Шаҳидони ҳомии Ватан ҳаргиз намиранд

Ҳар миллат фарзандони фарзонаашро, ки дар дар роҳи ҳифзу ҳимояи истиқлол ва озодӣ миллат ҷоннисорӣ мекунад ҳамеша дар ёд дорад. Шаҳидон роҳи озодӣ ва ҳомиёни Ватан ҳаргиз намемиранд, зеро ҳифзу ҳимояи Ватан нахуст фарзи динӣ ва сипас қарзи шаҳрвандӣ аст. Азбаски миллати тоҷик мусалмон асту ангезаи динӣ дар тинати ӯ қавист, набояд, ки шаҳидони марзро кушташудагон гуфт, зеро кушташудаҳо зиёданд, аммо шаҳид касест, ки дар майдони ҷанг, барои ҳифзи марзу бум ва дар роҳи хидмат ба Ватан ва мардумаш кушта мешавад. Инчунин ин унвон барои пайвандони эшон малҳамест, зеро онҳо тибқи андешаҳои динии худ медонанд, ки шаҳидон ҳаргиз намемиранд ва Худованд низ барои ин тоифа аҷру савоби аз ҳама бузург ваъда кардааст. Худованд ба шаҳидони марз дар ин даҳаи раҳмат ҷаннату-л-фирдавсро насиб гардонад.

 

Дар синаам дубора ғаме ҷон гирифтааст,

Имшаб дилам ба ёди шаҳидон гирифтааст.

То лаҳзаҳои пеш дилам гӯри сард буд,

Инак ба юмни ёди Шумо ҷон гирифтааст.

Ба наздикону пайвандони ин қаҳрамонҳои ҳомии Ватан ва миллат ҳамдардӣ баён намуда, барояшон сабри ҷамил хоҳонем!
Ҷоннисории шумо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд!
Рӯҳатон шод ва хонаи охирататон обод бод, эй шаҳидони ҳомии марзу буми Ватан!

Яндекс.Метрика