Ҷуз аҳдшикан туро чи гўянд?

Аз ҳодисаҳои рўзҳои ахир, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадааст, тибқи маълумотҳо аён мегардад, ки роҳбарияти ҷумҳурии ҳамҷавори мо Қирғизистон на танҳо ба аҳдшикании ошкоро даст задаанд, балки вазъи аҳолии наздисарҳадиро мураккаб сохта, дар расонаҳои хабарӣмаълумотҳои бардурўғва туҳматангезро интишор карда, дар тухми нифоқкоштану кинаю адоват андохтан дар дили ду ҷамъият асос гардидаанд.
 
Имрўз, ки вазъи марз бо Қирғизистон бисёр ҳассос аст, барои исботи амалҳои сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва изҳороти бардурўғи роҳбарияти қирғиз кофист ба имзо расонидани протокол дар бораи танзими вазъ дар марзро баён кунем.
 
19-уми сентябри соли равон аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои амниятии ду кишвар Протокол "Дар бораи танзими вазъ дар марз" ба имзо расид.
 
Ҷониби Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки ҳалли мушкилот дар марз дар асоси эҳтироми тарафайн бо риояи меъёрҳои адолатхоҳва дўстиву бародарии ин ду кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт. Чун миллати тоҷик ва қирғиз тўли даҳсолаҳо равобити дўстона доранд, мутаассифона имрўз ҳадафҳои сиёсии баъзе аз роҳбарияти қирғиз дар ба миён омадани муноқишаҳои наздисарҳадӣ боис гардидаанд.
 
Таърих гувоҳаст, ки ҳаргиз шахси тамаъҷўву ҳарис ҷамъиятро идора карда натавонистааст ва наметавонад, зеро ў аз илму фан ва дарку фаҳм, ки эҷодкунандаи иродаи сиёсиву фарҳангист, фарсахҳо дур аст. Аз ин рў, миллати қирғизро каме тафаккур ва таҳлил лозим аст, ки аллакай коршиносон, таҳлилгарон, масъулин ва умуман ҷамъияти худи қирғиз инро дарк кардаанд. Ҷойи таассуф аст, ки садрнишинони кишвари ҳамҷавори мо Қирғизистон аз ашхоси тамаъҷўву худхоҳмаҳсуб мегарданд.
 
Нангиновар боз дар он аст, ки бар зидди ин роҳбарияти бевиҷдону касиф баъзе аз ҷамъияти қирғиз эътироз баён карда, истеъфои онҳоро талаб доранд. Ин ҷо мисрае аз ашъори Низомӣ ба ёд мерасад, ки ба сохтакорию мардумфиребии роҳбарияти қиғиз рабт гирифта, аҳдшикании ошкорои роҳбарияти онро инъикос мекунад.
 
Чун уҳдаи аҳд боз ҷўянд,
Ҷуз аҳдшикан туро чи гўянд?
 
Имрўз, таъмини амнияти кишвар ва дар фазои сулҳу субот зистани ҷомеаи тоҷик на танҳо вазифаи ниҳодҳои соҳавӣ, балки қарзи виҷдонии ҳар як фарди бонангу бономуси ватан мебошад. Мо миллати тоҷик ҳамеша ба таъкидоти ниёгони худ, чун "Пирўзӣ аз иттифоқхезад" такя карда, дар масири зиндагӣ чунин ибораҳоро шиори худ қарор дода, бар зидди амалҳои хунхору номатлуби ҳаргуна ҳарису касифи ҷангҷўй дастаҷамъона мубориза мебарем.
 
Одинаева Ш. 

Яндекс.Метрика