Аҳмадшоҳи МАСЪУД, Қаҳрамони миллии Афғонистон:
– Ман имрӯз роҳбари кишвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст, зери тиру туп, барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем.
Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Русия:
– Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар.
Кофи АННАН, собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид:
– Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад.
АНТОНИУ ГУТЕРРИШ, ДАБИРИ КУЛЛИ СММ:
– Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар, арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард ва ин иқдомро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор дод, ки шоистаи таҳсину қадрдонист.
Си Ҷин Пин, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой:
– Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.
Ҷорҷ БУШ, собиқ Президенти ИМА: – Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати на чандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд…
Кочерил Раман НАРАЯНАН, собиқ президенти Ҳндустон:
– Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард.
Шавкат МИРЗИЁЕВ, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон:
-Мо шуморо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замонамон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои асили мардуми бародари тоҷик мешиносем ва беандоза эҳтиром мекунем. Шумо ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обруву нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба уҳда доред.
Илҳом АЛИЕВ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон:
– Имрӯзҳо Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёдкории фарҳангӣ дилпурона қадам гузошта, ба диёри шукуфон табдил ёфтааст ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалат гардидааст.
Аскар АКАЕВ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон:
– Халқи тоҷик аз қадим намунаи халқҳои Осиёи Марказӣ бо фарҳанги воло ва илму адаби оламгир буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки фарзанди ҳақиқии ин халқи бузург аст, зеро бо овардани сулҳ вай номи мардуми тамаддунофарро дар арсаи ҷаҳон бори дигар машҳур кард.
Раҳмон НАБИЕВ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Баъд аз он ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрӯзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, боварам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд. Зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст.
Қаҳҳор МАҲКАМОВ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Бовар кунед, ман барои ба сиёсат баргаштан розигӣ намедодам, агар итминон намедоштам, ки тақдир ба мо Президенти оқил, бовиҷдон ва боистеъдодеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ато кардааст.
Чингиз АЙТМАТОВ, нависандаи номвари қиргиз:
-Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд.
Расул ҲАМЗАТОВ, шоири халқии Доғистон:
-Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад.
Муҳаммадҷон ШАКУРӢ, академик:
– Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд.
Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон: - Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи Сомониёи бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунин номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд.
Гирдоварандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ