин он дилҳое, ки дар синаҳоанд, нобино мешаванд” (Ҳаҷ, 46).

Чандин оят дар Қуръони карим ба ин маънист, ки касоне, ки барои ҳалли мушкилоти мардум талош ва ҳаракат намекунанд, дар воқеъ машлул (шал) ва маъюб ҳастанд. Аммо шахсе, ки як по надорад, нобино аст ё ягон нуқсон дар ҷисмаш дораду барои саодат ва беҳбудии мардум дар талошу ҳаракат аст, ин шахсро наметавон маъюб хонд, балки ў аз ҳама ҷиҳат бо дигарон баробар аст. 

Қуръон дар мавриди инсоҳое, ки дар ҷаҳаннам ҳастанд мефармояд: “Ва ба дурустӣ, ки бисёре аз ҷиниёну одамиёнро барои дузах биофаридем, онҳоро дилҳоест, ки бо он намефаҳманд ва онҳоро чашмҳоест, ки бо он намебинанд ва онҳоро гушҳоест, ки бо он намешунаванд. Онҳо монанди чаҳорпоён ҳастанд, балки онҳо гумроҳтаранд, онҳо бехабаронанд” (Аъроф 179).  Аз ин оят маълум мегардад, ки онҳое, ки чашму гӯш ва бадани солим доранд, аммо аз мартабаи инсоният суқут кардаанд, дар ғафлат мондаанд, воқеияти зиндагиро намефаҳманд ва ба роҳи иштибоҳ рафтаанд, Қуръон онҳоро нобино ва ношунаво, яъне маъюб хондааст. 

Дар ин қисмат, Қуръони карим инсонҳоеро, ки маъюби ҷисмиянд, маъюб намеҳисобад ва маъюби ҳақиқӣ намедонад. Қуръон маъюби воқеӣ онҳоеро меҳисобад, ки аз инсоният дур мондаанд, пайваста дар ҳоли озори мардуманд ва роҳи ҳақро намеписанданд.

2. Гурӯҳи дуюми оятҳо бар он далолат мекунанд, ки Қуръон байни инсонҳо ҳеҷ фарқияте нагузоштааст. Аз назари Қуръон тамоми инсонҳо баробаранд. Қуръон бартарии инсонҳоро танҳо дар тақво муайян кардааст: “Албатта гиромитарини Шумо назди Худо парҳезгортарини Шумост” (Ҳуҷурот, 13). Ин оят бар он гувоҳӣ медиҳад, ки инсонҳо аз нигоҳи зотӣ аз якдигар бартарӣ надоранд, балки бартарии онҳо бо тақвост. Аз ин рӯ, дар таълимотҳои исломӣ маъюб ва солим тафовут ва фарқияти зотӣ бо ҳам надоранд, зеро баъзе маъюбоне ҳастанд, ки бо ахлоқи некӯ, ҳунар ва дониши хуб аз баъзе солимон боманфиаттаранд.

3. Тибќи талаботи Қуръон маъюб ва солим масъулият доранд, то дар роҳи Худо талош кунанд ва барои саодати ҷомеаи худ бикӯшанд. Худованд дар каломаш мефармояд, ки ҳама мусулмонон бояд аз Худо ва паёмбари Ӯ итоат кунанд. Дар итоат маъюбӣ баҳона шуда наметавонад, ҳама дар назди Худо баробаранд: “Бар нобино гуноҳе нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест. Ва ҳар кӣ ба Худову паёмбараш итоат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунад, ки дар он наҳрҳо равон аст ва ҳар кӣ саркашӣ кунад, ба азобе дардовараш азоб мекунад” (Фатҳ, 17).

4. Таъмини амнияти равонӣ ва иҷтимоии маъюбонро низ каломи Раббонї зикр кардааст. Азияти моддию маънавии маъюбон дар Қуръон наҳй шудааст. Таҳқир, масхара кардан ва санг андохтан ба онон, ки мутаассифона имрӯзҳо баъзан дар ҷомеа дида мешавад, аз назари Қуръон бисёр амали зишт баён гардидааст: “Эй касоне, ки имон овардед, мабод, ки гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара кунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд...” (Ҳуҷурот, 11). Расули Худо (с) фармудаанд: “Худованд касонеро азоб мекунад, ки эшон дар дунё мардумро азоб дода буданд”. Оятҳо ва ҳадисҳо дар зикри ҳуқуқи маъюбон хеле зиёданд ва мақсади баёни онҳо ҳимоя аз ҳуқуқи маъюбон ва имтиёзи бештар додан ба онҳо буда, баробарҳуқуқии онҳоро бо солимон дар ҷомеа кафолат медиҳанд. Аз ҷумла, сурае, ки аз ҳуқуқи маъюбон ҳимоя мекунад, сураи “Абаса” аст, ки шомили мазмунҳои олии инсонгароӣ ва нукоти қобили таваҷҷӯҳ аст. Ба вижа, нуктаи муҳим ва асосии ин сура дар мавриди маъюбон дарҷ гаштааст. Аз мазмуни ин сура метавон низоми ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии маъюбонро шакл дод. Худованд дар ин сура ба шиддат аз маъюбон дифоъ кардааст ва хоҳони эҳтироми мардум ба онон шудааст. Бархе олимон ба хотири бо шиддат ҳимоя шудани маъюбон дар ин сура, онро “Аъмо (нобино)” номидаанд. Ин сура нобиноёнро равшандилон ҳисобида, таҳқири ононро гуноҳи азим меҳисобад. Муфассирон сабаби нузули ин сураро дар он шарҳ медиҳанд, ки вақте паёмбари Ислом бо сарони Қурайш баҳс мекарданд, дар ин ҳангом нобиное бо номи Абдуллоҳ ибни Мактум ба назди ӯ омад ва суоле кард. Дар ин ҳангом паёмбари Ислом нороҳат шуда, рӯй турш карданд. Ҳамин қадар лағшиши паёмбари Ислом дар мавриди маъюб боис шуд, ки Худованд ӯро дар ин сура мавриди итоб қарор дод. Худованд бо изҳори нороҳатӣ ва чеҳра баргардонидан аз нобино, паёмбарро мавриди итоб қарор дода, ин гуна амалро таҳқири нобиноён донистааст. Аз ин ҷост, ки Ислом кучактарин афъоле, ки зидди ҳуқуқи маъюбон бошад, намепазирад, чи расад ба манъи онҳо аз фаъолият дар ҷомеа ва поймол кардани ҳуқуқи онҳо. Ин ҷо овардани қиссае аз рӯзгори ҳазрати Аюб (а), ки Худованд ӯро дар Қуръон ба таври зебо ва ибратомӯз ёд кардааст, аз фоида холӣ нест. 

Ҳазрати Аюб (а) дар Қуръони карим чор маротиба дар чор сура зикр шудааст. Ӯ мушкилоти ҷисмӣ дошт ва ба қавли имрӯза маъюб буд. Қуръон маъюбияти ӯро ингуна ёд мекунад: “Ва Айюбро ёд кун, он гоҳ, ки парвардигорашро нидо кард: Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ” (Анбиё, 83). “Ва бандаи мо Айюбро ёд кун, он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо кард, ки маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст” (Сод, 41). 

Муфассирон вожаҳои зарр ва нусбро бемории душвортабобатшаванда ва ё маъюбият тарҷума кардаанд. Айюб (а) бо паёмбар буданаш маъюб буб, солҳои зиёде бо дардҳу азоб зиндагӣ мекард, аммо вокуниши ӯ сабр ва ибодат буд: “Мо ӯро бандаи собир ёфтем, Ӯ, ки ҳамеша рӯ ба даргоҳи мо дошт, чи некӯ бандае буд” (Сод, 44). Ба хотири истиқомат ва сабр, дуои Айюб (а) мустаҷоб шуд ва Худованд ба ӯ офият ва саломатӣ бахшид ва сарвати зиёде ба ӯ ато кард. 

Достони саргузашти Айюб (а) дар дини масеҳӣ ва яҳудӣ низ зикр шудааст. Дар адабиёти форсӣ низ масалҳое чун: “сабри Айюб, чашмаи Айюбӣ, шароби Айюбӣ” ва ғайраҳо вуҷуд дорад. Дар адабиёти мо Айюб (а) паёмбар образи дард ва сабру таҳаммулро ифода мекунад. Саргузшти ҳазрати Айюб (а) ин аст, ки ӯ бо талош ва сабр ба мушкилоти маъюбии худ ғолиб омад ва ба имкониятҳои бузурге даст ёфт.

 Тибқи таълимотҳои қуръонӣ маъюбият садди роҳи тараққии инсон шуда наметавонад.

Ин ҷо ҳадисҳои паёмбари Ислом дар бораи маъюбон маврид ба зикр аст. Паёмбари ислом низ онҳоеро, ки ҷисман маъюбанд, маъюб нахондааст: “Нобино касе нест, ки чашмаш нобиноӣ надошта бошад, балки нобинои воқеӣ касест, ки басират ва биниши ботинии худро аз даст додааст” (Канзу-л-аъмол, ҷ.1. саҳ. 243). Инчунин паёмбари Ислом дар мавриди кӯмак ба маъюбон чунин фармудаанд: “Ҳар кас нобиноеро то чиҳил қадам роҳнамоӣ кунад, ҳамаи гуноҳони гузаштаи ӯ омӯрзида мешавад” (Наҳҷу-л-фасоҳа, 2914).  

Нуқтаи дигарро бояд зикр кард, ки дар ҷомеаҳои пешрафта, хоссатан Аврупо маъюбон имтиёҳои бештар дошта, бе ягон маҳдудият дар љомеа фаъолият мекунанд. Аммо, дар ҷомеаи мо баъзеҳо бо маъюбон хело бархурди ғалат ва беодобона мекунанд, аз љумла:

1. Баъзеҳо (баъзан аксарият) маъюберо дида, ба ӯ дуру дароз нигоҳ мекунанд. 

2. Бо дидани маъюбе бо ишораи тавба гиребонҳои худро тоб медиҳанд. 

3. Аз шарм ё худхоҳӣ ё нороҳатӣ намехоҳанд, фарзанд ё ягон наздики маъюбашон дар ҷомеа бошад. 

4. Амалҳои шахсони ноқисулақлро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ љой мекунанд.  

Ба назари банда ин гуна рафтор нисбати маъюбон аз нигоҳи мантиқӣ ва ахлоқӣ як амали ношоиста буда, маъюбон ва наздикони онҳоро нороҳат месозад. Аз ин рў, хоҳиш менамоям, ки бо маъюбон ин гуна рафтор накунед! Паёмбари Ислом (с) ҳадисе ба ин маънӣ дорад, ки се тоифа инсонҳо агарчӣ кофир ҳам бошанд, дуояшон қабул мегардад: Падар, мусофир ва маъюб. Пас аз дуои бади эшон ҳазар бояд кард ва дуои неки онҳоро бояд гирифт. 

Ин амалҳо боиси ақибмондагӣ ва рӯҳафтодагии маъюбон мегардад. Пас ҷомеаро зарур аст, ки бо маъюбон муносибатҳои дуруст ба роҳ монда, муҳити онҳоро фарох созанд ва ҳамеша дар пайи инкишофу рушди эшон бошанд.

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар куру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.

Рамазониён Аҳтам Бобосафар – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика