“Илм ва амният”

Китоби доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, Саймумин Ятимов дар бораи "Илм ва амниятро» - ро тайи чанд муддат мутолиа намудам ва хостам андешаи худро дар атрофи он баён намоям.
 
Китоби мазкур бо ҷаззобияти хос навишта шуда ва хонандаи нуктафаҳмро нисбат ба сарнавишти Ватану миллат бетараф нагузошта, ба ӯ дар бораи илм ва амният, ваҳдати миллӣ, якпорчагии меҳан, таъриху фарҳанги пурғановати мо, арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас сабақ медиҳад.
 
Навиштаҳои Саймумин Ятимов рисолати ҳар фарди соҳибхирадро барои рушди давлати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз бозгӯ мекунанд. Чунон ки дар пешгуфтори китоб омадааст: “Мақсад аз ташкили давлат – муҳимтарин ниҳоди сиёсии ҷомеа таъмини амнияти шахс ва худи ҷомеа аст. Амният мафҳуми системавӣ мебошад. Сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, илм, маориф, фарҳанг ва тамоми ҷузъиёти самтҳои ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Ба тарзи одӣ, сулҳ, субот, ваҳдат ва рушди устувори миллиро мадди назар дорад. Бешубҳа шуури ҷамъиятиро ҳастии ҷамъиятӣ муайян мекунад. Аммо хулосаи мазкур мафҳуми умумӣ аст. Қонунмандимҳоро нишон медиҳад. Расидагии шуур ба чунин воқеъият дар масири рост ба даст намеояд”.
 
Мавзӯи аслии китобро шинохти масъалаҳои таъмини амнияти давлат дар чаҳорчӯбаи илм, маърифат ва дарки манфиатҳои миллӣ ташкил мекунад. Барои хубтар ворид гаштан ба масъалаҳои матраҳгардида ва ҷамъбасти мантиқии онҳо ҳар қисмати китоб бо муқаддима ва хулосаҳои марбута оғоз ва анҷом ёфтаанд.
 
Китоби мазкур метавонад ҳамчун дастури муфиде барои таҳкими ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа хидмат намояд. Месазад, ки он чун китоби рӯимизии ҳар фарди ватандӯсти кишвар истифода шуда, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олии касбӣ мавриди омӯзиш қарор гирад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳар чи бештар рӯ ба мактабу маориф орем, зеро бе рушди ин соҳаи муҳим, бе тарбияи дурусти насли наврас наметавонем садди роҳи ҳуҷуму дасисаҳои идеологияҳои бегона ва ифротгаро гардем.
 
Ин рисола ба олимон, адибон, адабиётшиносон ва оммаи васеъи хонандагон, ки ба мас ъалаҳои раванди шаклгирии ҷаҳонбинии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода шудааст.
 
Абдуллоҳи Қодирӣ - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика