“РАВАНДИ ТАРҒИБИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ”

 

Санаи 10-уми марти соли 2023 бо ташаббуси Раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии тарбиявию сиёсӣ дар мавзуи “Раванди тарғиби ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ” баргузор гардид, ки дар кори он Котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар  назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳрамбеков иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабиниро сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ, дотсент А. Муллоҷонов ҳусни оғоз бахшида, маърузакунандаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва дар идома илова кард, ки имрӯз ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ, ва инчунин ҷараёни босуръати рушди техникаю технологияи навин қарор дорад. Бо пайдо шудани алоқаи кайҳонӣ имрӯз дар кураи Замин воситаи нави паҳн намудани иттилоот ба вуҷуд омадааст. Яке аз ин навъи иттилоотрасонӣ «шабакаҳои интернетӣ» ба шумор мераванд, ки аз воситаҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ мебошанд.

Сипас, Котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳрамбеков  дар мавзуи “Раванди тарғиби ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ” баромад намуда, иброз дошт, ки воситаи асосии тарғиби ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ин имкониятҳои нави технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ мебошад. Ифротгароии иттилоотӣ ва тарғиби он асосан тариқи Интернет сурат мегирад. 

- Бояд қайд намуд, ки ба фарқ аз амалҳои террористии ошкорои ифротгароии иттилоотӣ, ин шакли иттилоот ба таври ноаён сурат мегирад ва муайян кардани манбаи он дар аксар ҳолат номумкин мегардад. Бинобар ин, аксарияти ҷавонон, ки ба интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ алоқамандӣ доранд, бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ба доми ифротгароёни иттилоотӣ меафтанд. Мутаассифона, солҳои охир дар байни ҷавонон тарғиби ифротгароӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда истодааст, ки объекти асосии таъсиррасонии ифротгароён ҳам маҳз ин қишри ҷомеа маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, тарғиби ифротгароии иттилоотӣ тавассути идоракунии мағзи ҷавонон қисматеро фаро гирифта, хатари ҷиддии халалдор сохтани сулҳу суботи кишвар мегардад

Ҳамчунин, қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои ташкилоти љамъиятии «Нулевой интернет», ки соли 2016 тањқиқот анљом додааст, дар тамоми кишварҳои мусалмоннишин ҳамагӣ 41,3 фоизи аҳолӣ ба шаклњои гуногун таълим фаро гирифта шудаанд, дар ҳоле ки чунин нишондиҳанда дар кишварҳои насронӣ ба 93,7% баробар мебошад. Яъне, эҳтимолияти бузург вуҷуд дорад, ки 58%-и аҳолии кишварҳои мусалмонӣ, ки ба таълим фаро гирифта нашудаанд, фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ гарданд.

Дар анҷоми суханронӣ таъкид гардид, ки даврони донишҷўӣ аз ҳама лаҳзаи муҳим барои ҳар як фард ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, донишҷӯён бояд ба вазифаи асосии худ, яъне ба омўзиши донишҳои замонавӣ вобаста ба самти ихтисос машғул шаванд, чунки ҳамаи он донишҳои дар ин давра азхудгардида, оянда боиси зиндагии шоистаи онҳо мегардад. 

Дар ҷамъбасти чорабинӣ пурсишу посух сурат гирифта, ширкаткунандагон ба саволҳои хуб ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд. 

 

Котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳрамбеков  

 

 

 

Яндекс.Метрика